Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди Қрим навбати кист?


Харитаи Иттиҳоди Шӯравии собиқ
Харитаи Иттиҳоди Шӯравии собиқ

Таҳлилгарон мегӯянд, баъди тасарруфи Қрим минтақаҳои дигари тарафдори Русия дар паҳнои Шӯравии собиқ низ айни азми пайвастан ба ин кишварро хоҳанд кард ва Маскав низ зоҳиран чунин ҷунбишҳоро таҳрик хоҳад дод.

Абхозистон, Осетияи ҷанубӣ, Қрим, Соҳили Днестр... Навбати Осиёи Марказӣ ҳам мерасад?

Мақомоти Ҷумҳурии соҳили Днестр, як минтақаи ҷудоихоҳи Молдова, ҳам ахиран хостори вуруд ба ҳайати Русия шуданд. Онҳо гуфтанд, ки сокинони минтақа ҳанӯз соли 2006 дар як ҳамапурсие чун раъйпурсии Қрим аз вуруд ба ҳайати Русия пуштибонӣ карда буданд. Ҳамзамон дигар аз минтақаҳои мухтори Молдова – Гагаузия - эълом дошт, ки артиши худро таъсис мекунад, то ба ин васила худро аз амалҳои Кишинёв дифоъ намояд.

Таҳлилгарони масоили сиёсӣ мегӯянд, ки ин гуна вокуниш аз ҷониби минтақаҳои ҷудоихоҳ баъд аз ҳамапурсии Қримро чашмдор буданд. Бӯҳрони сиёсӣ дар Украина ва раъйпурсӣ дар Қрим, ба гуфтаи онҳо, боиси нигаронии шадиди сарони он кишварҳои шӯравии собиқе шудааст, ки минтақаҳои ҷудоиталаб доранд. Аз нигоҳи таҳлилгарон, нобоварӣ ба Русия дар Русия аз он хотир аст, ки миллатгароҳои рус на фақат пайваста ҳукуматро барои дифоъ аз манфиатҳои русзабонҳо дар кишварҳои шӯравии пешин даъват мекунанд, балки даъвои ба Русия ҳамроҳ кардани баъзе минтақаҳо, аз ҷумла, манотиқи шимолии Қазоқистонро доранд. Кор то ҷое расидааст ки, мегӯянд таҳлилгарон, имрӯз сарони ин кишварҳо на аз “инқилоби ранга”, балки аз таҳдиди густариши Русия бештар ҳарос доранд.

Бархе аз сиёсатмадорони рус, аз ҷумла, раиси ҳизби либерал-демократӣ Владимир Жириновский, ошкоро аз раисиҷумҳури Русия Владимир Путин тақозо доранд, ки қаламрави пешини шӯравиро дубора таҳти тасарруф қарор диҳад. Мақомоти Қазоқистон ва Қирғизистон ба ин даъват вокуниши шадид карданд ва хостори тавзеҳи Маскав шуданд.

Аммо дар Душанбе, ба гуфтаи сиёсатмадори тоҷик Муҳиддин Кабирӣ, эълом доштанд, ки “изҳороти Жириновский арзиши вокунишро надорад”. “Маъмулан Жириновский ҳарзагӯй аст, аммо ӯ назари як қишри ҷомеъаи Русия ва ҳатто сиёсатмадорони кишварро мегӯяд, аз ин рӯ набояд нисбати гуфтаҳояш бетафовут буд,” - мегӯяд вакили парлумони Тоҷикистон.

Аз нигоҳи таҳлилгарон, пешниҳоди ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” оиди содда кардани дарёфти шиносномаи Русия барои сокинони кишварҳои шӯравии собиқ нигарониҳо ва беэътимодӣ ба Маскавро афзоиш додааст. Чанд рӯз қабл Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия низ гуфт, ки ҳукумати кишвар корро дар масири соддатар кардани дарёфти шаҳрвандии Русия барои русзабонҳо кишварҳои Шӯравии пешин идома медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, ин гуна афрод ва пайвандони онҳое, ки дар шӯравии собиқ зистаанд, метавонанд бидуни доштани ҳаққи доимии зист дар Русия тайи се моҳ соҳиби шиносномаи русӣ шаванд. Ба гуфтаи нахуствазири Русия, онҳо барои дарёфти шиноснома бартарӣ хоҳанд дошт, ки таҳсилкарда ва дорои ихтисосанд.

Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, рафтори Маскав воқеъан бисёре аз раҳбарони Осиёи Марказиро ба андешае водор кардааст, ки ояндаашон чӣ мешавад? Маҳз ба ҳамин хотир, ба гуфтаи ӯ, ба ҷуз Қирғизистон, ягон давлати дигар ба ҳаводиси Қрим вокуниш нишон надодааст.

Путин дар тазоҳурот ба шарафи "ҳамроҳшавӣ"-и Қрим
Путин дар тазоҳурот ба шарафи "ҳамроҳшавӣ"-и Қрим
Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, бояд дар назар дошт, ки вазъи Украина аз дигар кишварҳои шӯравии собиқ фарқ мекард ва ин кишвар як нуктаи рақобати геополитикии Русия ва Ғарб аст. Ин рақобати геополитикӣ дар Осиёи Миёна он қадар шадид нест. Бо вуҷуди ин , меафзояд ӯ, талошҳои сиёсатмадорони рус барои содда кардани вуруди қаламрави кишвари хориҷӣ ба ҳайати Русия ва дарёфти осони шиносномаҳои русӣ барои шаҳрвандони кишварҳои шӯравии собиқ суолҳоеро дар зеҳнҳо дар бораи ҳадафҳои Маскав эҷод кардааст.

Дар маҳофили сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла, ҳоло суоле матраҳ аст, ки аллакай садҳо ҳазор шаҳрвандони кишвар соҳиби шиносномаи русӣ шуданд ва чун бар пояи қонуни нав боз садҳо ҳазор нафари дигар ҳам ба дарёфти шаҳрвандии Русия муваффақ хоҳанд шуд, ин омил Тоҷикистонро бештар тобеи Маскав нахоҳад кард ва эҳтимоли ғасби кишвар аз сӯи Русия бештар нахоҳад шуд?

Муҳиддин Кабирӣ сафари раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ба Душанбе ва мулоқоти вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров бо ҳамтои тоҷикаш Сироҷиддин Аслов дар Маскавро паёмҳои Русия ба Тоҷикистон мехонад, ки Маскав ба созишҳои пешинаш бо Душанбе устувор боқӣ мондааст. Сиёсатмадори тоҷик мегӯяд, ҳамин гуна паём ё итминони хотир бояд рӯзҳои наздик ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам дода шавад, дар акси ҳол Маскав бо шарикони стратегияш дар Осиёи Марказӣ вориди мушкил хоҳад шуд.

Алексей Малашенко, яке аз масъулини барномаи Осиёи Марказӣ дар Маркази Карнегии Маскав мегӯяд, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон умедвор аст, ки дар сурати зарурӣ пойгоҳи низомии Русия аз ӯ дифоъ хоҳад кард, «ҳарчанд наметавон мутмаинан гуфт, ки низомиёни рус аз ӯ ҳимоя хоҳанд кард ё на. Бубинед, касе ҳатто тасаввур намекард, ки дар Украина чӣ иттифоқ меуфтад?»

Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоев
Ислом Каримов ва Нурсултон Назарбоев
Ба гуфтаи Малашенко, ба ду инқилоб дар Қирғизистон ва ҳаводиси Ӯш мақомоти Маскав дахолат накарданд ва баид ба назар мерасад, ки ҳатто бо талаби русҳои муқими Қирғизистон талоши ғасби ин кишварро кунанд. Ва аммо сабаб он нест, ки Маскав таҳти фармони бечунучарояш будани Осиёи Марказиро намехоҳад, балки “Кремл намедонад, ки ин иқдомаш дар ҷомеъаи Русия чӣ гуна пазируфта мешавад. Ҳамчунин барои дар чанд ҷабҳа амал кардан қудраташ ҳам намерасад.”

Павел Фелгенгауэр, коршиноси масоили низомӣ ҳам мегӯяд, ки ҳангоми ҳаводис дар ҷануби Қирғизистон мақомоти Бишкек хостори вуруди низомиёни рус шуда буданд, “аммо Маскав барои ба он ҷо фиристодан нерӯ наёфт. Ҳатто ба Қрим Русия ҳамагӣ шаш ҳазор нерӯ фиристод, ҳарчанд Маскав инро ошкор намекунад».

Ӯ бо такя ба манобеи низомӣ мегӯяд, ки бар пояи тарҳи Кремл баъд аз Қрим навбати Молдова мерасад, ҳарчанд барои ин бояд қаблан Одесса тасарруф шавад. Аммо қазияи Украина, ба гуфтаи ӯ, он қадар нерӯро талаб дорад, ки баъд аз он Маскав солҳо хоҳиши тасарруфи кадом кишвари дигар, аз ҷумла, давлатҳои Осиёи Марказро нахоҳад дошт.

​Зимнан, сиёсатмадорону сиёсатшиноси дигар ҳам мутмаинанд, ки айни ҳол Украина ва Молдова дар сиёсати Маскав авлавият доранд. Ахиран раисиҷумҳури Руминия Траян Басеску ба хабаргузории Associated Press гуфт, ки ин авлавият дар сиёсати Русия бо мавқеи ҷуғрофии ин кишварҳои воқеъ дар марзҳои Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО бастагӣ дорад. Басеску ҳамчунин изҳор намуд, ки Русия ба хотири манофеи худ дар Абхозистон, Осетияи ҷанубӣ, Қрим ва Приднесровие низоъҳои мунҷамидшударо ташкил дод. Сарвари Руминия ба Fox News гуфтааст, ки дар сурати низоъ миёни Молдова ва Русия кишвараш ба он ҳамроҳ нахоҳад шуд ва аз истифодаи нерӯи низомӣ худдорӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG