Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Мо ҳаққи қонунии истифодаи нирӯ дар Украинаро дорем


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, Русия барои истифодаи нирӯи низомӣ дар Украина салоҳияти қонунӣ дорад, вале аз ин кор танҳо ба унвони "чораи ниҳоӣ" истифода хоҳад бурд.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 4 март дар як нишасти матбуотӣ дар вилояти Маскав, ки ба вазъи Украина ихтисос ёфта буд, тағйири ҳукумати он кишварро "табаддулоти ғайриконститутсионӣ ва ғасби мусаллаҳонаи қудрат" номид. Путин гуфт, Виктор Янукович раисиҷумҳури қонунии Украина боқӣ мемонад, вале дигар ояндаи сиёсӣ надорад. Ӯ гуфт, истифодаи нирӯи низомӣ дар Украина ба ҳайси чораи охирин матраҳ аст, вале имкон медиҳад, ки барои дифоъ аз шаҳрвандони Русия дар Украина аз тамоми васоили имконпазир истифода шавад. Путин гуфт, Русия қасди ишғол ё ғасби Қримро надорад ва ҳадафаш доман задани эҳсосоти ҷудоиталабӣ дар ин минтақа ҳам намебошад. Путин гуфт, шаҳрвандони Қрим бояд худ сарнавишташонро муайян кунанд.

Ӯ афзуд, равобити Русия бо Украина то замони интихоботи ҷадид ба ҳолати оддиаш бар нахоҳад гашт, вале Русия ҳар навъ натиҷаеро, ки таҳти шароити "террор" ба даст меояд, эътироф нахоҳад кард.

Путин дар бораи Украина
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:00 0:00
Линки мустақим

Путин дар ин нишасти матбуотӣ гуфт, раҳбари собиқи Украина Виктор Янукович амалан тамоми қудратро супурда буд. Ба гуфтаи Путин, ӯ ба интихобот ҳам розӣ шуда буду ҳам ба хуруҷи нирӯҳо аз маркази Киев, вале вақте ки ба Харков рафт, "чӣ даркор буд даст задан ба аъмоли ғайриконститутсионӣ?"

Путин ин корро аъмоли комилан аҳмақона номид ва гуфт, бо ин ҷанубу шарқи Украинаро ларзонда, ба натиҷаи комилан баракс расиданд. Путин эътироф кард, ки доманаи фасод дар Украина дар аҳди Янукович ба андозае вусъат ёфт, ки "зарурати тағйирот пеш омада буд." Путин гуфт, аз ин зовия мардумеро ки дар Майдон ҷамъ шуданд, мефаҳмад, вале шеваи табдили қудратро, ки онҳо интихоб карданд, истиқбол намекунад: "Чӣ даркор буд, ки як гурӯҳи "жулик"-ҳоро бо гурӯҳи дигари "жулик"-ҳо иваз кунанд."

Ӯ аз ҷумла таъини миллиардер Андрей Коломойский ба мақоми волии Днепропетровскро ба интиқод кашид ва ӯро "проходимец" ("қаллоб") хонд, ки ба гуфтаи раисиҷумҳури Русия, чанд сол пеш ба сари миллиардери рус Роман Абрамович кӯлоҳ гузоштааст.

Владимир Путин гуфт, парлумони Украина ҳанӯз машрӯият ва қонунмандӣ дорад, вале дигар мақомоти нави Украина - не. Путин гуфт, Виктор Янукович то ҳол раисиҷумҳури қонунии Украина боқӣ мемонад, "ҳарчанд дигар ягон салоҳияте дар дасташ нест."

Раисиҷумҳури Русия ҳамин тавр, қарори мақомоти Украина дар мавриди барҳам додани Додгоҳи Қонуни асосиро ғайриқонунӣ номид.

Владимир Путин гуфт, Русия ба вилояти Қрими Украина ёриҳои башарӣ хоҳад расонд. Ӯ афзуд, "дар ҳоли ҳозир, зарурати ворид кардани нирӯ ба Қрим нест, вале чунин имконият вуҷуд дорад." Ӯ ҳар навъ рабти машқҳои охир дар ғарби Русия бо ҳаводиси ахири Украинаро рад кард ва гуфт, ин машқҳои дирӯз анҷомшуда аз қабл барномарезӣ шуда буд.

Путин гуфт, нирӯи низомӣ дар Украина танҳо дар ҳолати истисноӣ истифода хоҳад шуд. Ӯ гуфт, дар сурати таҳдиди мустақим ба ҷони шаҳрвандони Русия ин кор сурат хоҳад гирифт.

Путин вазъи пешомада дар Украинаро "беспредел" унвон кард ва гуфт, агар ин "беспредел" ба ҷануб ва шарқи Украина густариш ёбад, "мо нирӯ ворид хоҳем кард. Хусусан дар ҳоле ки дархости расмии раисиҷумҳури қонунии Украинаро дар даст дорем." Сафири Русия дар СММ дирӯз матнеро намоиш дода буд, ки гӯё Виктор Янукович аз Русия хостааст, "барои таъмини тартиботи конститутсионӣ нирӯҳояшро ба Украина ворид кунад."

Владимир Путин ҳамчунин гуфт,"дахолат дар умури Украина дар салоҳияти мо нест ва мо дахолат нахоҳем кард, вале агар ман ба ҷои мақомоти ғайриқонунии Украина мебудам, шитоб мекардам. Чунки онҳо мандати саросарӣ аз номи тамоми Украина барои раҳбарии ин кишварро надоранд."

Путин гуфт, "моро айбдор мекунанд, ки амаламон ғайриқонунист. Ман ба навбаи худ ҳар дафъа аз онҳо суол мекунам, ки магар амалҳои шумо қонунист? Мехоҳам таъкид кунам, ки агар ман дар мавриди истифодаи нирӯ тасмим бигирам, ин тасмим комилан қонуният хоҳад дошт ва ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ хоҳад буд. Чунки мо дархости раисиҷумҳури қонуниро дорем.Ва ин як миссияи башарӣ хоҳад буд. Мо касеро ғулому мутеъ карданӣ нестем."

Раисиҷумҳури Русия гуфт, дар мавриди паёмадҳои таҳримоте ки мехоҳанд алайҳи Русия ҷорӣ кунанд, бояд муаллифонаш фикр кунанд. Ба бовари ӯ, чунин таҳримот ба зарари кишварҳои таҳримкунанда ҳам тамом хоҳад шуд. Ӯ Ғарбро ба пуштибонӣ аз раҳбарони табаддулоти давлатӣ дар Украина айбдор кард ва гуфт, "мо мақомоти нави Киевро чандон қонунманд намешуморем."

Путин гуфт, Русия омодагиаш ба мизбонии гурӯҳи Ҷӣ8 дар Сочиро идома медиҳад, "вале агар онҳо наоянд, бигзор!" Кишварҳои Ғарб таҳдид кардаанд, ки дар сурати идомаи дахолати Русия дар умури Украина аз ширкат дар ин ҳамоиш, ки бояд моҳи июн доир шавад, ҳазар хоҳанд кард.

Маҷлиси болоии парлумони Русия рӯзи 1 март ба Путин истифодаи нирӯҳои низомӣ ба манзури ҳимояти шаҳрвандони Русия дар Украинаро иҷозат дод. Ба дунбол, афроди мусаллаҳ як силсила пойгоҳҳои низомӣ ва таъсисоти муҳиме, чун фурудгоҳҳо ва биноҳои давлатӣ дар вилояти Қрими Украинаро забт ё иҳота карданд. Ин силоҳбадастон дар либоси худ ягон нишонаи мансубият ба кадом кишваре надоранд, вале бовар меравад, ки онҳо нирӯҳои русианд.

Русия барканории муттаҳидаш Виктор Янукович аз мақоми раёсатҷумҳурии Украина дар таърихи 22 февралро ба сахтӣ қабул кард. Янукович баъди фирораш аз Киев ахиран дар Русия зоҳир шуд ва мегӯяд, аз ин кишвар таъмини амнияти худро хостааст.
XS
SM
MD
LG