Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд назар аз Душанбе ба раъйпурсии Қрим


Ба бовари таҳлилгарони тоҷик, раъйпурсӣ дар Қрим ва рӯйдодҳое мисли ин ба кишварҳои дигари пасошӯравӣ таъсир хоҳанд кард, вале гумон аст, ки Ғарб дар масъалаи Қрим дар муқобили Русия то охир истодагарӣ кунад.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон раъйпурсӣ дар Қримро мухолифи чанд санади ҳуқуқи байналмилалӣ ва дахолати ошкорои Русия ба корҳои дохилии Украина меҳисобад, ки ба андешаи ӯ ба якпорчагӣ ва соҳибихтиёрии ин кишвар латма ворид мекунад. Вай мегӯяд, ҳадафи тазоҳургарони майдон иваз кардани мақомоти иҷроия ва ё ба воситаи интихобот ҷорӣ кардани адолат дар низоми ҳокимият буд ва зидди қавм ё миллати мушаххасе равона нашуда буд, ки ба мардуми русзабон ангеза дода бошад. Аммо ҷаноби Ҳакимов меафзояд, «чун манфиати геополитикӣ ба вуҷуд омад, бархилофи асноди байналмилалӣ Русия тасмим гирифт қувваҳои марказгурезро ҷонибдорӣ кунад. Ман гумон намекунам, ки ин амали нек аст.»

Аз сӯи дигар, ба назари Шокирҷон Ҳакимов, агар нозирони САҲА ва дигар созмонҳои кишварҳои низоми демократӣ ҷараёни раъйпурсиро ба таври зарурӣ назорат кунанд, ошкор мешавад ки раъйпурсӣ аслан баргузор нашудааст. Шокирҷон Ҳакимов таъкид мекунад, ки бояд масъулони давлати Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ дар назар дошта бошанд, ки ҳар лаҳза эҳтимоли дахолат ба корҳои дохилии ин давлатҳо низ вуҷуд дорад.

Аммо назари нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон ба раъйпурсӣ дар Қрим ва дар маҷмӯъ ба ҳаводиси Украина ва таъсири он ба кишварҳои дигари пасошӯравӣ яксон нест.

Саидҷаъфар Исмонов
Саидҷаъфар Исмонов
Саидҷаъфар Исмонов, раиси ҳизби демократи Тоҷикистон мегӯяд, «ҳар ҷое, ки шӯриш сар мезанад, як касофат меорад.» Раиси демократҳои Тоҷикистон тазоҳурот дар Украина ва бар сари қудрат омадани табадуллотгаронро намунаи баде барои кишварҳои дигари пасошӯравӣ медонад. Зеро, ба андешаи ӯ, ба ин васила аз эҳтимол дур нест, ки шахсони тасодуфӣ қудратро ба даст биоранд. Аз ҷониби дигар, ҷаноби Исмонов баргузории раъйпурсиро дар Қрим кори дуруст меҳисобад: «Дар Қрим 67 дарсад русҳо зиндагӣ мекунанд. Дар замони демократия фикри аксариятро ба назар мегиранд. Вақте имкони баргузории раъйпурсӣ ҳаст, чаро нагузаронанд? Бигзор мардум худашон муайян кунанд.»

Ин дар ҳолест, ки дар Киев ва дар Ғарб раъйпурсии рӯзи 16 март дар Қримро ғайриқонунӣ медонанд ва ҳеҷ гоҳ натиҷаашро эътироф нахоҳанд кард. Дар робита ба ин Саидҷаъфар Исмонов аз он нигарон аст, ки дигаргун шудани муносиботи Русия бо Аврупову Амрико метавонад ба муносибот бо Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва дар маҷмӯъ ва ба вазъи иқтисодии ҷаҳон таъсир расонад. Ҳарчанд ҷаноби Исмонов хеле шадид шудани мухолифати Ғарб бо Русияро дар гуумон медонад.

Коршиноси масоили сиёсӣ Рашид Ғанӣ Абдулло низ бар ин назар аст, ки ҳаргиз Ғарб ба хотири давлатҳои хурд бо Русия ба низои ошкорои низомӣ ворид нахоҳад шуд. «Ғарб ба хотири Гурҷистон ба Русия дарнаафтод, гумон аст, ки барои Русия ҳатто ба муборизаи сиёсӣ ворид шавад,» - мегӯяд ӯ.

Рашид Ғанӣ Абдулло
Рашид Ғанӣ Абдулло
Ба таъкиди ӯ, муносибати абарқудратҳо ва аз он ҷумла кишварҳои Ғарб ҳамеша духӯра аст ва қабл аз ҳама аз манфиатҳои стратегии онҳо сарчашма мегирад ва ҳар амалеро, ки ҷавобгӯи манофеи страгеиашон бошад, дуруст меҳисобанд ва агар на, онро намепазиранд. Бо назардошти ин, коршиноси тоҷик таъкид мекунад, ки давлатҳои хурд дар муносибат бо абарқудратҳо бояд тавозунро риоя кунанд. Вай мегӯяд, «барои давлатҳои пасошӯравӣ муҳим он аст, ки тавре рафтори худро роҳандозӣ кунанд, ки ҷавлонгоҳи муборизаҳои ошкорои абарқудратҳо нашаванд. Агар аз ӯҳдаи ин кор набароянд, ҳар коре накунанд, дар пасманзараи муборизаҳои ошкору ноошкор, вале ҳамеша шадиди абарқудратҳо қарор мегиранд.»

Ҷаноби Рашид Абдулло мегӯяд, кишварҳои дигари пасошӯравӣ пеш аз тасмиме гирифтан ҳамеша бояд дар назар дошта бошанд, ки оқибати кор чӣ мешавад. Зеро нигоҳ доштани ваҳдати қаламрав ва ваҳдати миллӣ масъулияти нерӯҳои сиёсии ҳар кишвар аст.

Рӯзи 16 март бо ибтикори мақомоти рӯ ба Маскав дар Ҷумҳурии мухтори Қрими Украина раъйпурсии саросарӣ идома дорад. Ин райъпурсӣ бояд маълум кунад, ки Қрим бо Украина мемонад ваё ба Русия мепайвандад. Аммо бо назардошти аксарияти аҳолии Қрим будани русзабонҳо бовар меравад, ки тарафдорони пайвастан бо Русия ғалаба хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG