Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии вилояти Суғд мегӯяд, ду узви ҷараёни мазҳабии "Салафия" дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, панҷ тани дигарашон ба шарти аз маҳалли иқомат берун нарафтан дар озодиянд.

Додситонии вилояти Суғд дар шарҳи боздошти гуруҳи 11-нафарии пайравони ҷараёни мамнӯи “Салафия” гуфт, танҳо алайҳи ҳафт тани онҳо парванда боз шуда, чор нафарашон ба ҳайси шоҳид баромад хоҳанд кард. Додситонӣ мегӯяд, ин чор нафар узви “Салафия” набуда, аммо бо пайравони боздоштшудаи ин равияи мазҳабӣ ошноӣ доштаанд.

Ҳоло таҳқиқи қазияи гуруҳи 11-нафариро шуъбаи тафтиши парвандаҳои махсусан муҳими Додситонии Суғд бар уҳда дорад. Шӯҳрат Солеҳзода -- сардори ин шуъбаи додситонии Суғд дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз ин гурӯҳи 11-нафарӣ танҳо 2 нафар -- Шӯҳрат Қузибоев, сокини шаҳри Хуҷанд ва Умед Ҳоҷиев, сокини ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мавриди ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Ӯ афзуд, “ин ду раҳбари гурӯҳ мутобиқи 2 банди Кодекси ҷиноӣ - 307, иловаи 3, қисми 2 (иштирок дар фаъолияти экстремистии равияи Салафия, ки дар Тоҷикистон манъ карда шудааст) ва 189, қисми 1 (барангехтани кинаю адовати динӣ) айбдор карда мешаванд. Нисбат ба 5 нафари дигар айб танҳо аз рӯйи банди 189, қисми 2 пешниҳод шудааст ва онҳо замони тафтиши парванда бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зисти худ дар озодӣ ҳастанд.”

Оқои Солеҳзода дар бораи 4 тани боқимондаи гурӯҳи 11-нафарӣ гуфт, онҳо дар таҳқиқи парванда “ба ҳайси шоҳид” ҷалб карда шудаанд. “Онҳо бо ин гурӯҳ ошноӣ дошта, аммо пайрави ҷараёни Салафия набудаанд”,-афзуд ӯ.

Иттиҳоми “барангехтани кинаву адовати динӣ” ба гунаҳкор ҷазои аз 5 то 10 сол маҳрум сохтан аз озодӣ ва “иштирок дар созмон ё равияи экстремистии фаъолияташаш дар Тоҷикистон мамнoъ” аз 3 то 5 соли ҳабс ва ҷарима ба aндозаи аз 1 то 2 ҳазор маоши ҳадди ақалро пешбинӣ мекунад.

Шӯҳрат Солеҳзода, сардори шуъбаи тафтиши парвандаҳои махсусан муҳим дар додситонии вилояти Суғд, дар идомаи сӯҳбаташ ба хатарҳои Салафия дар Тоҷикистон ҳам таъкид кард аз ҷумла гуфт: “Мо, аксари кулли мардуми Тоҷикистон аз мазҳаби Имоми Аъзам Абӯҳанифа пайравӣ мекунем ва аз рӯи ақидаи мазҳаби ҳанафӣ ва фармудаву қоидаҳои он бар пояи “Қуръон” ва ҳадис маросими диниро ба ҷо меорем. Вале пайравони равияи Салафия қоидаву тартибҳои худро ҷорӣ карданӣ ҳастанд. Мисоли оддӣ, онҳо дар намозхонӣ қоидаҳои худро доранд, “омин”-ро баланд мегӯянд, баъзе фатвоҳои хилофи мазҳаби ҳанафӣ ҳам медиҳанд. Пайравони равияи салафӣ ин фаҳмишу назарҳои хилофи мазҳаби ҳанафиро дар байни мардум тарғибу ташвиқ карда истодаанд, ки тафриқаандозӣ байни пайравони мазҳабҳо аст. Ин ба иззати нафси пайравони мазҳаби ҳанафӣ мерасад ва боиси талошу низоъҳо байни сокинон шуда истодааст ва оқибат, ба талошу ҷанг мерасонад.”

Баъд аз экстримистӣ эълон шудани ҷараёни Салафия дар Тоҷикистон дар моҳи декабри соли гузашта ин боздошт ва парвандаҳои аввали алайҳи пайравони ин гуруҳи мазҳабӣ дар Суғд аст.

Бар асоси тафтиши аввалия, 7 нафари гумонбар ба пайравӣ аз Салафия” то замони боз кардани парванда танҳо ба тарғибу ташвиқи ақидаҳои ин равия дар байни сокинони маҳаллӣ ва зиёд кардани сафҳои худ машғул буда, барномаҳое барои барҳам задани оромӣ дар ҷомеа рӯи даст надоштаанд. Вале масъулони додситонии Суғд мегӯянд, дар сурати нуфуз ва ҷонибдорони зиёд пайдо кардан эҳтимоли он аст, ки пайравони Салафия низ ба иқдомҳои қудратталабӣ даст зананд. Аъзои гурӯҳи боздоштшуда аз 25 то 40-сола буда, бархе дар кишварҳои арабӣ таҳсили исломӣ дидаанд. Аз ҷумла, раҳбари ин гурӯҳ, Шӯҳрат Қӯзибоев 29 сол дошта, дар шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ таҳсил кардааст.

Пулиси Суғд мегӯяд, онҳо дар масҷидҳои панҷвақтаи маҳаллаи “Сари баланд”-и Хуҷанд ва “Ғозиён”-и ноҳияи Ғафуров ақидаҳои Салафияро тарғиб мекарданд ва дар натиҷа байни намозгузорон баҳсу талошҳо сар зада, бархе сокинон ба мақомот шикоят бурданд.

Эшони Сироҷиддин ва пайравонаш дар додгоҳ. Акс аз соли 2009

Эшони Сироҷиддин ва пайравонаш дар додгоҳ. Акс аз соли 2009

Ҳаракати Салафия дар Тоҷикистон бо ҳукми қаблии Додгоҳи олӣ аз 8 январи соли 2009 манъ шуда буд, вале рӯзи 8 декабри 2014, дар пайи афзоиши гузоришҳо дар бораи ширкати пайравони ин равия дар ҷангҳои Сурияву Ироқ дар сафи созмонҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ”, Душанбе билохира ба эътирофи салафиҳо ҳамчун нерӯи ифротӣ иқдом кард. Қаблан яке аз мушовирони раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, Душанбе ба хотири бад нашудани равобиташ бо давлатҳои арабӣ, аз ҷумла бо Арабистони Саудӣ, аз таъқиби салафиҳо худдорӣ мекунад.

Нахустин гурӯҳи пайравони ин равия дар Тоҷикистон низ дар ҳамон сол маҳкум ба зиндон шуданд, ки дар миёнашон Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф ба Эшони Сироҷиддин ва писараш Киромиддин низ буданд.

Соли 2009 буд, ки мақомоти интизомии Суғд эълон карда буданд, ки “156 пайрави равияи Салафия” дар ин минтақаро муайян кардаву зери “назорати фаврӣ” гирифтаанд ва дар ҳоли тарки ин равия накарданашон мақомот алайҳи онҳо мутобиқи қонунҳои кишвар чора меандешанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG