Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳури Амрико мегӯяд, Русия баъди тасарруфи Қрим танҳо мондааст. Барак Обама гуфт, Русия дар сурати идомаи ин рафтораш ба таҳримҳои бештаре рӯбарӯ хоҳад шуд.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 26 март дар Брюссел гуфт, амалкардҳои Русия дар Украина танҳо масъалаи як кишвар нест. Дар як нишасти муштараки хабарӣ бо Ҳерман Ван Ромпуй, раиси Иттиҳодияи Аврупо ва Жозе Мануэл Баррозо, раиси Кумиссиюни Аврупо ба робитаҳои қавии Амрикову Аврупо таъкид кард ва афзуд, ин робитаҳо пас аз рафтори Русия дар нимҷазираи Қрим мустаҳкамтар шудаанд.

Ба гуфтаи Барак Обама, агар ҳар касе дар раҳбарияти Русия фикр карда бошад, ки ба амалкардҳои онҳо дар Украина касе эътибор намедиҳад ва ё бо метавонанд, байни Аврупову Амрико рахна эҷод кунанд, хато кардааст. Обама афзуд, агар Русия ба ҳамин рафтораш идома бидиҳад, алайҳаш таҳримоти бештар эъмол мешавад. Ба гуфтаи Барак Обама, Русия “ҳоло танҳо мондааст.”

Парчами Русия дар ҳамаи 193 пойгоҳи низомӣ дар Қрим

Русия мегӯяд, алакай дар тамоми 193 пойгоҳу иншооти дигари низомии воқеъ дар нимҷазираи Қрим парчами Русия афрохта шудааст.Фармондеҳи ситоди кулли артиши Русия генерал Валерий Герасимов рӯзи 26 март гуфт, алакай дар тамоми 183 пойгоҳу таъсисоти низомии воқеъ дар вилояти Қрими Украина парчамҳои Русияро афрохтааанд. Ин изҳорот дар ҳолест, ки нирӯҳои тарафдори Русия дар Қрим рӯзи 25 март охирин киштии ҷангиеро, ки ҳанӯз таҳти назорати Украина барҷой монда буд, тасарруф карданд.
Мақомоти дастнишондаи Қрим мегӯянд, беш аз 15 000 ходими низомии Украина дар пайи ба Русия ҳамроҳ кардани ин нимҷазира ҷиҳати идомаи хидмат дар ниҳодҳои низомии Русия ариза додаанд. Бино ба хабарҳо, тақрибан 1500 низомии дигари Украина барои тарки Қрим омодагӣ мегиранд. Генерал Герасимов гуфт, ба зудӣ ба онҳо имкон хоҳанд дод, ки тавассути қатори роҳи оҳан озодона аз Қрим берун шаванд.

Русия бар хилофи эътирозҳои Украинаву Ғарб вилояти Қрими Украинаро дар ҳафтаи гузашта ба қаламрави худ ҳамроҳ кард. Нирӯҳои тарафдори Русия ба дунбол низомиҳои Украинаро аз пойгоҳҳои низомии воқеъ дар Қрим берун карда, дар ин таъсисот парчами Русияро афрохтанд.

Обама: Ишғоли Қрим аломати заъф аст, на зӯрии Русия

Интизор меравад, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама рӯзи 26 март дар нишасти сарони Амрикову Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел бори дигар мухолифати Амрикову Аврупо ба ишғоли Қрим аз сӯи Русияро баён кунад. Рӯзи 25 март, раисиҷумҳури Амрико Барак Обама рафтори Русия дар Украинаро аломати заъфи Русия номид.
Раисиҷумҳури Амрико дар як нишасти хабарӣ пас аз анҷоми анҷумани амнияти ҳастаӣ дар Гаагаи Ҳолланд гуфт: “Русия қудрати минтақавиест, ки ба ҳамсояҳои мустақимаш на аз сари зӯрӣ, балки аз заифиаш таҳдид мекунад. Украина кишварест, ки Русия тайи даҳсолаҳо, аз замони суқути Иттиҳоди Шӯравӣ болояш нуфузи густарда дошт. Мо мо ҳам болои ҳамсояҳои худ нуфуз дорем. Аммо мо умуман ба манзури тақвияти ҳамкорӣ бо онҳо ба таҷовузи хокашон зарурат надорем. Ин ки Русия маҷбур шуд даст ба иқдоми низомӣ занад ва қонунҳои байналмилалиро вайрон кунад, баёнгари коҳиш ёфтани нуфузаш аст, на чизи дигар.”

Дар як баёнияи муштарак, ки дар анҷумани амнияти ҳастаӣ нашр шуд, Амрикову Украина гуфтанд, ки рафтори Русия дар Қрим “пойдевори сохтмони амнияти ҷаҳониро хароб карда, ба сулҳ ва амнияти Аврупо таҳдид мекунад.” Украина баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ аз мақоми қудрати ҳастаӣ даст кашид. Бар асоси паймони Будапешт аз соли 1994 дар ивази супурдани тамоми таслиҳоти ҳастаияш, Амрико, Бритониё ва Русия ӯҳдадор шудаанд, ки истиқлол ва якпорчагии ин кишварро аз ҳар навъ таҳдид ҳимоят хоҳанд кард. Ҳоло Киев бо такя ба ин паймон аз ин се кишвари зомин (гарант) тақозо дорад, то бар ваъдаи худ амал кунанд.

Обама ҳамчунин ҳушдор дод, ки Амрикову муттаҳидинаш аз ҷорӣ кардани таҳримоти боз ҳам бештар алайҳи Русия парҳез нахоҳанд кард.

Даъвати Тошканд ба музокироти мустақими Русияву Украина
Бино вазорати хориҷаи Узбакистон дар Тошканд

Бино вазорати хориҷаи Узбакистон дар Тошканд

Вазорати хориҷаи Узбакистон бо пахши як изҳорот мақомоти Русияву Украинаро ба музокироти мустақим дар масъалаи Қрим даъват карда, гуфтааст, таъхир дар ин амр боиси афзоиши ихтилофот ва ташдиди бештари вазъ хоҳад шуд. Дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Узбакистон дар як изҳорот, ки рӯзи 24 март дар сомонаи ин вазорат нашр шудааст, мегӯяд, ки муносибати Тошканд ба ҳаводиси Украина бетағйир боқӣ мемонад ва Ҷумҳурии Узбакистон "ҷонибдори ҳалли баҳсҳои байналмилалӣ бо роҳҳои осоишта ва худдорӣ дар муносиботи байналмилалӣ аз таҳдид ё истифодаи зӯр алайҳи дахлнопазириии қаламрав ва истиқлоли ҳар як кишвар" мебошад.

Вазорати хориҷа гуфтааст, Узбакистон ба ин мавқеаш ҳамчунон хоҳад истод ва бо дарназардошти қаробати мардуми русу украин "баргузории музокироти мустақими дуҷониба барои пайдо кардани роҳи ҳалли гузашткорона ва барои ҳарду тараф қобили қабули мушкилоти пешомадаро танҳо роҳи оқилонаи бурунрафт" аз вазъи пешомада байни Маскаву Киев мешуморад. Дар изҳорот ҳамчунин гуфта мешавад, "ҳар қадар фурсат бештар аз даст дода шавад, ҳамон қадар ихтилофот афзуда, вазъ шадидтар хоҳад шуд."

Хабаргузории "Жаҳон", бунгоҳи хабарии марбут ба вазорати хориҷаи Узбакистон рӯзи 4 март дар нахустин вокуниши расмии Тошканд ба ҳаводиси Украина низ алайҳи истифодаи нирӯ барои ҳалли баҳсҳои байналмилалӣ таъкид карда буд.

Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов низ дар ҷашни Наврӯз бидуни ишора ба Украина гуфт, ки кишвараш тарафдори ҳалли баҳсҳои бархоста барп ояи қонунҳои байналмилалӣ ва танҳо бо роҳҳои осоишта мебошад. Узбакистон аз ангуштшумор кишварҳои пасошӯравист, ки дар бораи ҳаводиси Украина бидуни ибо аз Маскав изҳори назар мекунад бар хилофи мавқеи Русия таъкидаш ба зарурати ҳифзи якпорчагии кишварҳост. Ин дар ҳолест ки аксари кишварҳои дигари ин паҳно кӯшиш мекунанд, дар ин масъала аз ҳар навъ изҳори назар худдорӣ кунанд.

Аммо Аляксандр Лукашенка, раисиҷумҳури Беларус ҳам рӯзи 23 март гуфт, тасарруфи Қрим аз сӯи Русия "намунаи бад" аст, вале ба ақидаи ӯ, бояд эътироф кард, ки ин вилоят "де-факто"(амалан) дигар дар дасти Русия қарор дорад. Вақте аз Лукашенка пурсиданд, ки чаро тасарруфи Қримро эътироф намекунад, ӯ дар посух ба хабарнигорон гуфт: "Сарфи назар аз эътироф кардан ё накардан, Қрим имрӯз як қисми Русия шудааст. Шумо метавонед инро эътироф кунед ё накунед, вале чизеро тағйир дода наметавонед."

Вазири дифои Украина ба далели Қрим ба истеъфо рафт

Иҳор Тенюх

Иҳор Тенюх

Порлумони Украина рӯзи 25 март вазири дифои ин кишварро ба далели кӯтоҳиҳояш дар ҷараёни бӯҳрони Қрим аз мақом барканор кард. Верховни Рада - порлумони Украина - рӯзи 25 март кафили вазири дифоъ Иҳор Тенюхро ба далели рафтораш дар ҷараёни бӯҳрони Қрим аз мақом сабукдӯш номзадиии генерал-полковник Михало Ковал ба ин мақомро тасдиқ кард. Аз 450 вакили порлумон 228 нафар аз ин тасмим пуштибонӣ кардаанд.

Иҳор Тенюх рӯзи 25 март дар пайи нашри гузоришҳо дар бораи ин ки наатавонистааст дар ҷараёни ишғоли нимҷазираи Қрим аз сӯи Русия ба воҳидҳои низомии Украина дар он минтақа дастурҳои саривақт ва дуруст бидиҳад, истеъфо дод. Рӯзи 25 март масъалаи истеъфои Тенюх дар порлумон ду дафъа муҳокима шуд. Бори аввал вакилон истеъфои ӯро напазируфтанд.

Кафили раисиҷумҳури Украина Олександр Турчинов истеъфои Иҳор Тенюхро хоста, ба ин мақом Михало Ковалро, ки то ҳол дар нирӯҳои марзбонии Украина хидмат меккард, пешбарӣ кардааст. Михало Ковал дар авоили моҳи март дар шаҳри Ялтаи Қрим рабуда шуда, рӯзе баъд дар Севастопол ёфт шуд.

Табдили вазири дифои Украина дар ҳоле сурат мегирад, ки пойгоҳҳои низомии ин кишвар дар Қрим дар чанд рӯзи охир тақрибан ҳама таҳти тасарруфи нирӯҳои "худдифоъ"-и ин вилоят гузаштанд. Турчинов рӯзи 24 март фармон дод, ки тамоми нирӯҳои низомии Украинаро аз Қрим берун бикашанд.

G8 ба G1 табдил ёфт. Русия дар ин "маҳфил"-и абарқудратҳо танҳо монд
Нишасти сарони G7дар Гаага

Нишасти сарони G7дар Гаага

Раҳбарони G7 ба нишони эътироз ба рафтори Русия дар Қрим узвияти худро дар гурӯҳи G8, ки Русияро ҳам фаро мегирифт, боздоштаанд. Раҳбарони G7, гурӯҳе ки 7 кишвари аз нигоҳи саноатӣ пешрафтаи дунёро муттаҳид мекунад, Русияро ҳушдор доданд, ки дар сурати боз ҳам бесубот кардани вазъи Украина баъди ишғоли Қрим ба таҳримоти иқтисодӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. Нишасти сарони G7, ки Амрикову Бритониё, Олмону Фаронса, Италияву Канада ва Ҷопонро дар бар мегирад, рӯзи 24 март дар ҳошияи анҷумани амнияти ҳастаӣ дар Гаагаи Ҳолланд доир шуд. Дар изҳороти сарони G7 “қасди ғайриқонунии Русия ба ишғоли Қрим бар хилофи қонунҳоли байналмилалӣ” маҳкум шудааст.



Сарони G7 ҳамчунин эълон карданд, ки узвияти худ дар гурӯҳи мавсум ба G7, ки ба ҷуз аз 7 қудрати саноатии дунё Русияро ҳам фаро мегирифт, боздошта, ҳамкорӣ бо Маскав дар чорчӯби G8-ро то замоне ки “хатти машшашро тағйир надиҳад,” низ мутаваққиф мекунанд. Ин ба чунин маъност, ки нишасти навбатии сарони G8, ки мебоист моҳи июн дар Сочии Русия баргузор мешуд, лағв мешавад. Сарони G7 дар иваз моҳи июн дар Брюссел гирди ҳам хоҳанд омад.

Аммо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров, ки низ дар Гаага ҳузур дошт, бойкоти G8-ро рад кард: “Шумо медонед, ки G8 як маҳфили ғайрирасмист. Касе корти узвияти онро дар даст надорад. Касе касеро аз он берун карда ҳам намтеавонад. Шояд G8 алакай миссияашро иҷро карда бошад. Ва ин дар воқеъ чизест, ки бисёриҳо баъди таъсиси G20 фикр мекунанд. Ҳоло маҳз дар чорчӯби G20 тамоми масоили иқтисодиву молӣ баҳс мешавад.”

Нахустин мулоқоти вазирони хориҷаи Русияву Украина

Дар ҳошияи анҷумани Гаага барои нахустин бор баъд аз ишғоли низомии Қрим мулоқоти вузарои хориҷаи Русияву Украина ҳам доир шуд. Мақомоти ин ду кишвар тайи ин ҳама муддати бӯҳрони Қрим то имрӯз дар чунин сатҳи баланд ба дидори ҳам нарафта буданд.
Сергей Лавров дар анҷумани Гаага

Сергей Лавров дар анҷумани Гаага

Лавров дар дидор бо ҳамтои украиниаш Андрий Дешнитса такроран гуфт, Маскав хостори тағйири қонунгузории Украина ва ироаи мухторияти бештар ба вилоятҳояш мебошад. Дешнитса ба навбаи худ ҳифзи равобит ва тамосҳо бо Русияро муҳим хонд, вале афзуд, ки Украина ҳеҷ гоҳ Қримро ба Маскав нахоҳад дошт ва талошҳояш барои баргардондани ин вилоятро дар сатҳи дуҷонибаву дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчунон идома хоҳад дод.

Бо ин ҳол, рӯзи 24 март нирӯҳои тарафдори Русия боз як пойгоҳи баҳрии Украина дар Феодосияи Қримро тасарруф карданд. То дирӯз 189 таъсисоти низомии Русия дар Қрим алакай таҳти назорати Русия гузашта буд. Баъди ин кафили раисиҷумҳури Украина Олександр Турчинов фармон дод, ки тамоми нирӯҳои низомии Украинаро аз Қрим берун бикашанд.

Украина ҳоло ба Маҷмаи умумии СММ тарҳи қатъномаеро ирсол кардааст, ки раъйпурсии ахир дар Қримро ғайриқонунӣ эълон мекунад.

Таърихчаи бӯҳрони Украина
Виктор Янукович дар Ростов

Виктор Янукович дар Ростов

Дахолати Русия дар Украина баъди барканории раиси он ҷумҳурӣ Виктор Янукович дар натиҷаи се моҳи эътирозҳо табиати ошкор гирифт. Янукович дар моҳи ноябр ба хотири қаробати бештар бо Маскав аз имзои паймони ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо даст кашид, ки ба мавҷи эътирозҳо дар кишвараш оғоз гузошт ва рӯзи 22 феврал бо фирори ӯ аз Киев ва барканориаш аз мақом бо қарори порлумон анҷом ёфт.

Янукович ба дунбол ба Русия паноҳ овард ва ба иддаои мақомоти Маскав, аз раиси ин ҷумҳурӣ Владимир Путин хостааст, то барои барқарор кардани тартиботи конститутсионӣ ба Украина нирӯ ворид кунад. Рӯзи 1 март порлумони Русия ба Путин ҳаққи истифодаи нирӯ дар Украинаро дод ва ба дунбол, афроди мусаллаҳе, ки худро нирӯҳои “худдифоъ”-и Қрим меноманд, вале ба бовари аксар, дар асл нирӯҳои Русияанд, биноҳои порлумону ҳукумати Қрим ва таъсисоти муҳиме, чун фурудгоҳҳо ва пойгоҳҳои низомии Украина дар ин нимҷазираро иҳота карданд.

Рӯзи 16 март мақомоти рӯ ба Маскав дар Қрим райъпурсие доир карданд, ки ба ҳисоби онҳо, дар он қариб 97 дарсади мардум аз пайвастани Қрим ба Русия ҳимоят кардаанд. Ба дунбол, дар ҳафтаи гузашта Русия бо имзои як қарордод Ҷумҳурии мухтори Қрим ва шаҳри Севастополро ҳамчун ду субъекти нав ба қаламрави худ ҳамроҳ кард.

Ин иқдом ба вокуниши шадидан манфии Украина ва Ғарб дучор шудааст. Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо алакай алайҳи як силсила аз атрофиёни Путин таҳрим ҷорӣ карда, ҳушдор додаанд, ки дар сурати тағйир наёфтани рафтори Русия дар Украина даст ба таҳримҳои шадидтари иқтисодиву сиёсӣ алайҳи Маскав хоҳанд зад.
Қрим аз моҳвора

Қрим аз моҳвора

Бо ин ҳол, рӯзи 24 март 50 нафари нахустин аз ҳайати 100-нафарии нозирони САҲА ба Украина расиданд. Ағлаби ин нозирон дар вилоятҳои шарқии Украина мустақар хоҳнад шуд. Дар рӯзҳои охир дар шарқи Украина, аз ҷумла дар шаҳри Донетск тазоҳуроте доир шуд, ки дар он мардум баргузории раъйпурсиҳо ба гунаи Қрим барои пайвастан ба Русияро талаб карданд. Талоши САҲА барои шомил кардани Қрим ба қаламрави салоҳиятҳои ин ҳайати нозирон ба далели мухолифати Маскав, ки ирн нимҷазираро дигар қаламрави худ мешуморад, натиҷа надод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG