Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон аз як тавоноии муҳими ширкат дар тиҷорати ҷаҳонӣ қатъи назар мешавад, ҳол он ки, ба гуфтаи пажӯҳишгарон, каме талош метавонист, барояш миллионҳо доллар даромад орад.

Миллиардҳо доллар мисли оби дарё аз назди Тоҷикистон мегузаранд, танҳо бояд хам шуду онҳоро гирифт, аммо, зоҳиран, ин кишвар ё ин маблағҳоро намебинад ва ё “хуш надорад”, худро заҳмат диҳад.

Ин хулосаи чанде аз коршиносон аст, ки мегӯянд, Тоҷикистон барои ёфтани ҷойи худ дар бозори маҳсулоти кишоварзии табиӣ ё органикӣ талош намекунад. Ҳол он ки солона дар ин бозор наздики 60 миллиард доллар мечархад ва ин ягона соҳаест, ки дар ду бӯҳрони иқтисодии ҷаҳон осебе надида, баръакс ҳар сол то 15 дарсад густариш меёбад. Ғизои табиӣ, ки аз омехтаҳои кимиёӣ пок ва яке аз мояҳои саломатию дарозумрии инсонҳост, ҳамеша муштариёне дорад, ки омодаанд, барои он назар ба моли анънавии имрӯза то 45-50 дарсад зиёдтар пул диҳанд.

Сардори шӯъбаи растанипарварӣ дар вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Аббосхоҷа Яҳёхоҷаев мегӯяд, “дар асл мешавад гуфт, ҳамаи маҳсулоти кишоварзие, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мешавад, табиист, зеро солҳои охир истифодаи заҳрҳои кимиёӣ дар кишвар ба ҳадди охир кам шудааст. Аммо тамғазании ин мавод ҳамчун моли органикӣ оғоз наёфтааст, ба истиснои пахтае, ки соҳибкор Шерзод Абдураҳмонов парвариш мекунад.”

Вале бозори ҷаҳонии маводи табиӣ аз Тоҷикистон себу ангуру анор, зардолу ё биринҷу помидору кунҷиту харбузаи табииро интизор аст. Иттифоқан дар бозорҳои кишвар гоҳе ба тарбуз ё бодиринги “бедору”, яъне бе селитра вомехӯрем, аммо “сертификат”-и он танҳо “қасам ба номи Худост”.

БОЗОРИ ҶАҲОНӢ ИНТИЗОР АСТ

Себи хубонӣ, зардолуи қандак, ангури ҳусайнӣ, биринҷи девзира ва даҳҳо навъи меваю сабзавот дар Тоҷикистон аз қадим маҳшур буданд. Журналисти номвари тоҷик Шафқат Саид боре ҳикоят аз себе мекард, ки бо дандон ниҳодан ба он обаш фаввора мезад.

Инҳо ҳама дигар “фасонаву бод” шуданд. Ҷашнвораҳое монанди “Рӯзи харбуза” ё “Иди асал” бештар ярмаркаи нархҳои арзонанд, то талоши рушди соҳа. Дар сафари кӯтоҳе ба ноҳияҳои кишвар раҳораҳ дидан мумкин аст, ки аз боғҳои пешина нишони андаке мондааст ва бозорҳои Тоҷикистонро себи Чину ангури Эрон ва тарбузи Покистон забт кардаанд.

Ақидае дар миён аст, ки меваю сабзавоти Тоҷикистон аксаран ба хориҷа экспорт мешавад. Аммо, агар пахтаро ба ҳисоб нагирем, маҳсулоти кишоварзӣ қисмати хеле хурди содиротро ташкил медиҳад. Иттифоқан, ин гӯшаи даромади буҷаи давлат низ рӯ ба коҳиш дорад. Агар содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизо дар соли 2008 ба буҷаи кишвар наздики 200 миллион доллар оварда бошад, дар соли 2011 ин рақам, бино бар гузориши Маркази ҷаҳонии тиҷорат, зери 50 миллион доллар афтод.

Бар замми коҳиши нархи пахта ва алюмин ин нишондиҳанда сабаби бартарии воридот бар содирот шудааст. Мазмун, дар Тоҷикистон бештар аз берун молу мавод меоранд ва колову маҳсулоти хеле каме барои фурӯхтан ба берун доранд. Кӯшиши ҷой ёфтан дар бозори густаришёбандаи мева ва сабзавоти органикӣ метавонад кишварро хеле зуд аз чунин ҳолат раҳо кунад.

ПУШТИБОНИИ БАЙНУЛМИЛАЛӢ

Раҳбари намояндагии Барномаи хӯрокворӣ ва кишоварзии Созмони Милал дар Душанбе Виорел Гуту рӯзи 10-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, “имкониятҳои Тоҷикистон барои тавлиди маҳсулоти органикӣ ба таври фавқулодда зиёданд. Қонунгузории зарурӣ низ мавҷуд аст, аммо ин қонун иҷро намешавад, чун механизмҳои татбиқи он вуҷуд надоранд. Мо омодаем, барои рушди ин соҳаи муҳими Тоҷикистон ҳамаҷониба ёрмандӣ кунем. Ман бисёр мехоҳам, ки мо ба ин ҷо мутахассисонро биёрем, то дар роҳҳои парвариш, нигаҳдошт, таҳияи асноди зарурӣ ва интиқоли ин маҳсулот ба бозор саҳм гиранд.”

Ҳанӯз пеш аз қабул шудани ин қонун, дар соли 2012 созмонҳои байнулмилалие чун Hilfswerk Austria International ва SAS Consulting бо дархост ва сармоягузории Иттиҳоди Аврупо имкониятҳои Тоҷикистонро дар кишоварзии табиӣ таҳқиқ карданд. Коршиноси ин барнома Абдулатиф Холдоров мегӯяд: “Агар танҳо пахтаи Тоҷикистон ба таври органикӣ парвариш шавад, нархи он 212 дарсад боло хоҳад рафт, арзиши зардолуи биологӣ 42 ва лӯбиёиҳо 96% зиёдтар хоҳад шуд. Гап сари ин аст, ки Тоҷикистон метавонад, бо харҷи камтар, зеро парвариши органикӣ харҷи камтар дорад, даромади бештар ба даст хоҳад овард.”

Ба ақидаи ин коршинос Тоҷикистон ҳанӯз заминҳои зиёде дорад, ки аз заҳрҳои кимиёӣ пок мондаанд ё осеби химикатҳо дар ду даҳаи гузашта то ҳадди аксар шуста шудааст. Ва ҳоло аз ҳаҷми ками истеҳсол шурӯъ кардани гузор ба тавлидоти биологӣ осонтар аст.

Виорел Гуту, раҳбари намояндагии Барномаи хӯрокворӣ ва кишоварзии Созмони Милал дар Душанбе низ ин роҳро барои Тоҷикистон “дарвозаи имкониятҳои бузург” мешуморад. Баҳои ӯ ва ҳам натиҷаи мусбати пажӯҳишҳое, ки Созмони Милал, Маркази Ҷаҳонии Тиҷорат, Иттиҳоди Аврупо ва созмони швейтсарии “Ҳелветас” дар Тоҷикистон дар ин робита анҷом додаанд, ба сармоягузорони ғарбӣ ишора мекунад, ки ин ришта метавонад, барояшон сердаромад ва ояндадор бошад.

АММО САМТГИРИИ ФЕЪЛӢ

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Ӯзбакистон кайҳост, ҷойгоҳи худро дар бозори ҷаҳонии маводи органикӣ устувор кардааст ва Қирғизистон аз соли 2003 ба ин сӯ тамоми талошро дорад, ҳамчун тавлидкунандаи ғизои поки табиӣ ном барорад.

Таваҷҷӯҳи ҷаҳониён ба ин минтақа ҳамчун як гӯшаи тоза ва дастнахӯрда барои рӯёндани мева ва сабзавоти табиӣ бузург аст, зеро ҳамаи заминҳои дунё, ки барои парвариши чунин маҳсулот мусоиданд, ҳамагӣ 0,9 дарсади қаламрави ҷаҳонро ташкил медиҳанд.

Дар Тоҷикистон, ба гуфтаи Аббосхоҷа Яҳёхоҷаев, сардори шӯъбаи растанипарварӣ дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, алҳол танҳо ба парвариши пахтаи органикӣ машғул шудаанд. Ин барнома, ки бо сармоягузории созмонҳои байнулмилалӣ ҷараён мегирад, бештар хосияти таҷрибавӣ дорад. Пажӯҳишгарон мегӯянд, Тоҷикистон бояд ба парвариши намудҳои дигари зироат, махсусан мева ва сабзавот камар бандад.

Вале ба назар мерасад, Тоҷикистон чун дар риштаҳои дигари иқтисод, дар кишоварзӣ низ чашми умед ба Чин бастааст. Ба чиноиҳо барои 49 сол иҷора додани ҳазорон гектар заминҳои обӣ ва лалмиро мансабдорон чунин шарҳ медиҳанд, ки ба воситаи ширкатҳои чиноӣ ба кишвар фанновариҳои нав оварда мешаванд. Ҳатто мардуми одӣ, ки мегӯяд, аз муҷоҳират ба Русия пули бештар меёбад, то каланд задан ба замин, бовар кардаанд, ки чиноиҳо назар ба тоҷикон заҳматкаштаранд ва ҳосили ба маротиб беҳтар мерӯёнанд.

Аммо таҷрибаи кори чиноиҳо дар Русия нишон дод, ки онҳо ба замин раҳм намекунанд ва пас аз чанд соли кор аз киштзору гармхонаҳояшон хоки сӯхтаи беҳосил боқӣ мемонад. Ирина Трофимова, раҳбари созмони зистмуҳитии«Берлога» мегӯяд: “Меъёрҳои кишоварзӣ дар Чин тамоман ба гунаи дигаранд. Истифодаи пеститсидҳо дар ин соҳа аз тарафи онҳо хеле зиёдтар аст. Ман борҳо натиҷаи кори онҳоро дидаам. Заминҳо ба таври бебозгашт заҳролуд мешаванд.”

Муаллифони пажӯҳиши Итиҳоди Аврупо ба он ҳам ишора кардаанд, ки солҳои охир дар ҷаҳон ҷаҳонгардии экологӣ низ густариш меёбад ва агар Тоҷикистон тавонад, кишоварзии органикии худро бо эко-туризм пайванд диҳад, ҳамзамон дар ду риштаи сердаромад муваффақ хоҳад гашт.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG