Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари Фаромуз: "Вай сархуш набуд. Садама ба иллати техникӣ шудааст"


Акси Фаромуз Саидов аз саҳифаи Фейсбук гирифта шудааст
Акси Фаромуз Саидов аз саҳифаи Фейсбук гирифта шудааст

Фаромуз Саидов, писари муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов, дар шӯъбаи ҷарроҳии асаб (нейрохирургия)-и бемористони Қарияи Болои Душанбе бистарӣ будааст.

Модари Фаромуз рӯзи 16 сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки писараш ҳангоми садама аз сар зарбаи шадид хӯрдааст ва ҳоло таҳти назорати пизишкон қарор дорад. Аммо иҷоза надод, ки ин суҳбати ӯ дар дастгоҳи наворбардорӣ сабт шавад.

Писари ман бо тарбия аст, вай сархуш набуд ва хоҳиш мекунам, ки расонаҳо дуруст нависанд. Ман ду дафъа ҳаҷ кардаам, фарзанди бетарбия калон накардаам.

Шаби 10 сентябр дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт садамае бо иштироки Фаромуз Саидови 23-сола рух дод ва масъулони Вазорати корҳои дохилӣ дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, ки бар асари он ду нафар ҳалок шудааст.

Навбатдори шӯъбаи нейрохирургия дар бинои 8-уми Қарияи Боло иҷоза надод, ки ба утоқи Фаромуз ворид шуда, вазъияташро аз наздик бибинем. Вале модараш гуфт, вазъияти ӯ чандон хуб нест ва "тайи шаш рӯз боз гоҳе ба худ меояд ва зуд аз ҳуш меравад". Вай иддао кард, ки мошини таҳти идораи писараш ба ӯ тааллуқ дошт ва ду ҳафта қабл харидори шуд.

Модари Фаромуз, инчунин, хабари расонаҳоро дар бораи садамаи фарзандаш воҳима донист ва гуфт, ки сарусадо дар бораи гӯиё сархуш будани писараш поя надорад. Вай афзуд, "ин тавр нест. Сабаби аслии ин садама мушкили чанбараки мошин, яъне ба иллати фаннӣ рух додааст. Вақте мехостааст, ба самти дигар ҳаракат кунад, ки чанбараки мошин якбора часпидааст ва ба мошини дигар бархӯрдааст. Писари ман бо тарбия аст, вай сархуш набуд ва хоҳиш мекунам, ки расонаҳо дуруст нависанд. Ман ду дафъа ҳаҷ кардаам, фарзанди бетарбия калон накардаам."

Модари Фаромуз гуфт, бо вуҷуди он ки садамаи писараш тасодуфӣ буд, вале онҳо омода ҳастанд, ки ба хонаводаи қурбониёни ин садама кумак кунанд. Аз ҷумла, ӯ гуфт, "субҳи ҷумъа наздикони Рустам Сатторов, сокини ноҳияи Варзоб (корманди Идораи роҳсозии ноҳияи Сино), яке аз қурбониёни садама ба назди мо омада буданд. Мо гуфтем, омодаем, ки ба онҳо кумак расонем ва аз расонидани ёрӣ ҳеҷ вақт руй намегардонем."

Наздикони Рустам Сатторов, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб, низ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ, ки дар манзили зисти онҳо сурат гирифт, гуфтанд, "наздикони Фаромуз Саидов дар рӯзи бахоксупории Рустам низ омада буданд ва гуфтанд, ки кумак мекунанд." Давлат Сатторов, падари Рустам Сатторов, гуфт, "насиби фарзандамон ҳамин будааст ва намехоҳем боз як нафари дигар муҷозот шавад. Кормандони умури дохилӣ омада ва пурсиданд. Мо гуфтем, ки ҳеҷ даъво надорем".

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, ки садама бо иштироки Фаромуз Саидов – писари Давлаталӣ Саидов – муовини аввали нахуствазири кишварро баррасӣ мекунанд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар пайи ин садама Ҳилола Раҳимоваи 25-сола, сокини шаҳри Душанбе ва Рустам Сатторови 30-сола, сокини ноҳияи Варзоб (корманди идораи роҳсозӣ) ҷон дода ва худи Фаромуз Саидов маҷруҳ шудааст.

Солҳои охир чанде аз садамаҳо бо иштироки фарзандони мақомдорони тоҷик рух дода, пурсарусадотарини он садамаи Расули Амонуллоҳ, писари Амонуллоҳ Ҳукуматуллоҳ, раҳбари пешини идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон дар се соли пеш буд. Дар пайи ин садама се нафар ҷон бохта, аммо мақомот гуфтанд, ки ҳарчанд мошин муталлиқи Расули Амонуллоҳ буд, вале дар вақти садама каси дигаре бо номи Умар Шарифов ронандагӣ мекард.

XS
SM
MD
LG