Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Керрӣ: Дар шарқи Украина агентҳои Русия амал мекунанд (4 ВИДЕО)


Бархӯрди пулис бо тарафдорони Русия дар Харков

Бархӯрди пулис бо тарафдорони Русия дар Харков

Амрико мегӯяд, агентҳои Русия ба хотири эҷоди "беназмӣ" ба шарқи Украина фиристода шудаанд.

Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ гуфт, агентҳои Русия ба вилоятҳои шарқии Украина фиристода шудаанд, то дар онҷо "беназмӣ" эҷод кунанд. Керрӣ ҳамчунин гуфт, амалҳои Русия дар шарқи Украина метавонад баҳонаи сунъӣ барои таҷовузи низомӣ ба мисли ишғоли Қрим шавад.

Ҷон Керрӣ, ки дар Вошингтон ба суолҳои вакилони Сенати Амрико посух медод, гуфт: "Ҳама чизе ки мо дар 48 соати охир аз тарафи иғвогарон ва агентҳои Русия мебинем, ба мо нишон медиҳанд, ки онҳо ба инҷо бо ҳадафи эҷоди беназмӣ ирсол шудаанд." Керрӣ ин аъмолро "ғайриқонунӣ ва ғайримашрӯъ" номид.

Ӯ афзуд, дар сурати идомаи тааррузҳои Русия ба истиқлоли Украина, Амрико ва муттаҳидини аврупоияш алайҳи таъсисоти энерживу бонкӣ ва маъдании Русия таҳримоти нав ҷорӣ хоҳанд кард. Керрӣ ҳамчунин хабар дод, ки ҳафтаи оянда дар Аврупо бо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ва мақомоти Украина мулоқот хоҳад кард.

Украина: 10-15 сол ё ҳабси умрбод барои ҷудоиталабӣ
Парчами "Ҷумҳурии мардуми Донетск" дар маркази шаҳр

Парчами "Ҷумҳурии мардуми Донетск" дар маркази шаҳр

Порлумони Украина бо тасвиби як қонун муҷозот барои хиёнат ба ватан ва даъватҳо ба ҷудоиталабиро хеле шадидтар кард. Верховни Рада - порлумони Украина рӯзи 8 апрел қонунеро тасвиб кард, ки барои хиёнат ба ватан ва ҷиноятҳо алайҳи якпорчагии кишвар муҷозоти шадидтар таъин мекунад. Бино бар ин қонун, муҷозоти фаъолиятҳои марбут ба ҷудоихоҳӣ дар Украина аз ин ба баъд аз 10 то 15 сол ваё то ҳабси умрбод хоҳад буд.

Мақомоти Украина дар посух ба ғасби ду рӯз пеши биноҳои давлатӣ дар се вилояти аксаран русзабони Луҳанск, Донетск ва Харков ва талаби баргузории райъпурсиҳо дар ин вилоятҳо бо ҳадафи пайвастан ба Русия ба гунаи Қрим гуфта буданд, ки муҷозот алайҳи даъватҳо ба ҷудоиталабӣ ва таҳдид ба якпорчагии Украинаро шадид хоҳанд кард.

Омодагии Маскав ба музокирот бо Украина, вале бо ҷалби русзабонҳо

Русия мегӯяд, дар ҳаводиси ахири шарқи Украина даст надорад, вале вазъ дар онҷо танҳо дар сурати расидагӣ ба талабҳои русзабонҳо рӯ ба беҳбудӣ хоҳад овард. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар ҳамин ҳол иддаои Амрико дар бораи даст доштани Маскав дар бесубот кардани вазъ дар шарқи Украинаро рад кард.

Лавров рӯзи 8 апрел дар Маскав ҳамчунин гуфт, Русия барои ширкат дар музокироти пешниҳодӣ бо шумули мақомоти Украина, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо омода ҳаст. Аммо ӯ гуфт, ҳар навъ музокирот бояд намояндагони русзабонҳои шарқ ва ҷануби Украинаро низ фаро бигирад. Ба гуфтаи Лавров, вазъи Украина танҳо дар сурати расидагӣ ба нигарониҳои сокинони русзабони ин кишвар беҳ хоҳад шуд. Вазири хориҷаи Русия дигарбора ба ислоҳоти конститутсионӣ дар Украина ва тазмини ҳуқуқи рустаборҳо даъват кард.
Лавров ва Керрӣ. Акс аз 31 март

Лавров ва Керрӣ. Акс аз 31 март

Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ шоми 7 апрел дар як тамоси телефонӣ ба Сергей Лавров гуфтааст, ҳар навъ талоши бештари Русия барои бесудорт кардани вазъи Украина баҳои бештареро барои Русия дар пай хоҳад дошт. Керрӣ ба Лавров гуфтааст, ҳодисаҳои ахир дар шарқи Украина зоҳиран "ногаҳонӣ" набуд. Кохи Сафед мегӯяд, "шавоҳиди қавӣ"-е ҳаст, ки эътирозгарони тарафдори Маскав дар вилоятҳои шарқи Украина "зархарид буданд, на сокинони маҳаллӣ."

Киев низ дар ҳаводиси ахир дасти Маскавро мебинад. Аммо вазорати хориҷаи Русия гуфтааст, ки Киев ангушти иттиҳом баланд кардан ба сӯи Маскавро бас кунад .

НАТО: Русия дар Украина "иштибоҳи таърихӣ" мекунад

Дабири кулли паймони низомии НАТО Андерс Фоғ Расмуссен ҳар навъ талоши таҷовузи Русия ба шарқи Украинаро "иштибоҳи таърихӣ" номид ва аз Маскав талаб кард, то нирӯҳояшро аз тӯли марз бо Украина берун бикашад.

Расмуссен, ки рӯзи 8 апрел дар Порис сӯҳбат мекард, гуфт, таҷовузи аз ин бештари Русия болои Украина барои равобити Маскав бо НАТО "паёмадҳои амиқ" дошта, "Русияро дар инзивои бештари байналмилалӣ қарор хоҳад дод."

Расмуссен дар изҳори назари қаблиаш аз Русия хоста буд, то "даҳҳо ҳазор нирӯ"-и дар тӯли марз бо Украина ҷамъовардаашро пас бикашад.

Ин раддубадалҳо дар ҳолест, ки тазоҳургарони тарафдори Русия биноҳоои давлатӣ дар се вилояти шарқии Украинаро ишғол карда, аз Русия хостаанд, ки ба ин манотиқи аксаран русзабон нирӯ бифиристад.

Ин видео аз шаҳри Донетск нишон медиҳад, ки маркази шаҳр ҳамчунон таҳти назорати тазоҳургарони тарафдори Русия боқӣ мемонад:


Ҳушдори Русия ба Украина ва ҳушдори Амрико ба Русия

Русия Украинаро ҳушдор дод, ки истифодаи нирӯ дар вилоятҳои аксаран русзабони шарқи он кишвар метавонад Украинаро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ бикашад. Вазорати хориҷаи Русия рӯзи 8 апрел дар як баёния гуфт, "мо ба худдории билофосила аз ҳар навъ омодагиҳои низомӣ, ки хатари ҷанги шаҳрвандиро ба дунбол дорад, даъват мекунам." Манзури Маскав амалиёти мақомоти Украина алайҳи тарафдорони Русия аст, ки рӯзи якшанбе биноҳои давлатӣ дар марокизи вилоятҳои Луҳанску Донетск ва Харковро ишғол карда, дар Донетск ҳатто аз таъсиси "Ҷумҳурии мардумии Донетск" хабар доданд.
Амалиёти зиддитеррор дар Харков

Амалиёти зиддитеррор дар Харков

Ҳушдори Русия дар ҳоле садо дод, ки мақомоти Украина мегӯянд, дар ҷараёни амалиёти зиддитеррористӣ дар шаҳри Харков 70 "ҷудоиталаб"-ро дастгир кардаанд. Вазири умури дохилаи Украина Арсен Аваков гуфт, дар шаҳри Харков дар шарқи ин кишвар амалиёти зиддитеррористӣ оғоз ёфта, 70 "ҷудоиталаб" бо иттиҳоми ғасби бинои ҳукумати вилоят боздошт шудаанд. Аваков хабар дод, ки ба далели амалиёт маркази Харковро бастаанд.

Хабаргузории русии Интерфакс аз қавли вазорати умури дохилаи Украина хабар дод, ки афроди боздоштшуда ба "фаъолиятҳои марбут ба ҷудоихоҳӣ, ташкили беназмиҳои оммавӣ" ва қонуншиканиҳои дигар айбдор мешаванд.


Турчинов: Ҷумҳурии Донетск нақшаи Русия аст

Раисиҷумҳури муваққати Украина Олександр Турчинов гуфт, ҳаракатҳои ҷудоиталабӣ дар вилоятҳои шарқи ин кишвар нишон медиҳанд, ки "марҳалаи дувуми амалиёти вижаи Русия алайҳи Украина" шурӯъ шудааст. Турчинов дар паёми телевизиониаш ба мардум гуфт, амалиётҳо дар Донетску Харков ва Луҳанск ҳокист, ки душманони Украина "сенарияи Қримро бори дигар ба бозӣ дароварданд. Вале мо ба ин имкон нахоҳем дод."

Турчинов ҳамчунин ҳушдор дод, алайҳи он эътирозгароне ки соҳиби силоҳ шудаанд, амалиёти зиддитеррор ба роҳ андохта мешавад.

Аммо вазорати хориҷаи Русия дар посух гуфтааст, мақомоти Киев ба ҷои айбдор кардани Маскав дар паи рафъи бӯҳрони сиёсӣ шаванд ва аз ҷумла тавассути федерализатсияи Украина. Чизе ки ҷудоиталабон дар вилоятҳои шарқи Укриана талаб гузоштаанд.

Ташаннуҷи вазъ дар шарқи Украина дар ҳолест ки бино ба иттилои мақомоти низомии Украина, нирӯҳои Русия дар тақрибан 30-километрии марзи Украина қарор доранд. Бо вуҷуди исрори батакрори кишварҳои Ғарб, Русия бо баҳонаи машқҳои низомӣ нирӯи зиёди низомиро дар марзҳои Украина ҷамъ овардааст.

Масъулияти ошӯбҳои ахирро ба дӯши миллиардери муқими Донетск Ринат Ахмедов ва раҳбари фраксияи порлумонии ҳизби минтақаҳои раисиҷумҳури собиқ Виктор Янукович Александр Ефремов бор мекунанд. Аз ҷумла ба гуфтаи вакили порлумон аз ҳизби Баткившина Александр Бригинетс, Ринат Ахметов тайи моҳҳои марту апрел чанд бор ба Маскав парвоз карда, бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин мулоқот кардааст.


Паёми Турчинов дар бораи даст доштани Маскав дар ошӯбҳои ахир дар шарқи Украина дар ҳоле нашр шуд, ки эътирозгарони тарафдори Русия, ки бинои ҳукумати вилояти Донетскро ишғол кардаанд, рӯзи 7 апрел бо эълони "Ҷумҳурии мардумии Донетск" аз раисиҷумҳури Русия хостаанд, ба ин вилояти Украина "контингенти муваққати нирӯҳои ҳомии сулҳ" бифиристад.

Ин фаъолони рӯ ба Русия рӯзи 7 апрел ба пеши чанд ҳазор нафари ҷамъшуда дар майдони назди бинои ҳукумати Донетск баромада, аз таъсиси "Ҷумҳурии мардумӣ" хабар доданд ва гуфтанд, ки райъпурсӣ дар ин масъала дар вилоят дери дер то 11 май баргузор карда хоҳад шуд. Ин қарор дар иҷлосияи Шӯрои вакилони вилояти Донетск қабул шудааст.

Волии Донетск Серҳий Торута аз ҳукумати Украина хост, то ба хотири баррасии вазъи амнияти миллӣ дар ин минтақа як нишасти изтирорӣ барпо кунад. Торута дар баёнияаш гуфт, "дар вилоятҳои Донетск, Луҳанск ва Харков нақшаеро ба роҳ андохтаанд, ки ба ҳам задани сулҳ ва ҳамчунин суботи иҷтиимоиву иқтисодиро ба ҳадаф дорад."

Ятсенюк: Русия мехоҳад Украинаро "ғасб" кунад

Қаблан сарвазири Украина Арсений Ятсенюк Русияро айбдор кард ва гуфт, ҳамлаҳои рӯзи 6 апрели тазорҳургарони тарафдори Маскав ба биноҳои давлатӣ дар вилоятҳои Донетску Луҳанск ва Харков маҳз аз Маскав раҳнамоӣ мешуд. Ятсенюк Маскавро айбдор кард, ки талош дорад, Украинаро "пора-пора" кунад. Сарвазири Украина, ки дар ҷаласаи ҳукумат сӯҳбат мекард, гуфт, "мо ба ин роҳ нахоҳем дод." Ба гуфтаи ӯ, "нақшаи зидди Украина, ки тибқи он, нирӯҳои хориҷӣ бояд аз марз гузашта, қаламрави Украинаро ғасб кунанд, шурӯъ шудааст."
Арсений Ятсенюк

Арсений Ятсенюк

Ятсенюк гуфт, талаби эътирозгарон барои таъсиси низоми федеролӣ дар Украина "пора-пора ва хароб кардани Украинаро ба ҳадаф дорад." Ӯ афзуд: "Ин ҳама даъватҳои назарфиреб ба таъсиси низоми федеролӣ дар асли қасди тахриби давлати Украинаро доранд ва сенарияест, ки аз сӯи Русия навишта шудааст."

Аммо ба гуфтаи сарвазири Украина, ба фарқ аз эътирозҳои як моҳ пеш дар вилоятҳои шарқии Украина, ки ҳазорон нафарро гирд меовард, ин бор дар вилоятҳои ҳаммарз бо Русия ҳамагӣ "то 1500 нафари тундрав" ба хиёбонҳо рехтанд.

Дар ҳамин ҳол, аз нимҷазираи аз сӯи Русия алакай тасарруфшудаи Қрими Украина дар бораи кушта шудани як афсари нирӯҳои баҳрии Украина аз тири сарбози Русия гузориш шудааст. Вазорати дифои Украина бидуни ироаи ҷузъиёт гуфт, ин афсар рӯзи 6 апрел дар шаҳри Новофёдоровка кушта шудааст.

Қрим як моҳ пеш аз сӯи Русия тасарруф шуд. Русия ин нимҷазираро ба қаламрави худ дароварда, алорағми эътирозҳои Киев, тамоми пойгоҳҳои низомии Украина дар ин вилоятро ҳам соҳиб шудааст.

Ба дасти тарафдорони Русия афтодани амбори аслиҳа дар шарқи Украина

Мақомоти Украина мегӯянд, тазоҳургарони тарафдори Русия, ки ба бинои СБУ - Хадамоти амнияти Украина - дар шаҳри Луҳанск ҳамла карданд, аслиҳа ҳам ба даст овардаанд. Пулиси Луҳанск гуфт, тазоҳургарон дар пайи ҳамлаи рӯзи 6 апрел ба бинои СБУ дар ин вилояти аксаран русзабон дар шарқи Украина амбори аслиҳаи ин ниҳодро низ тасарруф кардаанд. Пулис мегӯяд, бо ҳадафи кашфи аслиҳаи рабудашуда тамоми роҳҳои баромад аз Луҳанскро бастааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомот дар маркази вилояти бо Луҳанск ҳамҷавори Харков мегӯянд, ки бинои ҳукумати ин вилоят аз эътирозгарони тарафдори Русия пок карда шудааст. Издиҳом баъд аз зӯҳри 6 апрел ин биноро тасарруф карда буд.
Вазири умури дохилаи Украина Арсен Аваков дар Facebook навишт, ки эътирозгарони "ҷудоиталаб" дигар дар ин бино нестанд.

Издиҳоми тарафдорони Русия рӯзи 6 апрел бо талаби баргузории раъйпурсӣ ва таъсиси низоми федеролӣ дар Украина биноҳои ҳукуматҳои вилоятҳои Харкову Донетск ва бинои СБУ дар Луҳанскро ишғол карданд.

6 АПРЕЛ: Парчами Русия - дар бинои ҳукумати Донетск
Хабарҳои расида аз Украина ҳокии ҳамлаи эътирозгарони тарафдори Русия ба бинои асосии ҳукумати вилояти аксаран русзабони Донетск дар шарқи ин кишвар аст. Бино ба хабарҳо. Тазоҳургарон парчами Русияро бар боми ин бино афрохта, парчами Украинаро кандаанд.

Субҳи якшанбе ҳудуди 2000 нафар дар ҳавлии бинои ҳукумати Донетск гирди ҳам омада, ба тарафдорӣ аз Русия шиор заданд.

Тарафдорони Русия рӯзи 6 апрел бо талаби эҷоди низоми федеролӣ дар Украина ва ироаи салоҳиятҳои бештар ба вилоятҳои шарқу ҷануби Украина рӯзи 6 апрел дар шаҳри Харков, маркази вилояти Харков тазоҳурот карданд. Харков низ аз ҷумлаи вилоятҳои аксаран русзабони шарқи Украина ба шумор меравад.

Ҳамин тавр, дар вилояти низ аксари аҳолиаш русзабони Луганск эътирозгарон вориди бинои СБУ - Хадамоти амнияти Украина шудаанд. СБУ ахиран аз боздошти 15 нафар ва мусодираи 300 силоҳ хабар дода, гуфт, ин гурӯҳ мехост бо истифода аз силоҳ ҳукуматро дар Луганск ғасб кунад.

Эътирозҳои ахир дар шарқи Украина дар ҳолест ки тайи рӯзҳои охир шиддати раҳпаймоиҳои тарафдорони Русия дар ин манотиқ каме коҳиш ёфта буд.

Ишғоли низомӣ ва тасарруфи баъдии вилояти Қрими Украина аз сӯи Русия дар моҳи март низ аз чунин гирдиҳамоиҳои тарафдорони Русия ва афрохтани парчами Русия бар боми биноҳои давлатӣ оғоз шуда буд.

Ҷанги иттилоотӣ ё..? Боздошти "диверсант"-ҳо дар Украинаву Русия
Дар Украина 15 нафареро боздошт кардаанд, ки мехостанд қудратро дар вилояти аксаран русзабони Луганск ғасб кунанд. ФСБ аз боздошти 25 "диверсант" аз Украина хабар медиҳад.

Украина мегӯяд, 15 нафарро бо иттиҳоми табаддулоти мусаллаҳона ва ғасби қудрат дар вилояти шарқӣ ва аксаран русзабони Луганск (Ворошиловгради собиқ) дастгир кардаанд. Хадамоти амнияти Украина (СБУ) бо пахши як изҳорот гуфт, аъзои ин гурӯҳ “қасд доштанд, ки рӯзи 10 апрел тавассути тарсондани мардуми осоишта ва истифодаи силоҳу маводи тарканда қудратро дар вилояти Луганск ғасб кунанд.”

Ба гуфтаи СБУ, дар ҷараёни амалиёти амниятӣ аз ин афрод 300 силоҳи худкор, як мушакандози зиддитонкӣ, шуумори зиёди норинҷакҳо ва ҳамчунин туфангҳои дастиву бомбҳои бензинӣ мусодира шудааст. Исми боздоштшудаҳо ва ҷузъиёти дигаре дар бораи аъмоли ин гурӯҳ оварда намешавад.

Аммо нашри хабари боздошти 15 “диверсант” бо иттиҳоми қасди ғасби мусаллаҳонаи қудрат дар вилояти бо Русия ҳаммарзи Луганск дар ҳолест, ки қаблан ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – аз боздошти 25 украинӣ ба раҳбарии Виталий Кривошеев бо иттиҳоми таҳияи ҳамлаҳо дар Русия хабар дода буд.Матбуоти Русия мегӯяд, ин 25 нафар гӯё зери чатри ширкате бо номи “Восток – Запад” кор мекарданд, ки ба ... гирифтани акси кӯдакон машғул буд, вале кори аслиаш фаъолиятҳои диверсионӣ дар қаламрави Русия будааст.

Мақомоти амниятии Русия мегӯянд, ду нафар аз ин боздоштшудаҳо алакай аз қаламрави вилояти Белгороди Русия берун карда шуда, дигаронро эҳтимолан “ҳушдор” хоҳанд дод, ки “рафтори ғайри қобили қабули онҳо шароитро барои содир кардани ҷиноят фароҳам меорад.” Аммо чунин муҷозоти сабук барои гӯё таҳияи ҳамлаҳои террористӣ ва то ҳол боз нашудани ягон парвандаи ҷиноӣ дар ин бора бисёриҳоро нисбат ба воқеъияти ин иттиҳом машкук кардааст. Муовини сарвазири Украина Виталий Ярема хабари боздошти 25 украинӣ дар Русияро “бофтаи навбатӣ” номид ва гуфт, Киев ягон тасдиқи расмие дар бораи ин боздоштҳо нагирифтааст.

Виталий Кривошеев

Виталий Кривошеев

Аммо дар изҳороти ФСБ Русия гуфта мешавад, ки ин ниҳоди амниятӣ қаблан иттилоъ гирифта буд, ки “намояндагони ба номи “Правий сектор” аз эътирозгарони “Майдон”-и Киев мехоҳанд аз 14 то 16 март дар қаламрави Русия амалҳои диверсиониву террористӣ анҷом диҳанд.” ФСБ аз ҷумла 7 минтақаи Русия – вилоятҳои Ростов, Волгоград, Твер, Орёл ва Белгород ва ҷумҳуриҳои мухтори Қалмиқистону Тотористонро ҳамчун аҳдофи эҳтимолии “шабехун”-ҳо ном бурда, мегӯяд, 3 нафар аз боздоштшудаҳо узви “Правий сектор” – як созмони тундрави ростгарои украинист.

Телевизионҳои Русия, аз ҷумла НТВ, наворҳоеро намоиш доданд, ки украиниҳои боздоштшуда дар он “эътироф” мекарданд, ки аз СБУ дар боари наворгирии маҳалли истиқрор ва ҳаракати техникаи низомии артиши Русия дастур мегирифтанд ва ҳамчунин мебоист вазъи сиёсиву иҷтимоии Русияро моӯхта, бо намояндагони созмонҳои тундрави ин кишвра равобит барқарор кунанд.

Ходими собиқи ФСБ Михаил Трепашкин мегӯяд, ба инки 25 нафар аз Украина барои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ ба Русия омада бошанд, бовар намекунад: “Агар ин ҳатто воқеъият ҳам дошта бошад, фикр накунам, ки кадом як амали барномарезишуда бошад. Ман хеле шакки зиёд дорам, ки 25 нафар аз як кишвари славянии бо мо ҳамсоя бихезанду барои таркондани мо биоянд. ФСБ дар ин авохир иттилои сохта зиёд медиҳад ва хсотҳои худро ҳамчун воқеъият қаламдод мекунад, ки гӯё касе чӣ қасде дошт. Пахши чунин иттилоот бо ҳадафи ташдиди бештари вазъ идома хоҳад ёфт."

Аммо сарҳанги мустаъфии ФСБ Владимир Лутсенко назари дигар дорад ва мегӯяд, фаъолони “Правий сектор” метавонистанд даст ба иғвоҳое алайҳи Русия бизананд: “Онҳо бо ҳадафи даст задан ба иғвоҳо дар қаламрави Русия омада буданд. Азбаски чандон касбӣ набуданд, зуд ба даст афтоданд. Ҳадаф онҳое ки ин қавмгароёни начандон ҷасур ва коромадро инҷо фиристоданд, аз ин иғво ба ҳам сарбасар занондани мардумони мо буд.”

Валентин Наливайченко

Валентин Наливайченко

Боздошти 15 “диверсант” дар Лугански Украина ва 25 “диверсант” дар Русия дар пасманзари ҷангҳои иттилоотиест, ки байни Маскаву Киев аз замони ишғоли низомӣ ва тасарруфи баъдии нимҷазираи Қрими Украина аз сӯи Русия идома дорад. Рӯзи 3 апрел раиси СБУ Валентин Наливайченко ҳатто иддао кард, ки эҳтимоли даст доштани намояндагони ФСБ дар куштори моҳи феврвали даҳҳо эътирозгар дар майдони марказии Киевро истисно намекунад. Ба гуфтаи ӯ, дар поёни моҳи декабр дар машқгоҳи СБУ 26 ходими ФСБ ва дар миёнаи моҳи январ 6 ходими ин идораи амниятии Русия қарор доштаанд. Наливайченко ҳоло аз Маскав шарҳ мехоҳад, ки ин афрод дар рӯзҳои бӯҳрони сиёсии Украина дар Киев чӣ мекарданд? Ба навиштаи хабаргузории РИА “Новости”, ФСБ дар посух гуфтааст,ин иттиҳомотро “ба виҷдони СБУ ҳавола мекунад.”

Русияву Украина дар ин шабу рӯз ба ҷиддитарин бӯҳрон дар равобити ин ду кишвар аз замони суқути Иттиҳоди Шӯравӣ гирифтор шудаанд. Русия дар пайи суқути ҳукумати Виктор Янукович вилояти Қрими Украинаро бо шаҳри Севастопол ишғол карда, бо баргузории як райъпурсӣ ҳамчун ду субъекти нав ба қаламрави худ ҳамроҳ кард. Ин амал ба вокуниши шадидан манфии Киев ва Ғарб дучор шуда, Амрикову Аврупо алайҳи Русия таҳримот ҷорӣ карданд.

Дар Ғарб ва дар Украина метарсанд, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин танҳо бо ғасби Қрим қонеъ намешавад ва шояд ба вилоятҳои дигари шарқ ва ҷануби Украина, ки аксари аҳолияш русзабонҳоянд, низ чашм ало кардааст. Боздошти 15 нафар дар Луганск бо иттиҳоми қасди ғасби қудрат дар ин вилояти аксаран русзабон ба оташи чунин гумонҳо дар бораи аҳдофи ишғолгароёнаи Русия равғани бештар мерезад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG