Пайвандҳои дастрасӣ

Лексус, Мерседес, Прадо - "ҷавонони тиллоӣ" дар сари рул


Панҷшер Чолов.

Панҷшер Чолов.

Садамаи нақлиётии фарзандони мансабдорони тоҷик ва аз ҷойи ҳодиса гурехтани онҳо, миёни ҷомеа сару садоҳои зиёдеро ба миён овардааст, хусусан дар сомонаҳои иҷтимоӣ.

Тавре аз дафтари матбуотии вазорати корҳои дохилӣ ба "Озодӣ" хабар доданд, Панҷшер Чолови 31-сола, сокини шаҳри Кӯлоб шоми 23-юми ноябр дар шаҳри Душанбе аз ӯҳдаи воситаи нақлиёти тамғаи «Лексус» набаромада пиёдагарди 19-соларо зер мекунад.

Тибқи иттилои вазорати корҳои дохила Панҷшер Чолов ҳангоми ба садама дучор шудан дар ҳолати мастӣ будааст ва аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад. Дар натиҷаи ин садама пиёдагард ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Панҷшер Чолов, фарзанди Қурбон Чолов, яке аз хонаводаи Чоловҳо мебошад, ки дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар минтақаи Кӯлоб номвар буданд ва ҳоло ба соҳибкорӣ машғуланд.

Чунин як садамаи нақлиётӣ бо иштироки писари раиси корхонаи манзиливу комуналии Тоҷикистон рӯзи 23-юми ноябр дар шаҳри Ваҳдат рух додааст. Ба иттилои Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ дар пайи садамаи нақлиётии рӯзи 23-юми ноябр дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат, ду нафар ба ҳалокат расидааст.

Вазорати корҳои дохила дар як барномаи махсус тариқи шабакаи авали телвизиони Тоҷикистон дар ин бора муфассал гузориш дод.



Тибқи хабари ВКД ин садама соати 18:00, 23-юми ноябр дар 35-километрии роҳи Душанбе-Кӯлоб, дар ҳудуди деҳаи Элок, рух додаст, ки ронандаи автомобили «Тайёта Ландкурузер» Бахтиёр Тағоймуродов – писари Алимурод Тағоймуродов, директори генералии корхонаи «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба мошини тамғаи "Мерседес-Бенз", таҳти идораи ронанда Максим Зохови 27-сола бархӯрдааст.

Дар натиҷа ин садама мошини Мерседес ба самти муқобили ҳаракат роҳ баромада, ба мошини «Опел Астра» бармехӯрад, ки ду мусофири мошини "Опел Астра" ба ҳалокат мерасанд.

Расули Амонулло.

Расули Амонулло.

​Аз ҳама ҳодисаи баҳсбарангези охир, ин садамаи шаби 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки писари Амонулло Ҳукумов аст. Ҳарчанд вазорати корҳои дохилӣ расман хабар дод, ки Расули Амонулло писари Ҳукумов дар сари чамбари мошин буд, вале Амонулло Ҳукумов дар як изҳороташ инро рад кард.

Дар садамаи нақлиётии шаби 9-уми октябр 3 нафар ҳалок шуда, 3 нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона бистарӣ шуданд.

Вазорати корҳои дохила дар пайи садамаи шаби 9-уми октябр ҳамчунин нисбати Умар Шарипов, ки гӯё ҳангоми садамаи нақлиётӣ дар дохили мошини БМВ ҳамроҳи Расули Амонулло будааст парвандаи ҷиноӣ кушодааст. Аммо Давлат Шарипов, падари Умар Шарипов, дар як суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки "дар ҳақиқат Умар писари ман аст ва вай шаби ҳодисаи садама ҳамроҳ бо Расули Амонулло дар мошин будаанд, аммо вай дар паҳлӯи ронанда, дар ҷои мусофири мошин будааст ва дасте дар ин садама надорад."

Вале як манбаъ аз ВКД гуфт, ки нисбати Умар Шарипов мутобиқи моддаи 212, қисми 3 кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне кушта шудани аз ду нафар зиёд дар натиҷаи нақзи муқаррароти ҳаракати роҳ парванда оғоз гардида, мавриди тафтиш қарор дорад, вале то ҳол худи Шарипов аз ҷониби мақомот дастгир нашудааст

Бар асоси иттилоияи вазорати корҳои дохилӣ, гуфта мешавад, ки Умар Шарипов, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Душанбе буда, пеш бо моддаи 237, қисми 2 кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст.

Дар пайи ин ҳодиса нисбати модари Расули Амонулло ва ҳамсари Амонуллои Ҳукуматулло, сардори роҳи оҳани Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ, барои нақзи қонуни масъулияти падару модар боз шудааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG