Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи душанбеи 21-уми май бо баргузории маросиме, аз 80-умин солгарди таъсиси коллеҷи тиббии Хуҷанд таҷлил ба амал омад.

Дар ин маросим, ки ба бурду бохтҳои бахши тиб дар оинаи 80 соли фаъолияти коллеҷи тиббии Хуҷанд - куҳантарин ва бузургтарин таълимгоҳи тиббӣ дар вилояти Суғд бахшида шуда буд, мақомот, устодону шогирдони коллеҷ, бознишастагони бахши тиббӣ ва меҳмонони дигар ҳузур доштанд.

Коллеҷи тиббии Хуҷанд соли 1932 бо ду бахш: фелдшериву дорусозӣ дар дохили як мактаб таъсис ёфта, онро дар 3 соли аввал ҳудуди 20 нафар хатм кардаанд.
Дар ҳоли ҳозир коллеҷ дорои биноҳои калони таълимӣ аст ва дар он ҳудуди 3.5 ҳазор донишҷӯ аз рӯи 7 ихтисос: табобатӣ, дорусозӣ, дандонсозӣ, ҳамшираи шафқат, умумитиббӣ, беҳдошту вогиршиносӣ ва тиббиву ташхисӣ таълим мегиранд.

Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд зимни суханронии худ аз таърихи рушди тиб ва муассисаҳои таълимии ин бахш дар 80 соли пас аз таъсиси нахустин омӯзишгоҳ (ҳозира коллеҷ) – и тиббии вилояти Суғд ва бурду бохтҳои тиб сухан кард.

Вай таъсиси маркази ҷарроҳии бемориҳои дил ва ҷарроҳии лазерии чашм дар макази вилояти Суғдро дар солҳои ахирро аз пешрафтҳои муҳими бахши тиб унвон кард. Ин марказҳои ҷарроҳӣ барои беморон шароит фароҳам оварданд то ба кишварҳои дигар сафар накарда, дар маҳали худ муолиҷа шаванд. Ҳамчунин, дар 5 соли охир маблағгузорӣ ба бахши тиб ҳудуди 5 баробар афзуда, аз ҳудуди 22 миллион дар соли 2006 то 114 миллион сомонӣ дар соли 2011 боло рафтааст.

Аммо бо ин вуҷуд табибони тоҷик миёни дигар кормандони бахшҳои иҷтимоӣ маоши аз ҳама кам мегиранд. Моҳонаи кормандони дорои маълумоти олӣ ҳудуди 250 ва дорои маълумоти миёнаи махсус ва олии нопурраи тиббӣ, мисли хоҳарон ва бародарони шафқат 200 сомонӣ аст. Аз ин ҷиҳат бархе табибон тарки кор намуда, муассисаҳои тиббии вилоят дар ду даҳсолаи ахир бо норасоии табибон, ба хусус хоҳарони шафқат рӯ ба рӯянд.

Раиси вилояти Суғд дар назди устодону шогирдони коллеҷ ва масъулони бахши тиб ҳамчунин аз чанд мушкили доғи ҷомеа ва бахши тиб ҳарф зада, кормандони бахши тибро барои саҳм гирифтан дар ислоҳи онҳо даъват кард. Вай гуфт, ки солҳои ахир худкушии одамон дар вилояти Суғд рӯ ба афзоиш ниҳода, танҳо дар 3 моҳаи аввали соли равон 83 кас даст ба худкушӣ задаанд, ки бештари онҳо ҷавонону бачаҳо мебошанд. Ҷаноби Расулзода як сабаби инро дар камбуди табибони рӯҳшинос дар бемористонҳо ва адами дастрасии сокинон ба хадамоти рӯҳиву равонӣ номид.

Ҳамчунин ба гуфтаи вай, як мушкили дигаре, ки домангири ҷомеаи имрӯзии Суғд аст, тарки мактаб намудани мактабхонҳо ва зуд ба шавҳар додани духтарон аст. Вай афзуд, дар соли хониши 2010 – 2011 ҳудуди 70 дарсад аз теъдоди қаблии хонандаҳо баъд аз синфи 11 таҳсилро хатм карда, дар бархе маҳалҳо то 70 дарсади духтарон пас аз хатми синфи 9 тарки мактаб кардаанд ва теъдоди бештари онҳо хонадор шудаанд. Вай гуфт, издивоҷи барвақти ҷавонон пояҳои сиҳатии оилаи онҳоро хароб мекунад.

Ҷаноби Расулзода афзуд, дар вилояти Суғд ҳудуди 25 ҳазор ҷавони қобили хидмати ҳарбӣ зиндагӣ мекунанд, аммо даъвати беш аз 2.5 ҳазор ҷавон ба хидмат бо душворӣ сурат мегирад. Ба гуфтаи вай, дар ҳар ноҳия 40 – 50 нафар мансабдорони давлатӣ фарзандони худро ба хидмати ҳарбӣ намефиристанд.

Раиси вилояти Суғд дар маросими таҷлил аз роҳу шеваҳои нигаҳ доштани ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ сухан нагуфт. Вале эҳтимол, дар ҳузури масъулону кормандони бахши тиб таъкид кардан ин мушкил ба маъное буд, ки бархе аз фарзандони қобили хидмати мансабдорон бо гирифтани асноди тиббӣ, аз хидмати ҳарбӣ канор мемонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG