Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муовини вазир: "Барои 1 бемор дар дармонгоҳ рӯзе беш аз 2 сомонӣ сарф мешавад"


Акс аз ҷараёни нишаст.

Акс аз ҷараёни нишаст.

Масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло барои табобати як бемор дар бемористон дар рӯз каме бештар аз ду сомонӣ сарф мешавад.

Ҳамзамон аз ҳисоби буҷаи Тоҷикистон солона барои табобати як сокин 25 долар ва ё муолдили 120 сомонӣ ҷудо мешавад.

Ин дар ҳолест, ки аксари шаҳрвандон мегӯянд ҳарчанд хизматрасониҳои ройгони тиббӣ дар Тоҷикистон тибқи баъзе қонунҳо пешбинӣ шудааст, аммо барои табобат маблағҳои зиёде сарф мекунанд.

Саодат Назарова, сокини 23-солаи шаҳри Турсунзода гирифтори бемории зардпарвин ва ё гепатит буда дар бемористони ноҳия табобат мегирад. Вай мегӯяд, вақте нишонаҳои ин бемориро дар худ эҳсос кард барои муоина ба табибон муроҷиат кард ва ҳамон замон бори аввал ташхиси хун ва пешоб супорид, ки 15 сомонӣ нарх дошт.



Баъдан ба хотири дақиқ кардани варами ҷигараш духтурон ба ӯ ташхиси ултрасадоиро (УЗИ) тавсия доданд. Ӯ барои гузаштан аз чунин ташхис 10 сомонӣ, ҳангоми бистарӣ шудан дар бемористон 280 сомонӣ ва ду маротибаи дигар низ ташхиси хуну пешоб бо пардохти 30 сомонӣ сарф кард. Ҳамчунин дар ҳудуди 50 сомонии дигар доруворӣ харидорӣ кардааст. Саодат дар давоми панҷ рӯзи бемор шудан, ҳамагӣ 385 сомонӣ сарф кардааст ва ҳанӯз намедонад то шифо ёфтан, чи миқдор пули дигар харҷ мекунад.Саодат гуфт:«Сӯзандоруҳояш витамини A, B аст. Аз худашон ҳаминро мекунанд. Аммо ду намуди сиропро худам харидам, яке 15 дигари 20 сомонӣ».

Ин ҳам дар ҳоле, ки табобати зарпарвин то 20 рӯз давом мекунад ва шаш моҳ парҳезӣ дорад. Аммо барои маризҳои вазнинтар, аз ҷумла, бемориҳои қалб, роҳи нафас ва диабети қанд, хароҷоти табобат дар бемористонҳо даҳҳо маротиба бештар мешавад. Сокинон мегӯянд, бо ин ки аз буҷаи кишвар барои табобати якрӯзаи бемор ду сомонӣ ва ё муодили камтар аз 50 сент харҷ мешавад, бо ин миқдор маблағ метавон, ду ва се сӯзандору харидорӣ карду халос. Ва ҳама вазнинӣ ба дӯши беморон меафтад. Онҳо маҷбур мешаванд, дар баробари пардохти маблағи муоинаву табобат доруҳоро низ бо нархи гаронтар харидорӣ кунанд.

Гуфта мешавад, харҷи табобат барои як бемории начандон тулонӣ ва вазнин, се маротиба зиёдтар аз маблағи ихтисосдода дар буҷаи кишвар аст.

Саида Ҷобирова, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мегӯяд, арзиши табобати беморон вобаста ба шакли беморӣ буда, маблағи табобат гуногун мебошад. Вай гуфт: «бо он ки маблағгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ сол аз сол бештар мешавад, аммо барои як нафаре ки дар сатҳи статсионарӣ бистарӣ мешавад, барои доруворӣ ду сомониву 02 дирами дигар сарф мешавад, ки ин хеле кам аст. Вазорат як чанд барномаҳое қабул кардааст, ки аз рӯи он табобати пулакӣ камтар карда мешавад».

Аммо Азамҷон Мирзоев, муовини дигари вазири тандурустӣ мегӯяд, маблағгузорӣ ба соҳаи беҳдошт аз мақомоти маҳаллӣ бастагӣ дорад. Мирзоев гуфт: «агар ноҳия даромади бештар дошта бошад, метавонад ба соҳаи тандурустӣ маблағи бештар ҷудо кунад».

Аммо кам иттифоқ меафтад, ки ноҳияие бо ихтиёри худ аз буҷааш ба соҳаи тандурустӣ пул диҳад ва усулан ҳама чашм ба сӯи буҷаи умумии вазорати тандурустӣ ҳастанд.

Рӯзи сешанбеи 3-юми ноябр Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт дар бораи вазъи беҳдоштӣ дар Тоҷикистон гузориш дод ва Павел Урсу, намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт: «вазъи беҳдошт дар Тоҷикистон нисбат ба ду соли гузашта беҳтар шудааст, аммо "ин вазоратро мебояд табобати пулакиро дар баъзе бахшҳо роҳандозӣ кунад, то буҷаи соҳаи тандурустӣ қонеъ шавад".

Тибқи омори расмӣ дар соли 2013, аз буҷаи кишвар ба соҳаи беҳдошт 910 млн. сомонӣ муодили бештар аз 185 милион доллар будааст. Маблағе ки аз буҷа ба соҳаи тандурустӣ ихтисос мешавад 1.7 дарсади Маҷмуъи маҳсулоти дохилиро дар бар мегирад.

Ин дар ҳолест, ки ММД дар соли 2012, ба 7,5 млрд доллар ва ё 31 млрд. 161,1 млн сомонӣ баробар будааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, бо вуҷуди он ки дар чанд соли ахир маблағгузорӣ ба соҳаи беҳдошт бештар мешавад, аммо гарон будани табобат дар бемористонҳо, камбуди табибони ҳирфаӣ, ки аз камии маош дар хориҷ аз кишвар фаъолият мекунанд ва пулакӣ будани табобат дар бемористонҳо аз мушкилоти умда боқӣ мондааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG