Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумори донишҷӯёни мадрасаҳои хориҷӣ аз минтақаи Кӯлоб дар як соли охир қариб 4 маротиба афзуда, ба 26 нафар расидааст.

Теъдоди ҷавононе, ки аз минтақаи Кӯлоб дар донишгоҳу донишкадаҳои исломӣ таҳсил мекунанд, дар муқоиса бо соли гузашта чаҳор баробар афзоиш ёфтааст. Бархеи инҳо донишҷӯёни нав, вале бархеи дигар ҳамон донишҷӯёни қадимӣ ҳастанд, ки солҳои гузашта аз мадрасаҳои исломӣ иҷборан ба ватан оварда шуданд. Се тан аз донишҷӯёни нав духтарон будаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон аз ин нигарон аст, ки рӯ ба мазҳаб овардани насли нав ва таҳсили онҳо дар давлатҳои исломӣ ба низомӣ дунявӣ дар кишвар латма ворид мекунад ва боиси бархӯрди ҷараёнҳои мазҳабӣ дар кишвар мешавад.

Аз 63 донишҷӯи шаҳри Кӯлоб, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои исломӣ таҳсили ғайрирасмӣ доштанд, дар солҳои гузашта 56 нафар бо фишори ҳукумат ба ватан баргаштанд. Танҳо 7 нафар монда буд, вале мақомот маълум кардаанд, ки ҳоло 26 сокини минтақа ба таври ғайрирасмӣ дар донишгоҳҳои мазҳабии хориҷи кишвар таҳсил мекунанд.

Умедҷон Эмомов, иҷрокунандаи мудири бахши дин дар минтақаи Кӯлоб, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи таҳқиқи мақомоти интизомӣ маълум шудааст, шумораи сокинони Кӯлоб, дар Эрон ва Мисри Араб ба 26 нафар мерасад. Ӯ мегӯяд, аз миёни ин 26 нафар 3 нафараш занонанд. Ба гуфтаи ӯ, мақомот кӯшиш дорад, ин афродро аз хориҷ ба ватан баргардонанд. Аксари онҳое, ки дар мадрасаҳои динии хориҷи кишвар номнавис шудаанд, бо баҳонаи муҳоҷирати корӣ дар Русия аз кишвар берун шудаанд.

“Тибқи маълумоти нав бадастомада, аз 26 нафар толибилме, ки тариқи муҳоҷирати меҳнатӣ ба давлатҳои исломӣ рафтаанд, ин 3 нафараш зан ҳаст. Ин занон ҳоло дар донишгоҳи Ал-Азҳари Мисри Араб таҳсил доранд. Султонова Иқболбӣ, Исмоилова Мулкия аз ҷамоати деҳоти Даҳана ва Шарипова Фирӯза ҳамроҳи ҳамсараш баъди таҳсил ба муҳоҷират рафта, аз онҷо ба кишварҳои арабӣ рафтанд. Дар ин замина чанде дигар аз қабили Талбитов Мирзораҳим, Оятуллои Исмоил, Идиев Абдураҳмон, Самиев Сафар, Шафоев Алишер дар ин рӯйхатанд,”- гуфт Умедҷон Эмомов.

Ин рақам дар ҳоле ошкор шудааст, ки дар рӯйхати ҷангиёни тоҷик дар Сурия ҷавонони минтақаи Кӯлоб ба таври назаррас мушоҳида мешаванд.

Абдулҳамид Шарифов, сармутахассиси дин дар минтақаи Кӯлоб, гуфт, шумораи донишҷӯён аз шаҳр ва нуҳ навоҳии атрофи он ки ғайрирасмӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд, ба 300 нафар мерасид. Ба гуфтаи ӯ, аз ин шумора 280 нафар баргашта ва бо волидайни боқимонда сӯҳбатҳо ороста буданд.

“Аксари шаҳрвандоне, ки пеш дар донишгоҳҳои исломӣ таҳсил мекарданд, аз тариқи муоҳҷирати корӣ боз бо ҳамон ҷойҳои таҳсил мекардаашон рафтаанд. Мо аз 300 нафар, 280 нафари онҳоро бозпас гардонда будем. Аммо ҳоло танҳо аз як худи Кӯлоб 32 нафар будаанд. Ҳоло аз ҳама бештар сокинони Кӯлоб дар Мисри Араб, Эрон ва Туркия ҳастанд,” -афзуд мусоҳиби мо.

Баҳром Шарифзода, сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон моҳи январ ба Озодӣ гуфта буд: “Нисбати 11 сокини миннтақаи Кӯлоб бо иттиҳоми ширкат дар ҷанги Сурия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳоло бештари ин афрод сокинони шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадонӣ мебошанд.

Дар гузашта, теъдоди толибилмон аз ноҳияи Фархор дар мадрасаҳои хориҷӣ ба 48 нафар мерасид. Аз ин шумора то кунун панҷ нафар дар хориҷ мондааст. Соли 2009 дар пайи судури фармон раиси ҷумҳур аз 3054 нафар ҷавононе, ки дар таълимгоҳҳои динии кишварҳои исломӣ таҳсил мекарданд, 2896 нафари онҳо ба кишвар баргардонида шудуанд. Аз ин гурӯҳҳо бахше ба донишгоҳҳои кишвар ва як гурӯҳи кучак ба Доникадаи исломӣ шомил шуданд.

Аммо аксари онҳо баъд аз кӯшишҳои беҳудаи шомил шудан ба донишгоҳҳои Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафтанд ва бархе ҳам бо ҳар роҳи дасрас дубора ба мадрасаҳои исломии хориҷ аз кишвар баргаштанд. Коршиносон мегӯянд, ҳукумат бо ин гурӯҳҳо, ки худаш баргардонида буд, рафтори ҷиддӣ надошт ва ҳадафи худро танҳо дар бозгардонидани онҳо медид.

Ҳоло маълум нест, ки аз тамоми кишвар чӣ теъдоде дубора ба мадрасаҳои исломӣ баргаштаанд. Беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия муҳоҷири корӣ ҳастанд ва қишрҳои заъфпазири онҳо бо таъсири таблиғоти “ҷиҳод” рӯ ба Ховари Миёна ниҳодаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG