Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти интизомӣ мегӯянд, алайҳи ҷияни Остон Азизов сарояндаи шинохта, барои ширкат дар садамаи нақлиётӣ парванда боз карданд.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба зидди як узви хонаводаи овозхонҳои маъруф дар Тоҷикистон парванда боз кардааст. Ҷавони 17-сола, хатмкунандаи мактаби байналмилалии шаҳри Душанбе, ки аз хонаводаи Азизовҳо, гурӯҳи як замон маъруфи "Анис" ба гуфтаи мақомоти интизомӣ рӯзи 5-уми август ҳангоми ронандагӣ дар мошини гаронқиммате Умарҷон Назарови 21-соларо зада ва аз тарс аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.

Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе дар робита ба ҳодиса рӯзи 13-уми август, аз ҷумла бо 127-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне кӯмак нарасондан ба инсони мӯҳтоҷи ёрӣ ва ҷонаш дар хатар ва аз беэҳтиётӣ зиён расондан ба саломатии инсон гаштааст, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Баҳриддин Давлатбеков, сардори шӯъбаи тафтишотии Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҷавон бе шаҳодатномаи ронандагӣ сари фармони мошини «Лексус» нишаста, 5-уми август тахминан соати 11:00 дар хиёбони Рӯдакӣ пиёдагард Умарҷон Назаровро зер карда, аз ҷой ҳодиса ғайб задааст. Дертар маълум шудааст, ки мошин ба Остон Азизов, писарамаки ӯ ва сарояндаи шинохта тааллуқ дорад.

Lexus

Lexus

Ҷаноби Давлатбеков мегӯяд: «Остон Азизов, бародари Висол, ки мошинашро ба бародари ноболиғаш додааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад. Барои ба пайвандон додани мошин мувофиқ ба қонунгузориҳои Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ нашудааст. Аммо аз он ки Висол ноболиғ аст ва сари чамбари мошини бародараш нишастааст, бародараш Остон ҷарима мешавад ё эҳтимол дорад аз ҳақи ронандагӣ маҳрум шавад.»

Маълум нест, ба худи гунаҳкори садама, ки ноболиғ аст, чӣ ҷазо медиҳанд, вале дар моддаи 127-уми Кодекси ҷиноӣ барои кӯмак нарасондан ба инсони мӯҳтоҷи ёрӣ, ҷарима, кори маҷбурӣ ва 2 соли корҳои ислоҳӣ ҷазо муқаррар шудааст. Парвандаи садамаро Шӯъбаи бозрасии давлатии шаҳри Душанбе ва Раёсати корҳои дохилии Душанбе таҳқиқ мекунанд. Айни замон ҷабрдида Умарҷон Назаров дар хонаашон табобат мегирад. Хабарнигори Радиои Озодӣ ба манзили зисти Умарҷон дар кӯчаи Варзобгеси поёни Душанбе рафт, вале онҳо аз шарҳи қазия худдорӣ карданд.

Остон Азизов, писарамаки ронандаи ноболиғ ба Радиои Озодӣ гуфт, бародараш баъди садама сахт тарсидааст ва натавонистааст, ҳодисаро комил шарҳ диҳад ва бинобар ин ӯ дақиқ намедонад, ки ҳодиса чӣ гуна рух додааст. Остон Азизов афзуд:

«Ӯро бо мошинҳои давлатӣ не, бо ду мошини шахсӣ сур мекунанд. Кӯдак аз тарс мошинро тез рондааст, ки дар роҳ ҳамин ҳодиса сар мезанад. Аммо барои инро муайян кардан ҳоло вақт лозим аст. Ман ҳам аз ин бештар чизе гуфта наметавонам.»

Аммо ба дафтари Радиои Озодӣ наворе оварданд, ки дар он айбдоршавандаи ноболиғ ҳамроҳи амакаш Қайс Азизов дар посух ба суолҳои кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ мегӯяд, мошинро писари амакаш Остон Азизов барои шустан ба ӯ дода буд, на барои рондан. Аммо ӯ аз набудани писари амакаш дар хона истифода карда мошинро гирифта, ба кӯча мебарояд.

Висол мегӯяд: «Гузашта истода буд, мара дид давид, худша партофт заминда. Ма гузашта рафтам. Мумкин ягон ҷошда расида бошад мошин ман нафаҳмидам.»

Ҳамчунин ин ноболиғ ҳангоми бозпурсии нозирон сабаби гурехтанашро дар надоштани ҳуҷҷати ронандагӣ ва ноболиғ буданаш шарҳ дод. Вай писари Қамарулзамон Азизов аст, ки ҳоли ҳозир ба тиҷорат машғул буда, аз афроди сарватманд ба шумор меравад. Дар аксе, ки ин ноболиғ дар саҳифаи Фейсбуки худ гузоштааст, Расули Амонулло, писари Амонуллои Ҳукуматулло низ дида мешавад. Расули Амонуллоҳро гунаҳкори садамае дар моҳи октябри соли гузашта медонанд, ки дар натиҷаи он 3 нафар кушта ва 4 тани дигар маҷрӯҳ шуданд, ҳарчанд вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ташхисҳо бегуноҳии Расули Амонуллоро собит кард. Гуфтае, ки бисёриҳо бовар надоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG