Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як хабарнигори муқими Қрим мегӯяд, мизони ширкат дар раъйдиҳии ирӯзи 16 март ба гунае фаъолона нест, ки ҳокимони ҷудоиталаби ин минтақа тасвир мекунанд.

Рӯзи якшанбе дар Қрим райпурсии зиддунақиз баргузор шуд. Дар ин райпурсӣ аз аҳолии қобили раъй пурсида мешуд, ки онҳо мехоҳанд, ки Қрим аз Украина ҷудо шавад ва ба Русия бипайвандад. Дар Қрим 60 дарсади аҳолиро сокинони русзабон ташкил медиҳанд. Қабл аз ин раъйпурсӣ Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо ин раъйпурсиро ғайриқонунӣ эълон карданд.

Дар мусоҳибае аз Владимир Притула - рӯзноманигори мустақил дар шаҳри Симферопол - маркази идории Қрим пурсидам, ҷараёни раъйдиҳӣ дар Қрим чӣ гуна буд?

Притула: Раъйдиҳӣ то андозае ором мегузарад. Субҳ фаъолтар рай медоданд ва бештари онҳо аҳолии солманд, яъне нафақахӯрҳо буданд. Барои раъйдиҳӣ навбат мушоҳида нашудааст. Бо вуҷуди ин хабар дода мешавад, ки дар Керч мардумро ба автобусҳо шинонда ба раъйдиҳӣ меоранд. Дар деҳоти дигар низ ҳамин вазъ дида мешавад. Дар чанд интихоботи пеш низ ҳамин корро мекарданд. Дар Симферопол мардум худашон ба раъйдиҳӣ мераванд, вале ин нуктаро бояд зикр кунем, ки баъзе гурӯҳҳо дар биноҳои бисёрошёна хона ба хона мегаштанд ва онҳоро ба райдиҳӣ даъват мекарданд. Илова бар ин баъзе гурӯҳҳои дигар бо қуттиҳои раъй ба маҳаллаҳо мерафтанд ва онҳоро кормандони пулис ҳамроҳӣ мекарданд. Маводи таблиғотӣ низ дар шаҳр дар ин рӯз мушоҳида мешуд ва мардумро даъват мекард, ки барои пайвастан ба Русия рай диҳанд.

Озодӣ: Оё дар рӯзи райдиҳӣ низ мақомоти ҳукумати марказии Украина дар Киев вокунише нишон доданд?

Притула:
Порламони Украина ин райпурсии худхондаро ғайриқонунӣ эълон кард. Рӯзи шанбе порламон дар бораи парканда кардани порламони Қрим қарор қабул кард. Мақомоти Украина мегӯянд, ки натиҷаҳои райпурсиро эътироф намекунанд ва ҳамзамон ба он дахолат ҳам намекунанд ва бо чунин равиш ба мардум нишон медиҳанд, ки ин райпурсӣ аҳамияте нахоҳад дошт ва дар он ширкат наҷӯянд. Дар баъзе минтақаҳое, ки тоторҳои Қрим аксариятро ташкил медиҳанд, қитъаҳои раъйдиҳиро боз накарданд. Раҳбарони расмии ин минтақаҳо мегӯянд, ки одам намерасад, ки дар ин қитъаҳо кор кунанд. Вале мақомот иддао мекунанд, ки тоторҳои Қрим дар раъйдиҳӣ ширкати фаъол доранд. Тоторҳо мегӯянд, ки раъйдиҳӣ дар фазои таҳдид ва тарс додан ҷараён мегирад. Ман худам мушоҳида кардам ва ҳамкорони мо ҳам мегӯянд, дар минтақаҳое, ки тоторҳо зиндагӣ мекунанд, ҳеҷ кас амалан ба раъйдиҳӣ намеравад.

Озодӣ: Дар шароите, ки нируҳои низомии як кишвари хориҷӣ дар Қрим ҳузур доранд, оё райдиҳиро метавон озод арзёбӣ кард? Фаъолони ҳуқуқи башар чӣ мегӯянд?

Притула: Дар шароите ки нируҳои хориҷӣ дар қаламрави Қрим мустақар шудаанд ва дар шароите ки на танҳо ҳуқуқи инсон риоят намешавад, балки Қонуни асосии Украина риоят намешавад, таҳлилгарон онро одилона намедонанд. Ғайр аз ин, созмонҳои иҷтимоии Қрим дар ин рӯз аз аҳолӣ даъват карданд, ки дар раъйдиҳӣ ширкат накунанд ва имрӯзро “Рӯзи варенник”-эълон кунанд. Дӯстон ва ҳамсояҳои худро ба меҳмонӣ даъват кунанд ва варенник пазанду бо ҳам бихӯранд”.

Озодӣ: Оё бар ҷараёни раъйдиҳӣ нозирон ҳам назорат мекунанд, масалан, аз ҷумлаи кишварҳои шарики стратегии Русия ё онҳо ҳам ин раъйдиҳиро нодида мегиранд?

Притула:
Нозирони Русия хеле зиёданд, матбуоти Русия зиёд аст. Вале он чӣ ба нозирони кишварҳои муштаракулманофеъ дахл дорад, аз он ҷо ба таври расмӣ нозирон ширкат надоранд. Масалан аз Беларусия ё Қазоқистон нестанд. Тақрибан 20 нафар нозирони кишварҳои аврупоӣ омадаанд, дар миёни онҳо намояндагони порламони Аврупо ҳастанд. Аз порламонҳои миллии кишварҳои ғарбӣ низъ омадаанд. Вале ин нозирон вижагиҳои худро доранд. Масалан, аз ҷунбиши ҷудоихоҳонаи Испания ва намояндагони порламони Аврупо, ки аз ҳизбҳои миллии ростгаро мебошанд, ҳамин гуна нозирон аз Белгия, Италия ва аз Венгрия омадаанд. Баъзе аз инҳо гурӯҳҳое мебошанд, ки вуруди онҳо ба Амрико мамнуъ эълон шудааст. Дар ҳар сурат ин гурӯҳҳо мушоҳидаҳои муқаддамотии худро эълон кардаанд ва мегӯянд, ки раъйдиҳии Қрим хуб ва дар фазои ором мегузарад”.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG