Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз исён то ғасби қудрат. Эълони 13 айб алайҳи муовини раиси ҲНИТ


Маҳмадалӣ Ҳайит

Маҳмадалӣ Ҳайит

Алайҳи Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ бар асоси 13 модда, аз ҷумла "исёни мусалаҳона" айб эълон шудааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи Маҳмадалӣ Ҳайит -- муовини раиси ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ бар асоси 13 моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла "исёни мусаллаҳона" айб эълон кардааст. Дар ин бора Ҷамшед Ёров, вакили мудофеи Маҳмадалӣ Ҳайит, рӯзи 4 январ ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Ба гуфтаи вакили мудофеъ, айбномаи эълоншуда алайҳи ин муовини раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ аз ин моддаҳо иборат аст:

Моддаи 32, қисми 3 (Қасди ҷиноят);

Моддаи 104, қисми 2 (Куштани ду шахс ё бештар аз он);

Моддаи 131, қисми 3 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ аз ҷониби гурӯҳи муташаккил);

Моддаи 132, қисми 3 (Ҷалби одамон бо мақсади шаҳвонӣ ё бо тарзи дигар истисмор намудани онҳо аз ҷониби гурӯҳи муташаккил);

Моддаи 179 (Терроризм);

Моддаи 187, қисмҳои 1 (Ташкили иттиҳоди ҷиноӣ) ва 2 (Иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ);

Моддаи 189, қисми 3 (Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ аз ҷониби гурӯҳи муташаккил);

Моддаи 195, қисми 3 (Ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ аз ҷониби гурӯҳи муташаккил);

Моддаи 199, қисми 4 (Тасарруфи яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш аз ҷониби гурӯҳи муташаккил);

Моддаи 306 (Бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият);

Моддаи 307 (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

Моддаи 307/3 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ);

Моддаи 309 (Тахрибкорӣ (Диверсия) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил);

Моддаи 313 (Исёни мусаллаҳона).

Мақомоти тафтишотӣ то ҳол хабари эълони ин 13 иттиҳом алайҳи муовини раиси ҲНИТ-ро расман тасдиқ ё рад накардаанд. Аммо Ҷамшед Ёров мегӯяд, ки Маҳмадалӣ Ҳайит ин иттиҳомотро рад карда ва гуфтааст, дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ барои исботи нодурустии онҳо талош хоҳанд кард.

Маҳмадалӣ Ҳайит рӯзи 16 сентябри соли гузашта ҳамроҳ бо 12 тани дигар аз мақомҳои ҳизби наҳзати исломӣ дастгир ва инак қариб 4 моҳ боз дар боздоштгоҳ қарор дорад. Қаблан як манбаи Озодӣ гуфта буд, ки тафтиши парвандаи ин 13 узви раёсат ва Шӯрои сиёсии собиқ ҲНИТ аз сӯи мақомоти тафтишотии додситонии кулл анҷом ёфта ва барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардидааст.

Мақомот то кунун дар бораи ҷузъиёти ин айбномаҳо суҳбат накардаанд. Вале дар охири соли гузашта як манбаи Радиои Озодӣ гуфта буд, ки алайҳи Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҳизиби мамнӯи наҳзати исломӣ ва вакили пешини парлумон бар асоси 14 модда айб эълон шудааст. Баъдан, расонаҳои наздик ба ин ҳизб аз эълони айбнома алайҳи Зарафо Раҳмонӣ ва Воҳидхон Қосиддинов низ хабар доданд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломӣ ва раҳбаронаш, бо шумули раиси ҳизб Муҳиддин Кабириро, ки аз моҳи марти соли 2015 дар хориҷ ба сар мебарад, ба даст доштан дар ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ айбдор мекунанд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 29 сентябр ҳизби наҳзати исломиро ба рӯйхати созмонҳои террористӣ шомил карда, фаъолияташро дар кишвар расман манъ кард.

Аммо намояндагони ин ҳизб, аз ҷумла Кабирӣ ва аъзои боздоштшудаи раёсаташ даст доштани худ дар ошӯби генерал Назарзодаро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ин исён танҳо баҳонае барои бастани фаъолияти ин ҳизби мухолиф шуд.

То кунун дар бораи муҳокима ва маҳкум шудани ба камияш як тан аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТ гузориш шудааст. Додгоҳи олӣ рӯзи 27 ноябри соли гузашта Ҳасан Раҳимов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Фархорро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ - 307 -- "даъвати оммавӣ барои фаъолияти террористӣ ва ташкили иттиҳоди экстремистӣ", 195 -- "ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ" ва 189 -- "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ" ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Ҳасан Раҳимов 23 сентябри соли ҷорӣ боздошт шуд ва гуфта мешавад, мақомот аз манзили ӯ туфангча ва норинҷак пайдо кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG