Пайвандҳои дастрасӣ

Бо вуҷуди он ки истифодаи меҳнати кӯдакон ва ҷалби онҳо ба корҳои саҳроӣ бо амри раиси ҷумҳури Тоҷикистон манъ шудааст, аммо имрӯзҳо даҳҳо наврасеро дар майдонҳои пахта дидан мумкин аст, ки машғули коранд.

Севара, ки ҳоло дар синфи 11-уми мактаби миёна таҳсил мекунад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ як ҳафта боз бо хоҳари калониаш дар қатори дигар аъзои хоҷагии деҳқонӣ “барои таъмини зиндагӣ” пахта мечинанд. Ба гуфтаи ӯ, рӯзе ки аз субҳ то шом кор мекунад, аз 90 то 110 кило пахта мечинад ва 45 - 50 сомонӣ ба даст меорад.

Севара мегӯяд, одатан баъд аз дарс ба саҳро барои пахтачинӣ меравад. Аммо рӯзе ки мо дар майдони пахта будем Севара ҳам аз субҳ дар дар онҷо машғули пахтачинӣ буд ва гуфт, имрӯз ба мактаб нарафтааст.

Севара ягона хонандаи мактаб нест, ки дар саҳро машғули кор аст. Танҳо дар чанд майдони пахта дар ноҳияи Ёвон, ки онҷо будем, даҳҳо наврасро машғули ҷамъоварии пахта дидем. Онҳо мегуфтанд, ки “пахтачинӣ кори мавсимист” ва онҳо “барои харидани сарулибос ва китобу дафтар” пахта мечинанд.

Масъулони хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки ба кишти пахта машғуланд, мегӯянд, онҳо ноболиғонро ба кор ҷалб намекунанд, аммо азбаски падару модар ва ё яке аз аъзои хонаводаҳояшон узви хоҷагии деҳқонианд, кӯдаконро барои кӯмак бо худ меоранд. Ҳамчунин бо сабаби дар муҳоҷират будани аъзои хоҷагӣ ба ҷои вай маъмулан узви дигари хонавода ва аксаран кӯдакон ба саҳро мераванд.

Дар Тоҷикистон, ки пахта яке аз маҳсулоти асосии содиротӣ ба ҳисоб меравад, истифодаи меҳнати кӯдакон дар ҷамъоварии он бо фармони алоҳидаи раисиҷумҳур ва вазорати маориф манъ шудааст. Барои ҷалби кӯдакон дар кори саҳро борҳо созмонҳои байналмилалӣ ҳам Тоҷикистонро интиқод кардаанд. Албатта, вазъ дар Тоҷикистон ба гунаи Узбакистон нест, ки ба далели истифодаи нирӯи кӯдакон дар саҳро чандин ширкати мӯътабари байналмилалӣ, бо шумули брендҳое, чун "Nike", "Marks and Spenser" ва "Adidas" ҳатто харидории пахтаашро таҳрим кардаву аз истифодаи нахи Узбакистон дар тавлиди либосҳои худ даст кашидаанд.

Аммо тавре ба назар мерасад, бори ҷамъоварии “тиллои сафед” дар Тоҷикистон низ то ҳол аз дӯши кӯдакон ба пуррагӣ гирифта нашудаааст.

Бо ин вуҷуд, масъулони ҳукумати ноҳияи Ёвон, ки мо дар чанд майдони пахтазори ин ноҳия шоҳиди пахтачинии наврасон будем, исрор меварзанд, ки кӯдакон иҷборан ба кори саҳро ҷалб нашудаанд, балки танҳо ба падару модари худ ёрӣ мерасонанд.

Усмон Ятимов, муовини сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Ёвон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар 12 480 гектар замини пахтазори ин ноҳия ҳамарӯза то 11 000 пахтачин машғули пахтачиниянд, аммо афзуд, “мо аз ҷалби хонандагон худдорӣ мекунем.” Ятимов бо вуҷуди он ки ҷалби хонандагон ба пахтачиниро дар вақти дарс тасдиқ накард, аммо гуфт, ”онҳо баъди дарс барои кумак ба падару модаронашон мераванд.” Касе дақиқ гуфта наметавонад, ки аз ин 11 000 пахтачин дар саҳроҳои Ёвон чанд нафараш хонандаи мактаб аст, аммо дар аксари майдонҳои пахта ҳадди ақал 1 ё 2 кӯдакро метавон дид.

Таҳлилгарон бар инанд, ки истифодаи меҳнати кӯдакон дар кори саҳро, ҳарчанд ба эътибори Тоҷикистон дар гузоришҳои байналмилалӣ таъсири манфӣ мегузорад, вале аз нигоҳи иқтисодӣ заиф будани хоҷагиҳои пахтакор ва билохира камранг шудани худи аҳамияти соҳаи пахтакорӣ ба ин ҳол оварда расондааст, ки дасти нозуки кӯдакон ҳамчунон дар кори вазнини саҳро олуда мешавад.

Нозим Эшонқулов, коршиноси масоили иқтисоди Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди он ки истеҳсоли пахта дар кишвар аҳамияти солҳои қаблиаш, хусусан дар қиёс бо солҳои Шӯравиро аз даст додааст, аммо бо сабаби заиф будани буҷаи аксари хоҷагиҳо ҷамъоварии пахта асосан бо даст ва бештар бо истифода аз нирӯи кӯдакон анҷом мешавад.

Мувофиқи маълумоти вазорати кишоварзии Тоҷикистон, соли ҷорӣ дар ин кишвар дар майдони беш 177,6 ҳазор гектар пахта кишт карда шуда, бояд тибқи нақша, 408 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG