Пайвандҳои дастрасӣ

"Амонатбонк" дар ҳоле ба соҳиби корт шудани нафақахӯрон талош дорад, ки на ҳамеша дар банкоматҳо пул ёфт мешавад.

Дар ҳоле “Амонатбонк” саъй дорад шумори ҳар чӣ бештари нафақагиронро бо кортҳои пластикӣ таъмин кунад, ки бахши аъзами онҳо мегӯянд, нафақаи худро на ҳамеша аз банкоматҳо мегиранд.

Латофат-хола, сокини шаҳри Душанбе, ки тӯли чанд соли ахир 118 сомонӣ ҳуқуқи бознишастагӣ мегирад, як сол боз дар даст корти плостикии "Амонатбонк"-ро дорад.

Вале ӯ дар бораи гирифтани нафақааш чунин гуфт: "Мо аз банкомат пул намегирем. Мегӯянд, ки банкоматҳо пулро кам медиҳанд. Ман нафақаамро рафта аз худи бонк мегирам."

Ин дар ҳолест, ки сар аз чаҳоруми январи соли ҷорӣ "Амонатбонк" ба иҷрои даври севуми барномаи пардохтҳои муосир бо усули кортҳои пластикӣ барои нафақахӯрон оғоз кардааст. Имсол "Амонатбонк" тамоми мардуми бознишаста дар шаҳрҳои Норак Хуҷанд, Турсунзода, Исфара, Табошар, Хоруғ, Истаравшан, Ваҳдат ва Ёвонро бо кортҳои пластикӣ таъмин хоҳад кард.

Хуршед Ҷобиров, аз бахши кор бо кортҳои пластикии "Амонатбонк" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, нафақахӯрон барои дарёфти кортҳои пластикӣ ва ҳамчунин ивази он пул пардохт намекунанд. Ҷаноби Ҷобиров низ таъйид кард, ки бахши аъзами нафақахӯрон ҳуқуқи бознишастагии худро на аз банкоматҳо, балки аз шӯъбаҳои бонкҳои маҳалли зисташон мегиранд.

Пештар нафақахӯрон аз саривақт нарасидани ҳуқуқи бознишастагияшон шикоят мекарданд...

Пештар нафақахӯрон аз саривақт нарасидани ҳуқуқи бознишастагияшон шикоят мекарданд...

Ҷаноби Ҷобиров дар посух ба арзи нафақахӯрон, ки банкомат моҳонаро комил намедиҳад, гуфт: "Ин иддао, ки банкомат пули онҳоро комил намедиҳад, дуруст нест. Балки дар бархе аз банкоматҳо 5, 3 ва ё ду сомонии боқимондаро намедиҳад. Мо ин амалро ҳама вақт ба нафақахӯрон мефаҳмонем."

Баҳром Шарифов, коршиноси умури бонкӣ гуфт, иҷрои ин амалиёт ба "Амонатбонк" аз се ҷиҳат фоида меорад. Якум, барномаи гузаштан ба усули пардохти муосир, яъне истифода аз кортҳои пластикӣ аз сӯи ниҳодҳои сармоягузори байнулмилалӣ сармоягузорӣ мешавад. Ҷиҳатҳои дигарро ҷаноби Шарифов ин гуна баршумурд: "Хароҷоти хизматрасонии пардохти нафақа кам мешавад. Масалан, "Амонатбонк" як дарсади пули Фонди нафақаи ҷумҳуриро мегирад. Дар ҳоле ки як корти пластикӣ 20 сомон арзиш дорад. Гузашта аз ин, теъдоди хазинадорҳо ва қоғазбозӣ дар бонк аз байн меравад ва хазинадорҳо ба корҳои дигар машғул мешаванд."

Бо ин вуҷуд, дар аксар ҳолат аз набудани пул дар банкоматҳо на танҳо нафақахӯрон, балки тамоми сокинони пойтахт азият мекашанд.

Масъулони “Амонатбонк” мегӯянд, ҳоло дар Тоҷикистон 164 терминали тақдими нафақа дар ихтиёри 59 ҳазор нафақагир қарор дорад ва агар барнома бо муваффақият иҷро шавад, шумораи нафақагирони кортдор ба 168 ҳазора нафар ва шумораи банкоматҳо то 245 афзоиш хоҳад ёфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG