Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯйдодҳои Украина аз нигоҳи ҷавонони тоҷик


Акс аз "Евромайдон"-и Киев

Акс аз "Евромайдон"-и Киев

Нооромиҳо ва мавҷи эътирозҳои мардум дар Украина баҳсҳои тезу тундеро дар маҳофили Тоҷикистон, аз ҷумла миёни ҷавонони тоҷик ба бор овардааст.

Онҳо мегӯянд, ин кашмакашҳои ахир дар Украина боис шуд, ба миллатгароии сокинони бумӣ дар ин кишвар замина гузорад. Аксари ҷавонони тоҷик мегӯянд, Украина бояд ҳукуматеро созад, ки тавонад, ҳамаи намояндаҳои миллатҳои гуногунро, ки асрҳо боз дар инҷо ба сар мебаранд, муттаҳид кунад. Вагарна эҳтимол аст, минтақаҳои ҷудогонаи Украина худро аз итоати раҳбарияти ин ҳукумат берун кашанд.

Завқибек Солиев, як хабарнигори тоҷик мегӯяд, дар ҳолати идомаи чунин эътирозҳову кашмакашҳо, минтақаи худмухтори Қрими Украина, ки аллакай даъво дорад, худро давлати мустақил эълон кунад. Қрим ҷумҳурии худмухтор дар ҳайати Украина буда, 60 дарсади сокинони онро русҳо ва бақияро тоторҳову украиниҳо ташкил медиҳанд.

Аз сӯи дигар, Завқибек Солиев дар ҳодисаҳои Украина дасти севвумро гунаҳкор дониста, мегӯяд, ин ҳодисаҳо шабеҳи нооромиҳои солҳои аввали 90-ум дар Тоҷикистон аст, ки метавонад мунҷар ба ҳалокати мардум ва афзоиши ҳисси бадбинӣ дар ҷомиа шавад.

Завқибек аммо мегӯяд, фарқ миёни ҳодисаҳои солҳои 90-уми Тоҷикистон аз имрӯзи Украина дар он аст, ки «дар Тоҷикистон он ҳаводис ба маҳалбадбинӣ замина гузошт, ки то ҳол таъсири он боқӣ мондааст. Аммо дар Украина ин эътирозҳо тавонист ба миллатбадбинӣ замина гузорад. Ин ҷо дасти беруна хеле хуб кор мекунад.»

Ба ақидаи Завқибек, Русия бояд ба умури Украина дахолат намекард. Ӯ мегӯяд, ин дахолат бӯҳронро дар Украина баракс печидатар мекунад.

Ҳамсӯҳбати дигари мо - Зебо Курбонова – бар ин назар аст, ки ҳарчанд аз ин ҳодисаҳо кишварҳои сеюм ба қавле «манфиат» мебаранд, аммо дар сурати ба низоъҳои мусаллаҳона кашидани ҳаводис аз ҳарду тараф онҳое кушта мешаванд, ки ҳамагӣ мардуми Украинаанд.

Аммо Абдулло Абдуллоев, ҳамсӯҳбати дигари мо ба ин бовар аст, ки Русия барои аз худ кардани Украина алакай дер кардааст. Ба гуфтаи Абдулло, Русияро мебоист ин тасмимро аз қабл фикр мекард, ки чи гуна бояд бо кишварҳое, ки зери "итоат" -аш қарор доранд, муносибат кунад.

Вай гуфт, агар сиёсати Русия ҳамин гуна идома кунад ва бо зӯрӣ бихоҳад ки ин кишварҳоро идора кунад, дар ниҳоят аз кишварҳои дигар низ маҳрум хоҳад шуд. Аз сӯи дигар ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд: «Акнун Русия дигар илоҷ надорад. Фикр кард, бо даровардани артишаш ба Қрим Аврупоро метарсонад ва ҳукуматро мегирад, ё ҳамон қисми русгарои Украинаро.»

Дар ин баробар ҷавононе, ки ҳаводиси Украинаро пайваста пайгирӣ мекунанд, аз эҳтимоли такрори ҳодисаҳои Киев дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ изҳори нигаронӣ мекунанд.

Ҳабиб Ҳалимов, яке аз онҳо ба "Озодӣ" гуфт, фақру нодорӣ, бекорӣ миёни қишри фаъоли ҷомеъа ва бештар аз ҳама низоми худкомагӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ, ки ҳар чи бештар реша медавонад, метавонад чунин таҳаввулоти азимро ба миён орад. Ӯву ҷавонони дигар мӯътақиданд, ки ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз имкони эътирозҳои назири Украина бояд бештар дар фикри ҳалли мушкилоти мардум шуда, ба ҳуқуқи озодиҳои мардум арҷи бештар гузоранд.

Тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Украина баъди он шурӯъ шуд, ки Виктор Янукович, раиси ҷумҳури ҳамакнун собиқи Украина моҳи ноябр ғайриинтизор аз имзои аҳдномаи ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи Аврупо даст кашид ва худро баракс ба Маскав наздик кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG