Пайвандҳои дастрасӣ

Оҷонсии байналмилалии хабарии Рейтер дар миёни суратҳои 300 аккоси беҳтарини 11 кишвари пасошӯравӣ 3 акси Нозим Қаландаровро аз Тоҷикистон ҳам қадрдонӣ кардааст.

Зӯҳро, нигаҳбони шерҳо дар боғи ҷонварони Тоҷикистон дар даст пораи гӯште бо яке аз шерҳо бозӣ дорад ва шер ҳам бо умед, мисли як инсон ба сӯи ин зан даст дароз кардаву мехоҳад аз ин луқма маҳрумаш насозад. Дар шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон кам нафаре аст, ки ҳадди аққал як бор ин аксро надидаву зераш "лайк" нагузошта бошад. Ин акси маъруф, ки чанд сол аст дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад бо дурбини аккоси тоҷик Нозим Қаландаров гирифта шудааст ва ҳоло ин тасвири ҷолиб марзи сафҳаҳои интернетро дар Тоҷикистон убур карда, ба феҳрасти беҳтарин аксҳои 15 соли ахири оҷонсии Рейтер шомил шудааст.

Оҷонсии байналмилалии хабарии Рейтер бо нашри як албоми вижа беҳтарин аксҳои 300 аккос аз 11 кишвари пасошӯравиро гирд овардааст. Аз Тоҷикистон дар ин албом 3 акс ва ҳар се ҳам аз аксбардори ҳирфаӣ - Нозим Қаландаров ҷой дода шудааст. Дар баробари акси Зӯҳро ва шери бадҳайбаташ дар ин албом, ҳамчунин аксе аз лаҳзаи талошу ҷанҷоли сокинон барои хариди асъори хориҷӣ ва як акси дигаре ҳам аз ҷараёни маъракаи бузкашӣ ба унвони беҳтарин аксҳои як даҳсолаи ахир ҷой дода шудаанд.

Нозим Қаландаров рӯзи сешанбеи 6 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин аксҳо дар солҳои мухталиф ва бадоҳатан ба чашми дурбинаш афтодаанд. Вай ба ёд овард, ки акси Зӯҳро ва шерро соли 2011, вақте бардоштааст, ки аз боғи ҷонварон дидан мекард. Ин лаҳзае буд, ки Зӯҳро шерро барои ду дақиқа аз қафас берун овард ва кормандони боғи ҷонварон бояд ҷои хоби ҷонварро тоза мекарданд. Акс муваффақ омад ва худи ҳамон рӯз, вақте онро ба Рейтерс фиристод, 20 январ буд, акси рӯз шуд ва дар охири ҳамон сол ин акс - акси сол унвон шуд”.

​Аксар аксҳои суратгири тоҷик - Нозим Қаландаров мӯҳтавои хабарӣ доранд ва аз ҷои ҳодиса, нуқтаҳои доғ ва маъракаҳои муҳими дигар бардошта шудаанд. Нозим Қаландаров, ки ҳоло ба ҳайси фоторепортёр дар оҷонсии хабарии “Азия-плюс” фаъолият дорад, ҳамзамон аз соли 2001 бо хабаргузории Ассошейтед Пресс ва аз соли 2004 бо оҷонсии Рейтерс ҳамкорӣ мекунад. Ба гуфтаи ин аккоси тоҷик, талабот ба акс дар оҷонсиҳои ҷаҳонӣ мисли Рейтерс хеле сахт аст. Вай мегӯяд, ин оҷонсӣ, ки соли 1851 дар Лондон таъсис ёфта то имрӯз аз мӯътабартарин бунгоҳҳои хабарии ҷаҳон маҳсуб мешавад, ба сифати кор таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дорад. Ба гуфтаи Нозим Қаландаров, гоҳо аз 30 акси фиристодааш яктоаш ҳам ба саҳифаи ин расона роҳ дода намешавад. Вай мегӯяд, ҳоло маҳз ҳамин оҷонсиро барои худ як мактаби хуби касбӣ мешиносад ва баъди шурӯи кор бо ин расона бисёр иштибоҳҳои худро фаҳмида ва роҳҳои аксбардории ҳирфаиро аз онҳо омӯхтааст.

Аккоси касбӣ, ба гуфтаи Нозим Қаландаров, аз миёни садҳо саҳна, бо нигоҳи хосаш бояд лаҳза ва чеҳраву тасвири дурустро дида ва ба дурбинаш бардошта тавонад. Барои ин на танҳо ҳунари дарк ва эҳсоси дурусти вазъият лозим аст, нақши хеле муҳимро дастгоҳи ҳирфаии аксбардорӣ бозӣ мекунад. Вай мегӯяд, барои бардоштани баъзе саҳнаҳо хеле вақти кӯтоҳ - лаҳза ё они воҳид лозим аст. Ин лаҳзаҳо нодиранд, мегӯяд ӯ ва баёнгари мазмуну мӯҳтавои хеле зиёд ҳастанд, ки на ҳар кас онҳоро дидаву сари вақт бардошта метавонад. Вай мегӯяд, чунин лаҳзаҳоро, мутаассифона, бо дастгоҳҳои чандрасонаии мисли смартфону планшет бардоштан хеле сахт аст, дастгоҳҳои касбӣ лозиманд.

Бо ин вуҷуд ба гуфтаи Нозим Қаландаров, фанновариҳои ҷадид дар ҷодаи аксу наворгирӣ, ки ба ҳар кас имкони суратгириро фароҳам овардаанд, мавқеи аксбардорони ҳирфаиро дар тамоми ҷаҳон то ҷое танг кардааст. Ҳоло, мегӯяд ӯ, пештозтарин расонаҳои хабарӣ ва оҷонсиҳо ҳам ба телефону планшет бартарӣ медиҳанд. Ин фанновариҳо камхарҷтаранд ва ниёзро ба аксбардорони вижа камтар кардаанд. Аз ҳамин ҳисоб, журналистон дар расонаҳои хабарӣ пурҳунар шуда, дар баробари пайгирии хабару таҳаввулот, аксу наворбардорӣ мекунанд. Нозим Қаландаров мегӯяд, ҳоло суратгирони ҳирфаӣ дар Тоҷикистон худро бештар ба маҷаллаҳои тафреҳӣ, кор дар тӯю ҷашнҳо ва ҳамкорӣ бо ситораҳои ҳунар задаанд.

Дар ҳамин шароит ҳам, мегӯяд, ӯ таваҷҷӯҳи ҷавонон ба суратгирии ҳирфаӣ хеле боло рафтааст, ҳарчанд мактаби вижае барои омӯзиши ин ҳунар надоранд ва бо роҳи худомӯзиву бо истифода аз интернет нозукиҳои ҳунарро азхуд мекунанд. Худи Нозим Қаландаров ҳам таъкид мекунад, ки аксбардори ҳирфаӣ нест, ихтисоси ӯ физик аст. Вақте ба кор дар "Азия-Плюс" дархост дод, аввал аз кори як техник ё корманди фаннӣ шурӯъ кард. Тадриҷан шавқу ҳавас ва муҳаббат ба аксбардорӣ боло гирифт ва ӯ дурбини касбиро ба даст гирифта ба кор пардохт. Мегӯяд, пайваста дар Интернет кори аксбардорони ҳирфаиро меомӯзад ва талош мекунад, ки ҳунари онҳоро азхуд кунад.

Нозим Қаландаров соли 2005 ба ҳайси аккоси президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам фаъолият кардааст ва баъдан, ба гуфтаи худаш, бо сабабҳои оилавӣ, аз ин кор канор рафт.

Нозим мегӯяд, бисёр мехоҳад, ки дар Тоҷикистон як мактаби ҳирфаии аккосӣ, ҳадди аққал дар назди факултаи журналистикаи донишгоҳҳои маҳаллӣ ифтитоҳ шавад, то ки суратгирони ҳирфаӣ ва мактабдидаро тарбия кунанд. Ин бозор, мегӯяд вай, ҳамоно холӣ аст ва метавонад дар оянда истеъдодҳои навро кашф кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG