Пайвандҳои дастрасӣ

«Амонатбонк» ният дорад то як моҳи дигар тамоми кортҳои бонкии нафақахӯронро дар Тоҷикистон иваз кунад.

Ин бонк, ки масъули пардохти нафақапулиҳост, ният дорад, то як моҳи дигар дубора кулли кортҳои нафақахӯронро ба корти плостикии дохилӣ иваз кунад. Аммо аксарияти нафақахӯрон, ки то ҳол ба тартиби кори кортҳои плостикии худ одат накардаанд, мегӯянд, аз нав иваз шудани кортҳо кори онҳо дучанд мушкил мекунад.

Сайёра Боқиева, бознишастае аз шаҳр Душанбе мегӯяд, барои солмандон ошно шудан ба низоми кортҳои плостикии хеле душвор аст: «Чашмони ман ба тугмаҳои он банкомат намегузарад. Қаблан хуб буд, ки нафақаро то дари хона оварда медоданд. Чунки вазъи сиҳатии нафақахӯрон на ҳама вақт хуб аст. Аммо ҳоло хоҳ касалӣ, хоҳ хаста, бояд худат рафта нафақаатро аз кортат бигирӣ».

Хонум Боқиева меафзояд, вай дар ду ва ё се моҳ як бор ҳамроҳи наберааш ба назди банкомат рафта, нафақаашро мегирифт. Аммо ба гуфтаи Боқиева, иваз шудани ин кортҳо ташвиши онҳоро дучанд мекунад ва ӯ то ҳанӯз намефаҳмад чаро ин кортҳо дубора иваз карда мешаванд.

Аммо Сайфулло Салимов, сухангӯи «Амонатбонк» мегӯяд, иваз шудани кортҳои нафақахӯрон танҳо бар суди онҳост, чунки баъди аз ин онҳо саривақт метавонанд нафақаи худро аз банкоматҳо бигиранд: "Вақте нафақахӯрон ба корти дохилимиллӣ мегузаранд, ин пулҳо бевосита дар дохили кишвар дар маркази протсесинги «Бонки миллӣ» тақсим мешаванд, на системаи бонкии Русия.»

Ҷаноби Салимов мегӯяд, қаблан чун кортҳои бонкӣ дар Русия контрол мешуданд ва ҳангоми пардохти нафақаҳо мушкил сар мезад. Ба унвони мисол, гуфт вай, дар Русия ҳамаи кормандон то 12-уми моҳи январ истироҳат мекунанд ва бинобар ин «Амонатбонк» наметавонист нафақаҳоро сари вақт бипардозад, ҳарчанд, ки пули нафақаро Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоӣ ба суратҳисоби «Амонтабонк» ворид мекард.

Бояд гуфт, ба корти дохилӣ гузаронидани кулли нафақахӯрон онҳоро аз имконияти дар хориҷа истифода кардани кортҳои плостикӣ маҳрум мекунад. Чунки низоми аввалини корти дохилӣ, ки «Бонки миллӣ» роҳандозӣ кардааст, то ба ҳол танҳо дар банкоматҳои «Амонатбонк» ва «Агроинвестбонк» кор мекунаду халос.

Гулнора Ҳасанова, раиси «Амонатбонк» дар нишасти охири хабарӣ дар посух ба суоли хабарнигорон, ки чаро сараввал ба нафақахӯрон корти дохилӣ дода нашуд ва чаро банкҳо ба нафақахӯрон ройгон хизмат намерасонанд, гуфт: «Мо сар аз соли 2009 ба додани кортҳои плостикӣ ба нафақахӯрон оғоз кардем. Аммо бунёди маркази просесингии миллӣ дар Бонки миллӣ каме тӯл кашид. Бинобар ин, мо кортҳои байналмилалӣ додем ба нафақахӯрон ва ҳоло, ки маркази просесингии миллӣ ба кор шурӯъ кард, мо ба ин низоми кортӣ гузаштем. Ҳарчанд, ки ин хароҷоти иловагиро талаб мекунад».

Хонум Ҳасанова нагуфт, ки барои нашри ин кортҳои плотикӣ чӣ миқдор пул сарф шудааст, аммо гуфт, ислоҳот, ки ҷараёни гардиши пулро азонтар мекунад, имкони ба баррасии масъалаи ройгон кардани хидматрасонӣ ба нафақахӯронро низ фароҳам хоҳад овард. Тоҷикистон бо 8 миллион аҳол, ба истиснои нафақахӯроне, ки ҳанӯз кор мекунанд, 597 652 нафар нафақахӯр дорад. Нафақаи миёна дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 152 сомонист.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG