Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти 160 донишҷӯи асосан "Опел"-савор


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон исми 160 донишҷӯи мошинсаворро нашр кард, ки ба қавли мақомот, муқаррароти таҳсил дар мактаби олиро вайрон карда, савори мошин ба дарс ҳозир мешуданд.

Сухангӯи вазорати умури дохила Маҳмадулло Асадуллоев дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки амалиёти ходимони полиси роҳ ё БДА дар 10 рӯзи охири моҳи октябр дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Панҷакент, Хуҷанд, Чкалов, Хоруғ, Кӯлоб, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва нуқоти дигар баргузор шудааст. Дар феҳрасти тӯлонии донишҷӯён асосан исми писарон оварда шудааст, ки аксар савори мошини тамғаи “Опел“ ба дарс ҳозир мешудаанд.

Дар бахши “қонунвайронкуниҳо” навишта шудааст, ки ин донишҷӯён “бо автомашинаи шахсӣ ба дарс омада, тасмаи бехатарӣ истифода накардаанд.“
Маҳмадулло Асаддулоев дар шарҳи ин хабар гуфт, ки “чорабинии махсус шурӯъ аз 21 то 31 октябри соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ баргузор шуда, ба ин натиҷаҳо даст ёфтааст ва дар оянда БДА ният дорад пайваста чунин рейдҳоро анҷом диҳад ва барои ҷилавгирӣ аз афзоиши садамаҳои автомобилӣ дар кишвар” саҳмгузор бошад.

Онҳое, ки ин хабарро дар сайти интернетии вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон диданд, мегӯянд, дар ин феҳрасти тӯлонӣ исми ҳеҷ як нафар аз аъзои хонаводаҳои мақомоти баландпоя ворид нашудааст, балки ин бор ҳам асосан донишҷӯёне ба даст афтодаанд, ки аз навъи мошинҳояшон бармеояд, ки аз хонаводаҳои чандон бонуфузу бодавлат нестанд. Аз сӯи дигар, ба феҳрасти қонуншиканҳо ворид кардани исми шахсоне, ки муқаррароти аз оғоз баҳсбарангези вазорати маорифро нақз кардаанд, ба назари бархе аслан дахолат ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон ва маҳрум кардани як қиши ҷомиа аз ҳаққи рондани мошин аст.

Гурӯҳе аз нозирони умур мегӯянд, ки роҳандозии амалиёти махсуси санҷиши донишҷӯҳои мошинсавор ва фош кардани исми онҳо, ки як амали камназир аст, бо садамаи пурсарусадои шаби 9 октябр бо иштироки Расули Амонулло - писари ноболиғи Амонуллои Ҳукуматулло, раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон иртибот мегирад. Дар он ҳодисаи мудҳиш се нафар ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳатҳои сангин бардоштанд ва то имрӯз дар бемористон бистарӣ ҳастанд. Матбуоти мустақил ин ҳодисаро шадидан маҳкум карда, бо вуҷуди мушкили дарёфти иттилоъ талош мекунад аз ҳар як қадами тафтишот гузориш диҳад. Саволи асосӣ барои ҷомеа ин аст, ки то куҷо мақомот барои ба ҷавобгарӣ кашидани писари як шахсияти бонуфуз ва соҳибмақом иқдом хоҳанд кард.

Айни замон, худи раиси ширкати роҳи оҳан матбуотро дар тӯҳмату дурӯғпароканӣ айбдор карда, писарашро бегуноҳ медонад. Мунтақидон мегӯянд, ки эҳтимолан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо пахши хабари баргузории рейди махсуси донишҷӯҳои мошинсавор мехоҳанд таваҷҷӯҳи матбуотро аз қазияи Расули Амонулло ба тарафи дигар бикашанд.

Рамзия Мирзобекова, хабарнигори ҳафтаномаи “Азия-Плюс” ва фаъоли ҷамъиятӣ мегӯяд, агар амалиёти сабти номи донишҷӯёни мошинсавор барои таъмини амнияти шаҳрвандон равона шуда бошад, як амали хуб аст: “Мо ҳар рӯз шоҳиди бетартибиҳо дар роҳҳо мешавем. Дар аксар ҳолатҳо маҳз ҷавонон дар сари чанбари мошин бемасъулиятӣ нишон медиҳанд. Ҳамин ҷавонҳо ҳам гунаҳгор ва ҳам қурбони чунин садамаҳо мешаванд. Вале вақте таъкид мешавад, ки донишҷӯҳо ба дарс мошинсавор ҳозир мешаванд, бароям каме нофаҳмо аст. Агар мақсад ин бошад, ки сифати таълимро боло баранд, пас, ба назари ман, барои ин кор бояд критерияҳои дигар бошад.”

Ӯ мегӯяд, ки дар асл мақомот ба таври дағалона ба ҳаёти хусусии шаҳрвандон дахолат мекунанд, ки ин кор дар як ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд дуруст нест. Дар айни замон мусоҳиби мо ба қазияи пурсарусадои Расули Амонулло рабт доштани амалиёти зидди донишҷӯёни мошинсаворро рад мекунад. “Назари ман ин аст, ки шояд ҳамин ҳодиса баҳонае шуду мақомот дар фикри кашидани ҷилави ба истилоҳ ҷавонҳои “тиллоии” тоҷик шуданд ва хостанд, ки ба рафтори бебандубори ин гурӯҳи ҷавонҳо нуқта гузошта шавад,” - мегӯяд Рамзия Мирзобекова.

Садамаҳои автомобилӣ аз қонуншиканиҳои хеле умда дар ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, моҳе бештар аз 100 чунин ҳодиса ба қайд гирифта мешавад. Дар 7 моҳи соли ҷорӣ дар саросари Тоҷикистон 724 садама рух дода, дар ин фалокатҳо 230 нафар кушта шуда беш аз 800 нафар ҷароҳат бардоштанд. Мақомот таъкид мекунанд, ки дар ҳолатҳои хеле зиёд садамаҳо бо ширкати ронандаҳои бетаҷрибаи ҷавон рӯй медиҳад.
XS
SM
MD
LG