Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як шабакаи фаромиллии ҷиноӣ аз банкоматҳои беш аз 25 кишвар 45 миллион долларро ба яғмо бурдааст, вале мақомоти бонкии Тоҷикистон мегӯянд, банкоматҳои ин кишвар аз ин ҳамлаҳо зиён надидаанд.

Мақомоти Амрико мегӯянд, як шабакаи киберҷиноӣ бо сирқати захираи маълумоти кортҳои дебетӣ ҳазорон банкомат дар беш аз 25 кишвари дунёро холӣ карда, 45 миллион долларро ба яғмо бурдааст. Ин яке аз бузургтарин дуздии бонк дар таърих ном бурда мешавад. Ин шабакаи ҷиноӣ тавонистааст банкоматҳо дар паҳнои бузурге, аз Амрикову Бритониё то Канадаву Колумбия, аз Мисру Шри-Ланка то Ҷопону Покистон, аз Олмону Фаронсаву Бритониё то Итолиёву Руминия ва Украинаву Русияро ғорат кунад.

Аммо як намояндаи масъули Бонки миллии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар мавриди дар ин "дуздии аср" зиён дидан кадом муштарии тоҷик то ҳол шикояте ба дасти онҳо нарасидааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, гардиши пул дар банкоматҳои Тоҷикистон ҳанӯз он қадар бузург нест, ки таваҷҷӯҳи шабакаҳои ҷиноии фаромиллиро ҷалб кунад.

Додситонҳои Амрико мегӯянд, ин амалиёти ғоратгарӣ дар ду марҳала моҳҳои декабр ва феврал рух додааст. Мақомоти амрикоӣ бо иттиҳоми узвият дар бахши Ню-Йорки ин шабакаи ҷиноӣ 7 нафарро дастгир кардаанд. Онҳо дар сирқати 2,8 миллион доллар пули нақд дарзарфи камтар аз як рӯз айбдор мешаванд.

Бино ба хабарҳо, нафаре, ки бовар мерафт, раҳбари бахши амрикоии ин шабакаи киберҷиноӣ бошад, моҳи гузашта дар Ҷумҳурии Доминикан, як ҷазиракишвари воқеъ дар ҳавзаи Кариб, кушта шудааст.

Додситони минтақаи Бруклини Ню-Йорк Лоретта Линч ин дуздиро “бузургтарин ғорати бонк дар асри 21” аз сӯи дуздони, ба таъбири ӯ, берӯву густох, номид. Мақомот мегӯянд, симои яке аз яғмогаронро видеокамераи яке аз банкоматҳои Ню-Йорк дар ҳоле сабт кардааст, ки ҷузвдони пушташро пур аз пул карда буд. Дигарон дар аксҳо бастаҳои санадҳои бонкӣ дар даст дар давру бари Манҳеттен зоҳир шудаанд.

Ассошиэйтед Пресс аз қавли Лоретта Линч навишт, аз ин “дуздии аср” зоҳиран на афроди алоҳида, балки асосан кортҳои дебетии худи бонкҳо зиён дидаанд. Гуфта мешавад, шабакаи яғмогарон дар моҳи декабр тавонистааст 5 миллион долларро ба яғмо барад. Дар марҳалаи дувум, ки моҳи феврал рух дод, ба аъзои ин шабакаи ҷиноӣ муяссар шудааст, бо анҷоми 36 000 амалиёти бонкӣ дар зарфи ҳамагӣ 10 соат 40 миллион долларро ба ҷайб бизананд.

Ба бовари мақомоти амрикоӣ, ин шабакаи фарогирро дар Амрико нафаре бо номи Алберто Юсӣ Лахуд-Пена раҳбарӣ мекард, ки ба гуфтаи додситонҳо, моҳи гузашта дар Доминикан кушта шуд. 7 боздоштшудаи дигар дар Ню-Йорк низ зодагони Доминикан будаанд. Ҷасади Лахуд-Пенаро бо як ҷузвдоне пайдо кардаанд, ки 100 000 доллар дошт. Мақомоти Доминикан як нафарро боздошт карда ва ду нафарро таҳти ҷустуҷӯ қарор дода, гуфтаанд, ки иллати қатли ӯ қасди нокомшудаи ғорати пулу молаш буд. Ба истилоҳи маъруф, дуздро қарақчӣ задааст.

Гуфта мешавад, захираи маълумоти бонкиии лозим барои анҷоми ин дуздиро ҷинояткорон бо рахна задан дар махзани маълумоти бонкҳои Ховари Миёна ба даст овардаанд. Дар авоили солҳои 80, ки банкоматҳо тоза роиҷ мешуданд, солона аз онҳо аз 70 то 100 миллион доллар дуздӣ мешуд. Ассошиэйтед Пресс мегӯяд, дар ин 30 сол ҳаҷми дуздӣ аз банкоматҳо ба маротиб афзуда, алакай дар соли 2008 ба 1 миллиард доллар дар сол расидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG