Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарзода: “Хабари ҷиноятҳои вазнинро нагуфтан беҳ”


Шариф Назарзода.
Шариф Назарзода.

Сардори Раёсати вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар Суғд гуфт, аз ин ба баъд “баъзе ҷиноятҳои вазнин”- ро тавассути расонаҳо барои ҷомеа ифшо нахоҳанд кард, зеро, ба бовари ӯ, натиҷаҳои "номатлуб" ба бор меорад.

Шариф Назарзода рӯзи 14-уми июл дар нишасти хабариаш гуфт, мақомоти пулис дар пайи “муроҷиати модарон ва фаъолон” тасмим гирифтанд, ки бархе факту рақамҳоро дар бораи ҷиноятҳои вазнин ба ҷомеа нагӯянд ва “ҷавононро ба ваҳшат наандозанд.”

"ДАР БОРАИ ҶИНОЯТҲОИ ВАЗНИН ЧИЗЕ НАМЕГӮЕМ"

Вай дар тавзеҳи ин амр афзуд, ки боре телевизионҳои маҳаллӣ дар бораи аз болои пул худро ба рӯди Сир андохтани як зан хабар доданд, чанд нафари дигар бо ҳамин роҳ қасди худкушӣ карданд. "Барои ҳамин гуфтем, ки дигар дар бораи баъзе ҷиноятҳои вазнин чизе намегӯем ва хабар пешниҳод намекунем”,гуфт Шариф Назарзода.

Аз болои пули Сирдарё чанд зан худро ба рӯдхона андохтааст
Аз болои пули Сирдарё чанд зан худро ба рӯдхона андохтааст

Зоҳиран манзури сардори пулиси Суғд аз истифодаи истилоҳи “баъзе ҷиноятҳои вазнин”, худкушӣ, кушторҳои ваҳшиёна, таҷовуз ба номус ва ҳамчунин гаравидани бархе сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротгаро аст, ки тайи солҳои охир муборизаи мақомот алайҳи онҳо сахттар шудааст.

Раиси идораи пулиси Суғд аз рӯзноманигорон даъват кард, ки ба ҷои нашри ин гуна хабарҳо, “тарзи ҳаёти солим, зебоии зиндагӣ ва дӯстдории он“-ро тарғиб кунанд, то мардум бештар ба зиндагӣ дилгарм шаванд.

Таъкиди мақоми аввали пулиси Суғд умдатан ба расонаҳои ғайридавлатӣ ва хусусӣ дахл дорад, ки гоҳе хабарҳои доғ, аз ҷумла дар бораи ҷиноятҳои вазнинро низ нашр мекунанд. Нашрияҳо ва радиову телевизионҳои давлатӣ, таври маъмул, саҳифаҳо ва соатҳои амвоҷи худро ба инъикоси дастовардҳову пешрафтҳои рӯзафзуни хоҷагиии халқи ҷомеа мебахшанд ва аз нуқсону камбудҳои ҷомеа чашм мепӯшанд.

МИЛИСА БА ХОНАИ ЗАНОНИ ҲИҶОБПӮШ МЕРАВАД?

Аз ин пеш чанд зани суғдӣ ба хабарнигори як телевизиони маҳаллӣ бо дархости инъикоси мушкили худ муроҷиат карда гуфтанд, ки кормандони пулис ба хонаҳои онҳо рафта пӯшидани ҳиҷобро манъ мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, кормандони милиса сабаби рӯсарӣ бастани онҳоро ҳам фаҳмиданӣ шуданд, ки ихтиёрист ё шавҳаронашон онҳоро барои ин амал маҷбур месозанд.

Ҷаноби Назарзода дар посух ба саволи ин хабарнигори маҳаллӣ, ки оё дар воқеъ кормандони милиса занони ҳиҷобпӯшро хона ба хона тафтиш мекунад, гуфт , ки ягон корманди мақомоти дохилии мард бо либоси милиса ба хонаи зани сатру ҳиҷобпӯш надаромадааст. "Ягон зан ё духтари тоҷикро низ бо ин мушкил ба шуъбаи корҳои дохилӣ наовардаанд. Марҳамат, агар ин гуна корҳо шуда бошанд, бигузор он занон муроҷиат кунанд”, афзуд ӯ.

Сардори Раёсати умури дохилии Суғд гуфт, ки мақомоти пулис дар ин маврид байни сокинон танҳо “корҳои фаҳмондадиҳӣ”-ро ба роҳ мондаанд, ки бегонапараст нашаванд ва либосҳои барои тоҷикон ғайрро дар бар накунанд. Ӯ таъкид кард, ки ин корҳо на бо роҳи маҷбурсозии занону духтарон ба даст кашидан аз ҳиҷоб, балки бо роҳи баргузор намудани сӯҳбату мулоқотҳо ва тарғибу ташвиқ барои пӯшидани либоси миллӣ ба воситаи расонаҳо пеш бурда мешавад.

Дар мавриди назди занони ҳиҷобпӯш рафтани кормандони пулис дар Хуҷанд қаблан бархе фаъолони ҳифзи ҳуқуқ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам хабар дода буданд. Вале гуфта мешуд, барои сӯҳбат бо занони ҳиҷобпӯши бозори "Панҷшанбе" на мардон, балки бонувони пулис рафтаанд.

XS
SM
MD
LG