Пайвандҳои дастрасӣ

Ноогоҳии аксари бознишастагон, сабаби навбатҳои дарози назди банкоматҳо мешавад.

Пиразане дар назди банкомат аз ҷавони раҳгузар хоҳиш мекунад, ки бо истифода аз корти пластикӣ нафақаашро аз ин “қуттии оҳанин” берун гирад.

Ҳарчанд дар тамоми дунё муштариён кӯшиш мекунанд, ки ҳангоми пулгирӣ аз банкомат, коди худро пинҳон доранд, солмандони тоҷик омодаанд, на танҳо коди махфӣ, балки ҳамаи маълумоти марбут ба ҳисоби бонкии худро ба шахсони тасодуфӣ ошкор намоянд.

Бо холаи Моҳпайкар, ки 60 сол дорад, ба ҳангоми навбатпойи паси яке аз банкоматҳо, ҳамсӯҳбат шудем. Ӯ гуфт, ҳарчанд ним сол аст, ки нафақаи ночизашро ба воситаи корти-плостикӣ мегирад, то ҳанӯз истифодаи онро наомӯхтааст ва ҳамеша барои гирифтани пул аз нафари ҳампаҳлӯ кӯмак мепурсад. Ин дафъа холаи Моҳпайкар корти-плостикияшро бо рақами рамзӣ ё “пин-код”, ки бояд танҳо худи ӯ донад, ба ман дароз кард ва хоҳиши кӯмак намуд. Вай мегӯяд, «мо ки кампири пенсионерем, ҳамеша бачаҳои ҷавонро хоҳиш мекунем, ки пуламонро гирифта диҳанд. Номери картаро низ мегӯем. Бачаҳои тоҷик дузд нестанд, баръакс ёрдам мекунанд. Ба онҳо раҳмат. Худи ман то синфи сеюм таҳсил кардаам ва ин кортро истифода кардан наметавонам. Барои омӯхтан ҳам аллакай дер шудааст. »

Бахти холаи Моҳпайкар баландӣ кард ва ӯ нафақаи худро, ки 200 сомонӣ буд, ба даст гирифт. Аммо як марди бузурсоли дигар, ки ӯ низ бо кӯмаки атрофиён чандин бор кортиплостикияшро ба банкомат ворид карда рақамчинӣ намуд, аз назди ин мошина ноумед дур шуд. Ин пирамард, ки Мирзо Назаров ном дошт, уфт рӯзи сеюм аст, ки назди ин бонк меояд, аммо наметавонад пулашро бигирад. Зеро ба ҳангоми интиқоли моҳонааш ба корти-плостикӣ мушкил пеш омадааст: «Ман ҳоло барои истифодаи ин корт одат накардаам. Ақаллан ягон корманди бонк ҳам нест, ки ба мо тарзи истифодаашро ёд бидиҳад. То омӯхтани забони банкомат, вақти зиёд лозим аст. Вақтҳои пеш беҳтар буд, ки моҳонаро аз коргоҳ мегирифтем. Ҳоло саргардон шуда меоем, навбат бисёр, банкомат бошад кам. Бар замми ин пул сари вақт намегузарад. Хулоса мо овора.»

Мавҷудияти чунин мушкил дар ҳолест, ки бино ба маълумоти Бонки миллӣ, тайи нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми амалиёти молиявӣ тавассути кортҳои пластикӣ дар кишвар 75 дарсад афзуда, аз ин кортҳо наздик ба 500 ҳазор нафар истифода мебаранд.

Дар ҳамин ҳол бино ба таҳлили ахири Сандуқи Байналмилалии Пул, ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ба 100 ҳазор нафар як бонкмат рост меояд. Ин нишондод аз Қазоқистон бештар, аммо аз Қирғизистону Узбакистон пойинтар будааст.

Баҳром Шарипов, як коршиноси умури бонк мегӯяд, пардохти маош ва нафақа тариқи кортҳои пластикӣ ин раванди муосир ва пешрафта аст ва ба танзим даровардани гардиши пул бо ин усул истифодаи оқилона ва иқдоми зарурист. Аммо ба гуфтаи ин таҳлилгар, бинобар камбуди банкоматҳо ва сари вақт интиқол аёфтани маблағҳо ба кортҳои плостикӣ, мушкили бознишастагон ва кормандони буҷавиро ба маротиб бештар мекунад. Баҳром Шарипов афзуд: «Мушкил он аст, ки пул дар банкоматҳо тез тамом мешаванд ва ин боиси норозигии мардум
мегардад. Аз сӯи дигар, истифодабарии кортҳои плостикӣ як намуди омӯзиши молиявӣ аст. Албатта ҳар чизи навро дар аввал мушкил аст, аммо тадриҷан ин ба як раванди муайян хоҳад гузашт.»

Абдуғаффор Қурбонов, раҳбари хадамоти матбуоти Бонки Миллӣ мегӯяд, ҳоли ҳозир бонкҳо ва ҳам корхонаҳо барои дорандагони кортҳои плостикӣ омӯзиш ва бартарияти корбарӣ аз ин кортҳо фаҳмонида мешавад. Абдуғаффор Қурбонов аз ҷумла гуфт: «Чун бештар мардум бо пули нақд одат кардааст ва аз ҷониби дигар дар бештар ҷойҳо доду гирифт бо корти плостикӣ роиҷ нест, бинобар ин талабот ба пули нақд боқӣ мемонад. Аммо истифода аз кортҳои плостикӣ буҷаи давлатиро метавон ғанӣ кард. Дар ин ҳолат нафақа сари вақт пардохта мешавад ва ҳам дигар имтиёзҳои иҷтимоӣ бештар мегардад.»

Бо ин ҳама иқтисоддонҳои тоҷик мавҷудияти мушкилотро дар истифодаи кортҳои плостикӣ гузаро меноманд. Онҳо мегӯянд, дар ду ва ё се соли наздик бо афзудани банкоматҳо дар кишвар ва имкониятҳои тариқи интернет пардохт кардани хидматрасониҳо, талаботи аҳолӣ б кортҳои плостикӣ бештар хоҳад шуд. Танҳо зарур аст аз ҳоло ба истифодаи дурусти кортҳо замина гузошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG