Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қӯрғонтеппа чанд дискоклубро бастанд


Дискоклуби "Аспи сафед" дар шаҳри Қӯрғонтеппа.
Дискоклуби "Аспи сафед" дар шаҳри Қӯрғонтеппа.

Мақомоти шаҳри Қӯрғонтеппа ба дари чанд дискоклуб ва тарабхонаҳое, ки шабона кор мекарданд ва ҷои таҷаммӯи ҷавонписарон ва ҷавондухтарон буданд, муҳр заданд.

Дискоклуби "Аспи сафед" ва тарабхонаҳои "Махна", "Сабина", "Ориёно" ва "Рӯзу шаб" дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз як ҳафта ба ин тараф баста ҳастанд ва рӯзи 21-уми апрел мақомот ба дари онҳо муҳр заданд.

Дар як ҳуҷҷати расмӣ, ки дар ихтиёри Радиои Озодӣ низ гузошта шуд, гуфта мешавад, ки баъди ошкор шудани ҷиноятҳо, мисли дуздӣ, ҳуқуқвайронкунӣ, фурӯши маводҳои нашъадор, танфурӯшии занон ва манбаи дигари ҷиноякорӣ гаштани ин нуқтаҳо, зарурати бастан ва иваз кардани фаъолияти кории онҳо пеш омадааст.

Тибқи иттилои расмӣ, танҳо дар 3 моҳи соли ҷорӣ дар "марказҳои дилхушӣ ва мусиқии зинда"-и шаҳри Қӯрғонтеппа, 88 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ошкор шудааст ва тибқи таҳлилҳо, аксарияти ҷиноятҳои ахлоқӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои марбут ба ҳолатҳои шаҳвонӣ, аз ҳамин дискоклубҳо сар мезадааст.

Нуралӣ Раҷабзода, сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа имрӯз, 22-юми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт, ки "мо на ҳамаи ин дискоклубҳоро бастем. Мо дар давлати демократӣ зиндагӣ мекунем, на дар исломӣ. Танҳо он дискоклубҳое баста мешавад, ки дар онҳо ҳолатҳои қонуншиканӣ ошкор шудааст. Албата, ин қонуншиканиҳо бениҳоят зиёданд ва мо пешниҳод кардем, ки онҳоро банданд. Бастанашон дар ваколати ҳукумат аст."

Бо баста шудани дарҳои дискоклубу тарабхонаҳое, ки ҳамзамон онҷо ҷавонон дилхушию рақс мекарданд, соҳибони он чандин нафар кормандонашонро ба рухсатӣ фиристодаанд. Онҳо ҳоло мунтазир ҳастанд, ки бо оғози дубораи фаъолият, кормандонашонро дубора ба кор даъват кунанд.

Манучеҳр, роҳбари яке аз ин гуна марказҳои тафреҳӣ дар Қӯрғонтеппа, ки аз зикри маркази "дилхушияш" худдорӣ кард, гуфт, ки ахиран мақомот дари дискоклуби онро муҳр заданд, вале сабабашро нагуфтанд: "Сабабашро худамон нафаҳмидем, гуфтанд, ки фармони вазир ҳаст, панҷ нафар кормандонамонро озод кардем, бачаҳо танҳо рақс мекардану сурудхонӣ мешуд, боз гуфтанд, ки ҳуҷҷатҳоро тартиб диҳед. Мӯҳр заданд, ҳоло маълум нест, ки чӣ мешавад."

Тоҷиддин Аминов, муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мӯҳр задани тарабхонаҳо дар шаҳр ба хотири ҷавобгӯ набудан ба талабот ҳаст ва дар сурати ислоҳ шудан, дари онҳо дигарбора боз мешавад: "Худи ман иштирок кардам, бо амри шаҳрдорӣ гашта онҳоро дидем, ки ба ҷавобгӯ набудани талаботи имрӯза, муваққатан фаъолияти онҳоро манъ кардем, дар сурати танзим, корро оғоз мекунанд."

Агарчи мақомоти пулис барои бастани ин тарабхонаҳо далелҳои зиёде доранд ва расман пешниҳод кардааст, ки дискоклубҳо фавран бояд баста шавад ва самти фаъолияташон дигар шавад, вале аз ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа танҳо муваққатан бастани онҳоро тасдиқ карданд, аммо иваз шудани самти кории онҳоро шарҳ надоданд.

Коршиносон мегӯяд, ки бастани дискоклубҳо, ки онҷо аслан макони таҷаммӯи ҷавонони бекор аст, ба манфиат нест. Ба гуфтаи коршиносон, дар ҳоле, ки омори пайвастани ҷавонон ба ҳизбу гурӯҳҳои бегона нигаронкунанда гуфта мешавад, бо бастани дискоклубҳо, ҷойи дилхушӣ ва тафреҳ барои ҷавонон намемонад ва ин роҳи онҳоро ба ҷиноят ва пайвастан ба гурӯҳу ҳизбҳои мамнӯъ, наздик мекунад.

Сӯҳроби Сафариён, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, ки манъи тафреҳи ҷавонон, ки аксаран бекор ҳастанд, сабаби афзоиши ҷинояткорӣ дар миёни онҳо мешавад. Ҷаноби Сафариён пешниҳод дорад, ки "хуб мешуд, ки онҳо озод мебуданд, маконҳои махсус барои тафреҳ медоштанд. Фикр мекунам, ки дар сурати ронда шудан аз дикоклубҳо, онҳо, ки бекор ҳастанд, ба ҷиноят даст мезананд."

Тибқи иттилои расмӣ, дар минтақаи Қӯрғонтеппа ҳудуди 20 дискоклуб фаъолият мекунад. Дар авохири соли 2015 ҳудуди 10 ҷиноят дар ҳамин гуна нуқтаҳо сабт шуда буд. Аз ҷумла, дар натиҷаи ҷанги гурӯҳии ҷавонон дар тарабхонаи "Сайёд", як нафар ба ҳалокат расид.

Инчунин ҳукумати шаҳри Сарбанд ҳолати таҷовуз шудани як зан ба вақти шаб аз ҷониби ҳудуди 10 ҷавони маст, ки аз дискоклуби "Сайёд" берун шуданд, ошкор кард. Ин ҷавонон бо ҳукми додгоҳ ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шуданд.

Қарахон Чилазода, шаҳрдори Сарбанд низ баъди боздошти ҷавонон пешниҳоди бастани дискоклуби "Сайёд"-ро дар як нишасти хабарияш матраҳ кард ва гуфт, ки як омили ба ҷиноят кашидани ҷавонону наврасон, ҳамин гуна тафреҳгоҳҳо мебошад.

XS
SM
MD
LG