Пайвандҳои дастрасӣ

Ба гуфтаи тоҷирон, 80 фоизи бозори гулфурӯшии Тоҷикистон аз ҳисоби воридоти гул аз Ҳинду Ҳолланду Чин таъмин мешавад. Гули тоҷикӣ дар ин бозор мисли тухми анқост.

Дар дӯконҳои гулфурӯшии Душанбе даҳҳо навъи гул, ҳатто аз Ҳинду Ҳолланд фурӯхта мешавад, аммо на сияҳгӯшу лолаи кӯҳистони Тоҷикистон. Як нигоҳи сарироҳӣ ба растаҳои гулфурӯшии Душанбе кофист, то бубинем, ки дар ин бозор имрӯз танҳо гулҳои Ҳинду Ҳолланд фурӯхта мешаванд ва аз ин сабаб нархи гулҳо болост. Ва он ҳам дар арафаи иди 8 март, ки нуқтаи авҷи фурӯши гулҳост.

Холмурод Наврӯзов, сокини 50-солаи Душанбе, ки рӯзи 5-уми март бо мо сӯҳбат мекард гуфт, ҳар сол дар зодрӯзи духтараш ба ӯ лолаҳоеро тақдим мекард, ки дар обу ҳавои Тоҷикистон шукуфтаанд. Имсол чунин лолаҳоро наёфт ва маҷбур шуд лолаи ҳолландӣ харад, ки ҳар донааш 12 сомонӣ нарх дошт. Вай мегӯяд, ду сол пеш як дастаи гулро ба 25 сомонӣ харида буд, акнун бояд 80 сомонӣ диҳад, зеро фурӯшандагон мегӯянд, ин лолаҳоро аз Ҳолланд овардаанд.

Ба ақидаи тоҷирони гул, ҳоло зиёда аз 80 дарсади бозори гули Тоҷикистон аз моли хориҷӣ иборат аст. Юнус Атахонов, гулфурӯши яке аз мағозаҳои воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ дар маркази шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, гулҳои тоҷикӣ танҳо пас аз хуб гарм шудани ҳаво ба бозор медароянд. Юнус дар бораи фарқи байни садбаргҳои тоҷикиву ҳиндию ҳолландӣ гуфт: «Садбарги ҳолландӣ ҳаҷман калонтар буда, аз Ҳинду Чин ҳаҷмашон хурд аст. Садбаргҳои тоҷикӣ ҳарчанд бӯи хуш дорад, аммо дар моҳҳои апрелу май ба савдо бароварда мешаванд. Садбари Ҳинд 10 сомонӣ, аз Чин 13 сомонӣ ва аз Ҳолланд 18 сомонӣ арзиш доранд. Гулҳои тоҷикӣ бошанд, боз арзонтар мешаванд.»

Ҳамчунин ба қавли Юнус, садбаргҳои ҳолландӣ арзиши гаронтар дошта бошанд ҳам, талабгорони зиёд низ дорад.

Дигар савдогарон низ инро тасдиқ мекунанд, ки ҳарчанд гулҳои тоҷикӣ аз гулҳои хариҷӣ дида бӯи хуш доранд, аммо гулҳои хориҷӣ бо технологияи замонавӣ парвариш карда мешаванд, шаклан хеле зебоянд ва харидори зиёдтар доранд.

Аммо тоҷири дигар -- холаи Мастона мегӯяд, худи тоҷирон низ чандон шавқманди ворид кардани гулҳои хориҷӣ нестанд, зеро онҳо танҳо ба қавле «намуд» доранду бас, вале азбаски гулпарварони тоҷик имкони таъмини бозор бо гулҳои ватаниро дар фасли сармо надоранд, онҳо маҷбуранд рӯ ба Ҳинду Ҳоллан биоранд. Ба қавли холаи Мастона, ки мегӯяд, 10 сол инҷониб гулфурӯшӣ мекунад, агар деҳқонони тоҷик барои парвариши гул шароити хуб медоштанд, бозори онҳоро асло гулҳои хориҷӣ танг намекард. Зеро гулҳои тоҷикӣ бӯи хосе доранд, ки дар гулҳои хориҷӣ вуҷуд надорад.

Аммо ин дар ҳолест, ки ба қавли масъулони вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар Тоҷикистон танҳо хоҷагиҳои деҳқонии хусусӣ ба парвариши гул машғуланд, ки рабте ба ин ниҳод надоранд. Дар ҳоли ҳозир, танҳо шаҳрдории Душанбе ниҳоде дорад, ки барои хиёбону кӯчаҳои пойтахт гул мепарварад.

Каримахон Бутаева, сокини деҳаи Гулпарвари ноҳияи Рӯдакӣ, ки 15 сол инҷониб ба парвариши гул, алалхусус садбарг машғул аст, гуфт, аз сабаби набудани шароити мусоид онҳо дар фасли сармо наметавонанд ба парвариши гул машғул шаванд. Вай меафзояд, тухми гулҳоро барои парвариш аз Фарғона оварда, бо гулҳои тоҷикӣ омехтааст, аммо имкон надорад, гулҳое парварад, ки бо гулҳои ҳолландӣ рақобат кунанд: «Агар мо шароити хуби парвариши гулро дошта бошем ва аз техникаи муосир истифода кунем, гулҳои худамон чандин маротиба хубтар аст аз гулҳое, ки аз хориҷ оварда мешаванд. Масалан, дар Тоҷикистон дар фасли сармо шароити парвариши гул нест. Зеро хароҷоти зиёд талаб мекунад. Гармхонаҳоро гарм нигоҳ доштан лозим аст, аммо мо аз набуди сӯзишворӣ танқисӣ мекашем.»

Хонум Бутаева мегӯяд, гулпарварӣ дар Тоҷикистон ба кӯмаки давлат ва сармоягузорон ниёз дорад, то дубора қомат рост кунад. Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле ки нархи садбаргҳои хориҷӣ аз 15 то 25 сомонист, истеҳсолкунандаи дохилӣ метавонад, садбаргҳои ҳамсангро бо нархи 5 сомонӣ ба бозор ворид кунад. Ин ҳам дар ҳолест ки ҳамагӣ наздики 15 хонаводаи гулпарвар дар атрофи шаҳри Душанбе метавонанд, рақобатро дар бозор бештар ва нархро камтар кунанд, аммо аз ҳеҷ имтиёз ё кӯмаки давлатӣ бархӯрдор нестанд.

https://www.youtube.com/watch?v=mRaCCqww9OM&feature=c4-overview&list=UUyTDJHSzuKZ2JZO41c5Do1A

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG