Пайвандҳои дастрасӣ

Кам андар ками занон дар Тоҷикистон барои ҳамлаи ҷинсӣ ба додгоҳ шикоят мекунанд.

Заррина М., ки танҳо се моҳ имкон дошт дар як идора ба ҳайси муҳосиб кор кунад, маҷбур шуд, дубора ба сафи бекорон шомил шавад. Ҳоло ӯ ба пурсупосҳои зиёди шавҳар ва модаршӯяш танҳо мегӯяд, ки вазифааш дар он идора ихтисор шудааст ва ӯ бояд дунболи кори нав бошад. Вале дар асл таъқибу азиятҳои раҳбари корхонааш, ки ба ӯ пайваста пешниҳодҳои маҳрамона мекард, Зарринаро ба тарки вазифа маҷбур кардааст. Заррина мегӯяд, агар дар оғоз раҳбар танҳо ба қавле “ишораву гаппартоӣ” мекард, дар охир ба амал гузашт ва рӯзе бо баҳонаи тафтиши санадҳо ӯро ба утоқи корӣ даъват кард. Раҳбар қасди дастдарозӣ дошт, вале ба муқовимати Заррина рӯ ба рӯ шуд.

“Ман ба ту дар пешравии кор мадад мекунам”, ваъда додааст раҳбар. Заррина мегӯяд, ки аз ҳаракатҳои мард худро чунон таҳқиршудаву заъиф эҳсос кард, ки бо гузашти як сол аз ин ҳодиса, ҳоло ҳам худро шарманда ва олудаву ифлос, эҳсос мекунад.

ҲАМЛАИ ШАҲВОНӢ БЕҶАЗОСТ?

Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои маҷбур кардани шахс ба ҳаракатҳои шаҳвонӣ, аз ҷумла барои алоқаи ҷинсии маҷбурӣ муҷозот пешбинӣ мекунад. Моддаи 140 мегӯяд, ки барои маҷбур кардани шахс ба иҷрои амали шаҳвонӣ аз роҳи шантаж ё таҳдиди нобудсозии молу мулк “бо истифода аз тобеияти хизматӣ ё дигар шакли вобастагии ҷабрдида” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз ҷарима (ба андозаи панҷсад маоши ҳадди аққал) то ду соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Вале тавре таҷриба нишон медиҳад, дар додгоҳҳои Тоҷикистон ингуна парвандаҳо кам андар кам баррасӣ мешаванд. Нахустин ҳодисаи баррасии рафтори ғайриахлоқии раҳбаре нисбати як зертобеаш дар додгоҳ тирамоҳи соли 2011 ба қайд гирифта шуд.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе қазияеро баррасӣ кард, ки дар он раҳбари корхонае дар дастдарозӣ нисбати зертобеаш муттаҳам мешуд, вале ба назар мерасад, собит кардани ин ҳодиса ба андозае мушкил буд, ки ин мард бемуҷозот монд. Равоншинос Нафиса Муродова мегӯяд, собит кардани ин ҷиноятҳо як кори сахт аст ва аз ин хотир муҷозот кардани муттаҳам ҳам кори осон нест: "Майлу хоҳишҳои шаҳвоние, ки исбот кардани онҳо хеле душвор аст, яъне амалиёти гуногун нисбати ҷабрдидагон мебошанд, ки аксар вақт дар шакли калимаву ҳаракат ва расишҳо ифода мешаванд.

"САРИ КАФИДА ЗЕРИ РӮЙМОЛ?"

Ҳамлаи ҷинсӣ яке аз шадидтарин гуноҳҳо дар қонунҳои кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, бахусус Амрикову Аврупо ба шумор меравад. Масалан, дар корхонаи амрикоӣ марди муттаҳам ба бадрафториву ҳаракатҳои номақбули ҷинсӣ аз кор берун шуда, парвандааш метавонад то додгоҳ бирасад.Вале дар кишварҳои
​ суннатии мисли Тоҷикистон, ки ҳанӯз на ҳар шаҳрванд ба риояи ҳаққу ҳуқуқи худ одат кардааст, чунин ҳодисаҳо аксаран бемуҷозот мемонанд. Озори ҷинсиро маъмулан бо ваъдаи пешрафти корӣ, ба даст овардани суд ё маблағ, вазифа ва имтиёзҳои дигар раво мебинанд.

Дар Тоҷикистон кам нестанд занҳое, ки бо чунин пешниҳод рӯбарӯ шудаанд. Ба қавли фаъолони ҳуқуқи зан дар Тоҷикистон, бо сангинтар шудани шароити зиндагӣ, танҳову дастнигар шудани занҳо ва беҳимоят мондани онҳо, чунин ҳодисаҳо ҳам зиёд ба гӯш мерасанд. Айни замон, ҳеҷ созмоне омода нест, ки омори дақиқе дар ин бора пешниҳод кунад, чун худи масъала то ҳанӯз ба таври ҳамаҷониба омӯхта нашудааст. Ин мавзӯъ ҳам аз матолибест, ки арзёбии он табу аст, ҳарчанд вуҷуди онро касе рад карда наметавонад. Маъмулан, ингуна ҳодисаҳоро ҷабрдидаҳо ба хотири ҳифзи ному шарафи худ ба таври махфӣ бо дӯстони наздикашон матраҳ мекунанд.

Ҳуриниссо Ализода, сардабири маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” аз рӯи шикоятҳои зиёди ҳамсӯҳбатонаш медонад, ки дар бисёр ҳолатҳо ба зан на чун мутахассис ё коргар, чун “як объекти зебоӣ ё секс” назар мекунанд. Вай мегӯяд, масъала ин аст, ки собит кардани ингуна ҷиноятҳо хеле сахт аст ва пешниҳоди далел ба шакли сабти пинҳонии садову видео дар додгоҳ қабул намешавад: "Масалан, зан медонад, ки муваффақ намешавад, хандахариш мешавад, масхара мешавад, баръакс бадном мешавад, аз ҳамин лиҳоз ин ҳама пинҳон мемонад. Албатта, агар як нафар иқдоми аввалинро гузорад ва тавонад, ки ин шикоятро то охир бубарад ва дастболо шавад, шояд дигарҳо баъд ҷуръат кунанд, - гуфт ӯ.

ШИКОЯТ НЕСТ, МАСЪАЛА ҲАМ НЕСТ

Вакили маҷлис Саодат Амиршоева, ки солҳои шӯравӣ ба ҳайси судя кор карда, ҳоло дар Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофеа ва амнияти Маҷлиси намояндагон кор мекунад, мегӯяд, дар тамоми таҷрибаи кориаш ёд надорад, ки шаҳрвандон бо шикояти озори ҷинсӣ додхоҳӣ карда бошанд. Вай гуфт, “агар чунин ҳодиса бо духтараке рӯй диҳад, фардо ӯро касе ба занӣ намегирад. Ингуна ҳодисаҳо аз мадди назари ҷомеа дур мемонанд”. Вай мегӯяд, агар дар Тоҷикистон духтаре мисли як ҳамтои аврупоиаш хост аз болои азияткунандаи худ шикоят кунад, “бештар таъқиб ва танқид мешавад”. Ҳуқуқшинос мутмаин аст, ки барои мубориза бо ин масъала бояд маърифати ҳуқуқии мардум баланд бардошта шавад.

Гулнора Амиршоева, рӯзноманигор

Гулнора Амиршоева, рӯзноманигор

Айни ҳол, бархе мегӯянд, ки солҳои охир тавсеаи ақоиди исломӣ дар ҷомеа ба ин масъала ҳам таъсир гузошта, ахлоқи мардумро то андозае таҳрир кардааст. “Агар солҳои пеш ингуна ҳодисаҳо хеле зиёд буданд, ҳоло бисёриҳо худро идора мекунанд”, мегӯяд Гулнора Амиршоева, сардабири нашрияи “Вечерка”. Илова ба ин, мегӯяд вай, дар баъзе ҳолатҳо худи занҳо мардонро водор мекунанд, ки барояшон пешниҳодҳои ғайриахлоқӣ кунанд: "Дағал шавад ҳам мегӯям, ки гоҳо худи занҳо, ки аз бетаваҷҷӯҳӣ азият мешаванд, мардонро таҳрик медиҳанд. Занҳои танҳо бисёр ҳастанд, - гуфт вай.

НАТИҶА

Ба ҳар сурат, пешниҳодҳои номатлуби ҷинсӣ ва таъқибу фишорҳои шаҳвонӣ, ба қавли равоншиносони ғарбӣ, дар рӯҳу равони қурбонӣ метавонанд пайомадҳои хеле ҷиддӣ дошта бошанд. Ба навиштаи муҳаққиқони амрикоӣ, фишори равонӣ, бадшавии саломатӣ, коҳиши сифати кор, эҳсоси ҳамешагии тарс аз таҳдиду ҳамла, ҳақириву нотавонӣ, беэътимодӣ ба атрофиён ва нисбати худ, кӯшиши фирор аз муҳити ошнову кору хона аз пайомадҳои номақбули ин падида ба шумор меравад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG