Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи "мадраса" дар масҷид ва боздошти як имом дар Кӯлоб


Ниҳодҳои интизомии шаҳри Кӯлоб Комилҷон Файзов, имоми масҷиди панҷвақтаи кӯчаи Лоҳутии ин шаҳрро бо гумони таълими ғайриқонунии мазҳабӣ боздошт кардаанд.

Масъулони шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб рӯзи 20 феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "Комилҷон Файзови 31-сола муддати чанд вақти ахир ба шаҳрвандони синнашон аз 12 то 30-сола таълимоти динӣ медодааст." Ҳамчунин ин имоми масҷидро дар барангехтани кинаву адовати миллӣ тавассути таълими китобҳои ғайриқонуние, ки мақомот пайдо кардаанд, гумонбар дониста мешавад.

Худи Комилҷон Файзов гуфтааст, маълумоти олии динӣ надорад ва солиёни дароз китобҳои мазҳабиро барои такмили дониши худ ҷамъоварӣ мекунад. Ӯ гуфтааст, азбаски дониши мукаммал надошт, нафаҳмидааст, ки ин китобҳо ғайриқонунианд. Ба гуфтаи Файзов, вай китобҳои диниро танҳо ба хотири худ дастрас карда, дар масҷид фақат аз дини мубини Ислом ва аз Қуръони Шариф дарс мегуфтааст.

Ба иттилои кормандони пулиси шаҳри Кӯлоб, дар пайи амалиёти фаврӣ - ҷустуҷӯӣ аз масҷиди кӯчаи Лоҳутии шаҳри Кӯлоб зиёда аз 300 китоби динӣ ва “барангезандаи кинаву адовати миллӣ” ёфт ва мусодира шудааст. Дар ҳамин ҳол, додситонии шаҳри Кӯлоб алайҳи Комилҷон Файзов парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Боздошти як сокини шаҳри Кӯлоб ва он ҳам имомхатиби яке аз масҷидҳои ин шаҳр бо гумони таълими ғайриқонунии мазҳабӣ дар ҳолест, ки ахиран мақомот аз кушта шудани ду сокини ин шаҳр ва яке дигар аз ноҳияи Восеъ дар ҷангҳои Сурия хабар доданд. Ҳамчунин як сокини дигари шаҳри Кӯлоб дар ҷангҳои Сурия аз пояш маҷруҳ шуда, як зодаи Восеъро бо ҷурми ширкат дар ҷангҳои зидди режими Башор Асад маҳкум ба зиндон карданд.

Ин ҳам дар ҳоле ки ошӯбҳо дар Сурия ҳанӯз идома доранд ва бино ба тахминҳои мақомоти расмӣ, ҳудуди 150 шаҳрванди Тоҷикистон аз ду ҷониб ширкат доранд ва умдатан ҳамаи онҳо тавассути кишварҳои сеюм ба Сурия рафта ё дар донишгоҳҳои кишвари арабӣ таҳсил мекарданд. Тибқи бархе маълумотҳо, дар Сурия ҳудуди 200 ҷавони тоҷик таҳсил мекарданд. Аммо ба иттилои додситонии вилояти Хатлон, то ҳанӯз 40 ҷавони минтақаи Кӯлоб дар мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ таҳсил мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир дар вилояти Хатлон ягон мадрасаи мазҳабӣ вуҷуд надорад. Дар солҳои гузашта дар ҷануби Тоҷикистон 3 мадраса – дар Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Ховалинг - фаъол буд, вале дари охиринаш - мадрасаи исломии шаҳри Қӯрғонтеппа – дар тирамоҳи соли гузашта баста шуд. Мақомоти Хатлон гуфтанд, ки ин мадорис аз одитарин шароити таҳсил маҳрум буданд ва то замоне ки чунин шароит барои толибилмонро ба вуҷуд наоранд, амал нахоҳанд кард.

"Толибилмон"-и боздоштшуда
"Толибилмон"-и боздоштшуда
​Вилояти Хатлон – пурҷамъияттарин вилояти Тоҷикистон – дар ҳоле ягон мадрасаи расмии мутавассита надорад, ки ба гуфтаи соҳибназарон, ниёз ба таълими исломӣ дар Тоҷикистони 97 дарсади аҳолиаш мусалмон бештар шудааст. Аммо набуди мадрасаҳои расмӣ дар кишвар орзумандони таҳсили исломиро ночор ба мадрасаҳои махфие, чун мадрасаи Комилҷон Файзов, ваё ба мадориси хориҷӣ тела медиҳад.

Ин дар ҳолест ки мақомоти Тоҷикистон 4 сол боз талош доранд, бо ҳар роҳу васила толибилмони тоҷикро аз мадориси ғайрирасмии кишварҳои исломӣ пас биооранд. Мақомоти тоҷик аз он нигаронанд, ки ҷавонони тоҷик дар ин мадорис метавонанд ба осонӣ ба доми фиреби гурӯҳҳои тундраву ҳатто террорист биафтанд.

Аммо ба иттилои додситонии вилояти Хатлон, аз 301 нафаре ки дар хориҷ таҳсили динӣ мекарданд, то имрӯз 40 ҷавон аз минтақаи Кӯлоб дар мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ боқӣ мондаанд. Бақияро ин мақомот дар пайи дастури 4 сол пеши раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон пас оварданд.
XS
SM
MD
LG