Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, додситонии кулли Тоҷикистон парвандаҳои 13 тан аз раҳбарони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро барои муҳокима ба Додгоҳи олӣ фиристодааст.

Ба гуфтаи манобеи Радиои Озодӣ, кумиссиюни махсуси тафтишотии Додситонии кулл тафтиши парвандаҳои 13 нафар аз аъзои раёсати ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ)-ро, ки рӯи онҳо муҳри махфӣ зада шудааст, анҷом дода ва барои муҳокима ба Додгоҳи олӣ ирсол кардааст.

Як манбаъ аз Додгоҳи олӣ рӯзи 18 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаҳои аъзои ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ дар авоили ҳамин ҳафта барои баррасӣ ба истеҳсолоти судӣ гирифта шудаанд. Ӯ афзуд, ин парвандаҳо аз тарафи кумиссиюни махсуси тафтишотии Додситонии кулл ирсол шудаанд.

Ин манбаъ афзуд, парвандаҳои онҳо махфианд ва аз ин рӯ то рӯзи судури ҳукмашон шарҳи бештар дода намешавад.

Аммо наздикони аъзои боздошташудаи раёсати ҲНИТ мегӯянд, парвандаҳои онҳо алакай дар дасти Додгоҳи олӣ қарор дорад ва шояд алакай то соли нави мелодӣ ҳукми онҳо содир шавад.

13 узви раёсати ҲНИТ - муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалӣ Ҳайит, ҳамчунин Абдуқаҳҳори Давлат, Раҳматуллоҳи Раҷаб, Зубайдуллоҳи Розиқ, Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, Қиёмиддин Авазов, Зарафо Раҳмонӣ, Маҳмадшариф Набиев, Абдусамад Fайратов, Саттор Каримов ва Воҳидхон Қосидинов – рӯзҳои 16-17 сентябри соли равон, билофосила баъди анҷоми амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода дастгир шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳизби наҳзати исломӣ ва раҳбаронаш, бо шумули раиси ҳизб Муҳиддин Кабириро, ки дар хориҷ ба сар мебарад, ба даст доштан дар ин ошӯб айбдор карданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 29 сентябр ҳизби наҳзати исломиро ба рӯйхати созмонҳои террористӣ шомил карда, фаъолияташро дар кишвар расман манъ кард.

Аммо намояндагони ҲНИТ, аз ҷумла Кабирӣ ва аъзои боздоштшудаи раёсаташ даст доштани худ дар ошӯби генерал Назарзодаро рад мекунанд ва мегӯянд, ин исён танҳо баҳонае барои бастани фаъолияти ин ҳизби мухолиф шуд.

Кумиссиюни озодиҳои мазҳабии Амрико дар ибтидои моҳи ноябр дар як гузориш гуфт, дар чанд моҳи охир дар Тоҷикистон ҳудуди 200 тан аз фаъолон ва ҳаводорони ҲНИТ дастгир шуда, бархеи онҳо дар боздошт мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифтаанд.

Бо ин ҳол, наздикони боздоштшудаҳо мегӯянд, баъди боздошти ду вакили мудофеи аъзои боздоштшудаи ҲНИТ – Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов – вакилони дигар ҷуръати ҳимоят аз онҳоро намекунанд ва ҳоло барои ҳар кадоми онҳо адвокатҳои ба истилоҳ “давлатӣ”-ро вобаста кардаанд. Тибқи қонунҳои Тоҷикистон, агар гумонбар имкони таъмини мустақилонаи худ бо вакили мудофеъро надошта бошад, давлат бояд ӯро бо адвокат таъмин кунад.

Аммо ҳомиёни ҳуқуқ бидуни дастрасӣ ба вакилони мустақил таҳқиқу муҳокима шудани аъзои ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба чолиш мекашанд ва мегӯянд, ки истифода аз адвокатҳои вобасташуда муҳокимаи одилонаи ин парвандаҳои пурсарусадоро таъмин карда наметавонад.

То кунун дар бораи муҳокима ва маҳкум шудани дастикам як тан аз аъзои боздоштшудаи ҲНИТ гузориш шудааст. Додгоҳи олӣ рӯзи 27 ноябр Ҳасан Раҳимов, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Фархорро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ - 307 -- "даъвати оммавӣ барои фаъолияти террористӣ ва ташкили иттиҳоди экстремистӣ", 195 -- "ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ" ва 189 -- "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ" ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Ҳасан Раҳимов 23 сентябри соли ҷорӣ боздошт шуд ва гуфта мешавад, мақомот аз манзили ӯ туфангча ва норинҷак пайдо кардаанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG