Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

25 сол ҳукми "ғоибона"-и Максим Боқиев


Максим Боқиев дар додгоҳи Лондон
Максим Боқиев дар додгоҳи Лондон
Максим Боқиев, писари раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон Қурмонбек Боқиевро дар ғайбаш ба 25 соли зиндон маҳкум карданд. Сухангӯи додситонии кулл ба Озодӣ гуфт, Максим Боқиев рӯзи сешанбе дар фурӯши ғайриқонунии замин ва миёнаравӣ дар фурӯши фасодомези саҳмияҳои ширкати барқ муҷрим шинохта шуд. Максим Боқиев баъди суқути давлати падараш дар натиҷаи ошӯбҳо дар моҳи апрели соли 2010 тарки Қирғизистон кард. Ӯро дар ин муддат ду дафъа дар Лондон дастгир, вале ҳарду дафъа дар баҳои васиқа раҳо карданд. Боздошти дувуми ӯ марбут ба як парвандаи тахаллуф дар Амрикост ва қарор аст, масъалаи истирдоди Боқиев ба Амрико рӯзи 13 май баррасӣ шавад. Қирғизистон на бо Амрико ва на бо Бритионё қарордоди истирдоди гумонбаронро надорад.
XS
SM
MD
LG