Пайвандҳои дастрасӣ

Бо баҳонаи "ҳимоят аз русзабонҳо" боз дари киро хоҳанд кӯфт?


Раисҷумҳури Русия Владимир Путин қавл додааст, ки ҳуқуқи русзабонҳоро дар тамоми ҷаҳон ҳимоят мекунад. Ин ба маъноест, ки доктринаи Путин миллионҳо намояндаи қавми рус, махсусан дар кишварҳои собиқ Шӯравиро фаро мегирад.

Моҳи гузашта Дмитрий Песков, сухангӯи Путин аз тариқи телевизион гуфт, Русия кишварест, ки ҷаҳони русзабон ба он такя мекунад ва... Путин кафили аслии амнияти русҳо дар тамоми ҷаҳон аст. Равандҳое ки дар тӯли садсолаи ахир дар империяи Русия ва Иттиҳоди Шӯравӣ ҷараён дошт, миллионҳо русҳои этникӣ ва русзабонҳоро берун аз қаламрави Федератсия Русия гузошт.

Аксари онҳо – аз Приднестровйеи Молдова то шарқи Украина ва сарзаминҳои дигар ба доктринаи Путин бо дархости “биёву аз мо ҳимоят кун” вокуниш карданд. Ҷудоихоҳони рус ҳатто дар тоқи бинои ҳукумати маҳаллӣ дар Донетски Украина навиштанд, “Русия! Моро аз ғуломӣ наҷот деҳ!”

“Новороссия”-и Украина

Мавқеъи нави Кремл баъди тасарруфи Қрим ва баъзе манотиқи дигар Украина рӯшантар шуд. То ҳадде ки миллатгароёне мисли Александр Дугин ин қаламравро бо исми таърихии он “Новороссия” ном мебаранд. Новороссия чанд минтақаи ҷануби Русия, аз ҷумла Ростов, Ставропол ва водии Краснодарро дар бар мегирад. Ин қаламравҳо дар тӯли асри 18 ва авоили асри 19 дар натиҷаи пирӯзиҳо дар ҷанг бар зидди хонигариҳои Қрим ва салтанати туркони усмонӣ ба дасти Русия гузаштанд.

Сар аз замони ҳукмронии Екатеринаи бузург заминҳои ҳосилхези ин қаламравҳо ба ашрофзодаҳои рус тақдим шуданд ва мардуми маҳаллӣ ғуломи аврупоиҳо пешниҳод мекард, ки ба ин сарзаминҳо кӯч бубанданд, аммо сиёсати аслӣ “руснишин” кардани ин минтақаҳо буд. Ҳоло дар қаламравҳои украинии “Новороссия” беш аз 5 миллион русҳои этникӣ ба сар мебаранд. Дар натиҷаи ҳамин сиёсат ва албатта, депортатсияи тоторҳои Қрим дар соли 1944, ҳоло аксари аҳолии Қримро русҳо ташкил медиҳанд. Аз он замон то ҳол теъдоди аҳолии тотори Қрим танҳо акнун ба замони пеш аз баадарғаи ин миллат наздик мешавад.

Депортатсияҳои саросарӣ дар Молдова

Дар марзи таърихии Новороссия бо Преднестровйеи Молдова феълан 150 ҳазор дорандаи шиносномаи Русия зиндагӣ мекунанд. Ин минтақа бо пойтахти он Тираспол дар соли 1790 ба империяи Русия шомил шуд. Хишти аввали Тираспол, ин қалъаи наздимарзиро худи генерал Александр Суворов гузоштааст. Раванди ҳамоиши Преднестровйе ба Русия низ асосан бо роҳи руснишин кардан (русификатсия) ва овардани бардаҳо аз манотиқи дигари Русия ҷараён гирифт. Ин минтақа баъди Инқилоби Октябр ба ҳайъати Ҷумҳурии Шӯравии Молдова шомил гардид.

Дар соли 1944 бахши назарраси аҳолии он, асосан онҳое ки пулу сарвате доштанд, бо иттиҳоми ҳамкорӣ ба фашистҳо аз сарзамини худ ба Сибир ва Осиёи Марказӣ бадарға шуданд. Бузургтарин депортацияи дар ин минтақа шаби 6-ум ба 7-уми июли соли 1949 дар амалиёте бо номи «Ҷануб» анҷом шуд.

Бо суқути Шӯравӣ Молдова давлати мустақил шуд ва миллатгароҳои тундрав масъалаи аз кишвар берун кардани ақалиятҳои миллӣ - русҳо, украиниҳо ва гагаузҳоро матраҳ карданд. Соли 1990 минтақаи Преднестровйе худро мустақил эълон кард. Ҷангҳои шадид дар соли 1992 дар онҷо бо эълони оташбас анҷом ёфтанд, ки то ҳол амал мекунад. Баъди тасарруфи Қрими Украина аз тарафи Русия ҳокимҳои Преднестровйе низ аз хоҳиши худ барои пайвастан бо Русия дарак доданд.

Поккориҳои қавмӣ дар Прибалтика

Дар се кишвари посшӯравии соҳили Балтик ҳам каме бештар аз 1 миллион русҳои этникӣ зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо баъди шомил шудани Прибалтика ба СССР дар ин ҷо сокин шуданд. Се давлати Прибалтика соли 1939, ба думболи имзои созишномаи махфии Молотов - Риббентроп таҳти нуфузи Русия афтиданд. Соли 1941 нахустин бадарғаҳои саросарии аҳолии бумӣ оғоз шуд. Ба сурати умум дар замони Шӯравӣ ҳудуди 200 ҳазор эстонӣ, латиш ва литвониҳо аз ҳаққи зиндагӣ дар сарзамини худ маҳрум шуданд. Ҳоло русҳо 24 дарсади аҳолии Эстония ва 27 дарсади аҳолии Латвияро ташкил медиҳанд.

Русҳо дар Осиёи Марказӣ

Теъдоди русҳо дар қаламрави давлатҳои Осиёи Марказӣ хеле назаррас аст, махсусан дар Қазоқистон, ки се миллион рус дорад. Аксари онҳо дар шимол ва шарқи ин кишвар ба сар мебаранд. Ҳузури русҳо дар Қазоқистон аз асри 16 реша мегирад. Аксари шаҳрҳои бузурги Қазоқистон, аз ҷумла Алма-Ато ва Остона нақши дижҳои марзии Русияро иҷро мекарданд. Дар охири асри 19 ва оғози асри 20 империяи Русия манотиқи ҳосилхези Қазоқистони имрӯзаро бо русҳо пур кард. То соли 1917 сӣ дар сади аҳолии ин сарзамин онро буданд.

Раванди “русификатсия” ё руснишин кардани минтақа дар тӯли даврони Шӯравӣ ҳам идома ёфт. Умадатарин кӯчи русҳо ба Қазоқистон дар чорчӯби барномаи “аз худ кардани заминҳои ҳосилхез” сурат гирифт. Мавҷи дуввуми кӯчи русҳо ба Қазоқистон дар солҳои 1960- 1970 –ум, дар ҳоле оғоз ёфт, ки пажӯҳишҳо захираҳои фаровони нафту газро дар инҷо ошкор карданд.

Номаи русзабонҳои Хатлон бо ҳимоят аз Путин

Номаи русзабонҳои Хатлон бо ҳимоят аз Путин

Русҳо дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар солҳои 1960-ум 13 дарсади аҳолиро ташкил медоданд. Онҳо асосан дар шаҳрҳои бузурги саноатӣ ва ё макони иншоотҳои муҳими кишвар хонаву ҷойи кор доштанд. Мавҷи аввали хуруҷи саросарии русҳо дар солҳои 1990 баъди оғози нооромиҳо шурӯъ шуда, дар ду- се соли минбаъда, ки ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт, ба авҷаш расид. Ҳоло теъдоди русҳо дар ин кишвари Осиёи Марказӣ каме бештар аз 50 ҳазор номбар мешавад. Ба ғайр аз ин Русия ҳудуди 7 ҳазор низомии худро дар хоки Тоҷикистон мустақар кардааст, ки ба теъдоди умумии русҳо дар Тоҷикистон шомил нестанд.

Созмони русзабонҳои вилояти Хатлон дар оғози моҳи апрел бо нашрия як муроҷиатнома ба Владимир Путин изҳор дошт, ки русзабонҳои ҷануби Тоҷикистон аз сиёсати раисиҷумҳури кунунии Русия, аз ҷумла аз пуштибонии ӯ аз русзабонҳои Украина ҳимоят мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG