Пайвандҳои дастрасӣ

Сафарбеку Сафаргулҳо - ҳосили камбуди духтуру духтурхона


Дар манотиқи дурдасти Тоҷикистон норасоии марказҳои тиббӣ ва духтурони занона боиси нигаронии мардум шудааст. Ин мушкилро бахусус занони ҳомила дар рустоҳои кӯҳистонӣ бештар эҳсос мекунанд.

Занони обистан дар деҳоти дурдасти вилояти Хатлон бо наздик шудани “моҳ”-ашон аз он нороҳат мешаванд, ки дар наздикии онҳо момодоя ва зоишгоҳҳо нестанд. Ин ҳолат гоҳе сабаби он мешавад, ки ҷони занон ҳангоми таваллуд кардани кӯдак ба хатар меафтад.

Нигинамоҳ Муқимова, сокини ноҳияи Шӯрободи вилояти Хатлон гуфт, ки вай фарзанди дуввуми худро дар роҳ ва бидуни момодоя ба дунё овард ва кам монда буд, ки дар асари хунравӣ ҷон диҳад.

Вай ба ёд меорад, ки он рӯз савори асп ба сӯи беморхона, ки аз деҳаи онҳо 12 километр дур аст ҳаракат карда, ногоҳ дар роҳ ба чунин вазъ гирфтор шудааст: «Духтур нест дар деҳаи мо ва ин мушкил моро нигарон кардааст ва моро ба ташвиш овардааст. Дар роҳ ба асп манро ба маркази ноҳия бурданд, ки ман фишорам баланд шуд ва пеши чашмонамро тирагие фаро гирифту чашмонам нобино шуданд ва фарзандам нобино шуд. Чанд бор аз болои асп ба замин фаромадам, вале дар канори сангобе таваллуд шуд фарзандам».

Ба гуфтаи Нигинамоҳ, саломатии он фарзандаш, ки дар чунин вазъият ба дунё омад, то кунун хуб нест.

Аммо Нигинамоҳ танҳо зане дар ноҳияи Шӯробод нест, ки ба иллати дурӣ аз иншооти тиббӣ ба чунин мушкил ру ба рӯ шудааст. Мисли ӯ занони зиёде дар роҳ ба сӯи бемористон таваллуд кардаанд. Одатан онҳоеро, ки дар роҳ зода мешаванд, Сафарбеку Сафаргул ном мегузоранд.

Дар бунгоҳи тиббӣ чунни шароит нест

Дар бунгоҳи тиббӣ чунни шароит нест

Ба қавли Кенҷамоҳ Ҳасанова, як сокини дигари ноҳияи Шӯробод ин мушкили рақами яки занон аст: «Мисли боду ҳаво барои мо духтур лозим аст, мушкили мо занҳоро бояд шумо донед. Роҳамон душвор аст, аз сӯи дигар духтур надорем. Дар ҳолати вазнин дар занбар ё мошин ба бемористон мебаранд моро».

Сарварбӣ Комилова, занест, ки ҳарчанд маълумоти пизишкӣ надорад, ба занон дар вақти таваллуд кумак мекунад. Занон ӯро момодояи хуб меноманд, аммо мақомот барояш гуфтаанд, ин шуғлро канор гузорад: «Гуфтанд, ки маълумоти тиббӣ надорӣ, дигар бо заноне, ки таваллуд мекунанд, кумак накун ва ман ҳам кумак намекунам. Вале мушкили занонро мебинам дилам месӯзад..."

Мушкили занони обистан бештар дар зимистон ва баҳор сахт аст. Масъулони идораи омори вилояти Хатлон мегӯянд, ки сокинони рустоҳои дурдасти вилоят, аз ҷумла ноҳияҳои Шӯробод, Вахшу Хуросон аз камбуди шадиди пизишкони зоймон шикоят мекунанд.

Мушкили таваллуди занони кӯҳистонӣ дар ҳолест, ки духтурони Маркази солимии репродуктивии модару кӯдак дар ҷануби Тоҷикистон пайваста аз афзоиши бемориҳои назири камхунии занони ҳомила изҳори нигаронӣ мекунанд ва мегӯянд, ки 60 дарсади занони қобили таваллуд дар ин вилоят аз камхунӣ ранҷ мебанад.

Пизишкони ин вилоят мегӯянд, илова бар ин занони обистан аз бемориҳои фишори баланди хун, гурдадард ва бемадорӣ шиква доранд ва аммо дурии дармонгоҳу бемористонҳо имкон намедиҳад, сари вақт муоина шаванд.

Тибқи иттилои Матлуба Шоназарова, муовини сардори идораи тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон муддати панҷ моҳи солӣ ҷорӣ 14 зан дар ин вилоят ба ҳангоми таваллуди фарзанд фавтидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6 ҳолат бештар будааст. Аммо созмонҳои ғайридавлатӣ гуфтаанд, ки амалан чунин мавридҳо ба маротиб бештаранд.

Донишгоҳи тиббии Душанбе

Донишгоҳи тиббии Душанбе

Омори расмие дар ин бора вуҷуд надорад, вале бархе созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, дар Тоҷикистон, бахусус дар музофоташ то 3 000 табибу то 3500 ҳамшираи тиббӣ намерасад. Ба ҳисоби миёна, ба 1000 сокин дар ин кишвар ҳамагӣ 2 табиб рост меояд, ки нишондиҳандаи пойинтарин дар Шӯравии собиқ будааст. Маоши ночиз ва набуди имтиёзҳои дигар, аз ҷумла беманзилӣ боис мешавад, ки хатмкунандагони мактабҳои тиббӣ аз фиристодани онҳо ба ноҳияҳо, бахусус ба манотиқи кӯҳистонӣ сар бипечанд ва бо ҳар роҳу васила ё дар марказ бимонанд ваё ҳатто барои кор ба хориҷ, умдатан ба Яман ё Афғонистон бираванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG