Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 гектар замин ба деҳқонони Чин дар Қумсангир (ВИДЕО)


Ширкати кишоварзии «Синтсзян инхай»-и Чин аз қаламрави ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ҳудуди 100 гектар заминҳои кишоварзиро ба иҷора гирифтааст.

Намояндаи ширкати «Синтсзян инхай» Тзи Йи, ки дар Тоҷикистон ӯро бо номи Олег садо мекунанд, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ба тозагӣ аз ҳисоби заминҳои ҳукумати ноҳияи Қумсангир наздик ба 100 гектар заминро иҷора гирифтанд. Ба гуфтаи Олег ин заминҳо аксаран лалмӣ буда, солҳои охир дар онҳо қариб чизе кишт намешуд. Ба гуфтаи Олег, мақомот ин заминҳоро ба шарте дар ихтиёри чиноиҳо гузоштанд, ки аз он ҳосили хуб бирӯёнанд.

Ширкати «Синтсзян инхай», ба гуфтаи масъулонаш, се сол боз дар заминҳои обии ду ноҳияи вилояти Хатлони Тоҷикистон -- Ёвон ва ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ - ба кишти пахта, ҷуворимакка ва сабзавоти пешпазак дар гармхонаҳо машғул аст.

Дар ҳамин ҳол, Назаралӣ Абдурасулов, муовини раиси ноҳияи Қумсангир, ки арсаи кишоварзиро дар ноҳия назорат мекунад, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, воқеан намояндагони ширкати «Синтсзян инхай»-и Чин борҳо барои иҷора гирифтани замин ба мақомоти ин ноҳия муроҷиат кардаанд: «Онҳо чанд маротиба назди мо омада, хостори ба иҷора гирифтани заминҳои мавзеи Қарадум шуданд. Ин заминҳо бо ёрии насос обёрӣ мешавад. Аммо чун ин мавзеъ дар наздикии сарҳади Афғонистон аст, барои иҷора додани он ба ширкати хориҷӣ қарори махсуси ҳукумати кишвар зарур аст. Бино бар ин, ҳоло гуфтушунидҳо дар ин замина идома дорад.»
Ҷаноби Абдурасулов афзуд, ба чиноиҳо заминҳоеро аз дигар минтақаи Қумсангир, аз ҷумла 800 гектар дар минтақаи 7-ум пешниҳод карданд, аммо онҳо розӣ нашуданд: «Мо ҳамин заминро пешниҳод карда гуфтем, ки бигзор чиноиҳо аз дарёи Панҷ насос монда, ин заминро обёрӣ кунанд ва ба кишоварзӣ машғул шаванд. Аммо онҳо розӣ нашуданд. Ғайр аз ин чанд мавзеи дигарро нишон додем, нагирифтанд. Онҳо заминҳои муфтро мекобанд, хоҳиши маблағгузорӣ кардан надоранд.»

Муовини раиси Қумсангир мегӯяд, бархе аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Қумсангир ҳам аз ширкати «Синтсзян инхай»-и Чин тухмиҳои ҷуворимаккаи гибридӣ харидорӣ карда, ҳосили хуб ба даст овардаанд.

Ин навори видеоӣ аз як соли пеш дар бораи фаъолияти кишоварзони Чин дар заминҳои ноҳияи Ёвон аст:
Замин аз Тоҷикистон, кишоварз аз Чин
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

Тавсиаталабии Чин тавассути эъзоми деҳқонон?

Аммо ҷойи по ёфтани кишоварзони Чинро дар Тоҷикистон на ҳама хуш қабул мекунанд. Бисёриҳо аз тавсеаталабии ҳамсоякишвари бузургашон нигаронанд, ки мабодо ба таври абадӣ соҳиби заминҳои корами аҷдодиашон шавад. Зимнан таҷрибаи кишоварзии чиноиҳо дар бархе аз кишварҳои хориҷ нишон медиҳад, пас чанд соли киштукори онҳо ва рӯёндани ҳосилҳои рекордӣ заминҳо аз ҷумла ба далели истифодаи нуриҳои беш аз ҳадд корношоям шуда, то чанд соли дигар аз он хас намерӯяд. Ахиран «Росселхознадзор»-и Русия дар вилояти Свердловск фаъолияти кишоварзони иҷоракори чиноиро дар ин вилоят ба ҳамин далел қатъ кард, ки заминҳои киштро дар чанд сол дар натиҷаи истифодаи бераҳмонаи нуриҳои ҳатто барои олимони рус ношинос ба биёбон табдил додаанд.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Аммо дар Тоҷикистон то ба ҳол ниҳоде номгӯи химикатҳои истифодакардаи чиноиҳоро дар кишвар таҳқиқ накардаасту ҳамагон танҳо аз ҳосилҳои гӯшношуниди чиноиҳо ангушти ҳайрат мегазанд.

Вале Ваҳҳоб Воҳидов, собиқ вазири кишоварзии Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, ба ширкатҳои чиноӣ ба иҷора додани заминҳои Тоҷикистон ба сари худ таҷрибаи баде нест: «Дар солҳои Шӯравӣ низ мо ба ноҳияи Фархор кореягиҳоро барои кишти пиёз ҷалб карда будем. Онҳо ҳосили хуб мегирифтанд ва аҳолии маҳаллиро низ бо таҷрибаи пешқадами хеш ошно сохтанд. Муҳим он аст, ки дар Тоҷикистон бештар маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шавад, то нархи он зиёд гарон нашавад.»

1 миллион тонна картошка куҷо шуд?

Ахиран пас аз то 4 – 4,5 сомонӣ барои ҳар килояш гарон шудани нархи картошка дар кишвар матбуоти тоҷик вазири кишоварзӣ Роҳбари Қосимро ба боди танқид кашид, ки як миллион тонна ҳосили рекордии картошка, ки ӯ гузориш дода буд, куҷо шудааст, ки кишвар аз Покистон картошка меорад? Вазорати кишоварзӣ дар посух ба ин иддаоҳои матбуот гуфт, картошка ба Русия ва Қазоқистон экспорт шудааст ва иллати асосӣ он аст, ки кишвар марказҳои нигоҳдории сабзавотро надорад ва қарор аст, дар оянда 6 чунин анбор бисозанд.
Ҳоло себу ноки Чин, помидор ва картошкаи Покистон дар растаҳои бозорҳои Тоҷикистон ҷои маҳсулоти маҳаллиро танг кардааст. Ва он ҳам дар ҳоле ки дар солҳои Шӯравӣ Тоҷикистон худ як таъминкунандаи асосии бозори меваву сабзавот дар паҳнои бузурге аз кишварҳои ҳамсояи мо дар Осиёи Марказӣ то ба Уралу Сибир ва ҳатто Шарқи дури Русия ба шумор мерафт.

Ҳоло аз як сӯ, намуди зоҳирӣ ва аз ҷониби дигар нархи меваву сабзавоти воридотӣ аз меваю полезиҳои Тоҷикистон бартарӣ дорад. Коршиносон мегӯянд, як далели ин ироаи ёронаҳо аз сӯи давлатҳо ба кишоварзон ва нархи арзони нуриҳои минералист. Чизе ки дар Тоҷикистон дида намешавад.

Деҳқони тоҷик - бепуштибон, беҳимоят, бе...

Абдурасул Қурбонов, сармутахасиси раёсати сиёсати аграрӣ ва дастгирии бахши хусусии вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло давлати Тоҷикистон аз таҷрибаи ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок ба хоҷагиҳои деҳқонӣ даст кашидааст: «Дигар мисли солҳои қаблӣ бо дастури ҳукумат барои дастгирии кишоварзӣ маблағ ҷудо намешавад. Танҳо худи бонкҳои тиҷоратӣ бо дархости кишоварзон барои онҳо қарз медиҳанд. Яъне дар баробари ҳамаи дигар мизоҷонашон. Баъдан онҳо ба Бонки миллӣ гузориш медиҳанд, ки чӣ қадар ба бахши кишоварзӣ қарз дода шуд.»
Бархе аз коршиносон мегӯянд, маҳз набуди дастгири давлатии соҳаи кишоварзӣ боис шудааст, ки деҳқони тоҷик бо маҳсулоти кишвоварзии дигар давлатҳо, ки кам-кам бозори Тоҷикистонро ҳам «ғасб» мекунанд, рақобат карда наметавонад. Ваҳҳоб Воҳидов мегӯяд: «Дар вақташ як тона селитра, агар бо доллар гардонем, 150-160 доллар буд. Ҳоло нархи он - 700 доллар. Сӯзишвории дизелиро бинед, чӣ хел гарон аст! Тин меистод пештар! Деҳқонони мо ҳоло дигар танҳо аз ҳисоби зиёд кардани ҳосилнокӣ метавонанд бурд кунанд.»

Ҳоло дар Тоҷикистон ду ширкати кишоварзии Чин - «Синтсзян инхай» ва «Хай Лӣ» беш аз 600 гектарро дар се ноҳияи вилояти Хатлон - Ёвон, Ҷалолиддини Румӣ ва Хуросон ба муддати 49 сол иҷора гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG