Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳолии русзабон - "силоҳ"-и нав дар дасти Русия (БО ИНФОГРАФИКА)


Аҳолии русзабон зоҳиран ба як фишанги асосии таҳмили хостҳои Русия болои кишварҳои дигар дар паҳнои пасошӯравӣ табдил меёбанд.

Маскав мегӯяд, ҳамеша аз манфиатҳои аҳолии русзабон ва шаҳрвандони Русия, ки берун аз қаламрави ин кишвар ба сар мебаранд, ҳимоят хоҳад кард. Дар пасманзари тасарруфи вилояти Қрими Украина ин паҳлуи сиёсати Русия бо рангу оҳанги дигаре тафсир мешавад. Эҳтимоли бо баҳонаи дифоъ аз манфиатҳои шаҳрвандони худу аҳолии русзабон дар гӯшаҳои дигари паҳнои Шӯравии собиқ дастбакор шудани Русия ва аз ҷумла бо истифода аз нирӯҳои низомиаш, ки рақиби билқуввае дар ин паҳно надоранд, пойтахтҳои дигари пасошӯравиро нигарон кардааст.

Молдова ҳатто расман аз Аврупо дар муқобили ҳамлаи эҳтимолии нирӯҳои Русия ба вилояти ҷудоиталаби Приднестровйе, ки низ мисли Қрим аксари аҳолиаш русзабонҳоянд, кумак мехоҳад.

Мақомоти олии Тоҷикистон то ҳол аз ҳар навъ ибрози назар дар масъалаи Украина худдорӣ мекунанд. Аммо Қирғизистону Қазоқистон дар ин росто илоҷро танҳо дар ин диданд, ки натиҷаҳои раъйпурсии аҳолии Қримро ҳамчун хости он мардум ба қалам бидиҳанд. Киев дар муқобил ҳатто таҳдид кард, ки сафирни Қазоқистонро барои тавзеҳ ба вазорати хориҷаи Украина эҳзор хоҳад кард.

Раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка гуфт, тасарруфи Қрим аз сӯи Русия "намунаи бад" аст, вале ба ақидаи ӯ, бояд эътироф кард, ки ин вилоят "де-факто"(амалан) дигар дар дасти Русия қарор дорад. Вақте аз Лукашенка пурсиданд, ки чаро тасарруфи Қримро эътироф намекунад, ӯ дар посух ба хабарнигорон гуфт: "Сарфи назар аз эътироф кардан ё накардан, Қрим имрӯз як қисми Русия шудааст. Шумо метавонед инро эътироф кунед ё накунед, вале чизеро тағйир дода наметавонед."

Узбакистон мӯҳтотона, вале ҳамчунон аз якпорчагии Украина сӯҳбат мекунад ва мегӯяд, мухолифи истифодаи нирӯ барои ҳалли баҳсҳои байналмилалист. Раиси ин ҷумҳурӣ Ислом Каримов ҳам дар рӯзи ҷашни Наврӯз дар Тошканд гуфт, кишвараш тарафдори ҳалли баҳсҳои бархоста бар пояи қонунҳои байналмилалӣ ва танҳо ва танҳо бо роҳҳои осоишта мебошад. Вазорати хориҷаи Узбакистон рӯзи 25 март ҳатто ба музокироти мустақими Русияву Украина даъват кард ва гуфт, ин танҳо роҳи ҳалли мушкилоти пешомада байни ду миллати ба ҳам хеле наздик бар сари Қрим буда, "ҳар қадар фурсат бештар аз даст дода шавад, ҳамон қадар ихтилофот афзуда, вазъ шадидтар хоҳад шуд."

Дар боло харитаи аҳолии русзабон дар кишварҳои пасошӯравӣ аз соли 2006-ро овардем. Радиои Озодӣ дар як нақша маълумоти мавҷуд дар бораи аҳолии русзабон дар кишварҳои мухталифи пасошӯравиро ҷамъ овардааст. Шумо метавонед ин нақшаро дар зер тамошо кунед:

XS
SM
MD
LG