Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Говҳои зотӣ, фермаҳои валангор ва ҷаҳишҳои нархи гӯшт


Ҳар боре ки Тоҷикистон бо ҷаҳиши нархи гӯшт рӯбарӯ мешавад, ҳамроҳ бо талошҳои назорат ба бозор вазъи чорвопарварӣ низ ба мадди аввал мебарояд.

Талошҳои маъмурии коҳиши нархи гӯшт дар моҳи Рамазон, аз ҷониби коршиносон чораи муваққатӣ ва сунъӣ унвон мешаванд ва бисёриҳо бар инанд, ки то вазъи чорводорӣ дар кишвар тағйир накунад, ин ҳолат идома хоҳад ёфт. Аммо тасмими ахири Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ки гуфтааст, барои афзоиши гӯшту шир аз Беларус нутфаи говҳои зотиро ворид мекунад, як чораи дарозмуддат номида шуд.

Абдураҳмон Ҷобиров, сардори муассисаи зотпарварӣ ва бордоркунии сунъии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ин барнома метавонад ба истеҳсоли гӯшту шир ва дар ниҳояти амр ба нархи он таъсир кунад. Вай аз як таҷрибаи бобарори гузашта ёд мекунад: «Ду сол пеш аз Беларус нутфаи буққаҳои зоти сиёҳала ворид карда, дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва хусусӣ наслҳои хуб гирифтем ва ин иқдоми муваффақ ҳам буд. Агар нутфаҳои навбатиро аз Беларус ворид кунем, маҳсулнокии наслҳои нав нисбати модаронашон то 5-6 литр шир зиёдтар мешавад ва афзоиши вазни чорвои парворӣ дар як шабонарӯз 600-700 грамро ташкил хоҳад дод, дар ҳоле ки чорвои маҳаллӣ дар як шабонарӯз ҳамагӣ то 400 грам вазн мегирад.”

Зоҳиран, ҳадаф дуруст интихоб шудааст, ки бояд тавлиди гӯшту шир зиёд шавад, талаботро пӯшонад, он гоҳ нарх поин хоҳад омад. Дар ҳоли ҳозир, бино бар омори расмӣ, истеҳсоли гӯшт дар Тоҷикистон ҳамагӣ 55 дарсади талаботи аҳолиро ва тавлиди шир 60 дарсади чунин ниёзро бароварда мекунад. Вале то куҷо зербинои мавҷуда бо ворид кардани нутфаи говҳои зотии белорусӣ метавонад ин шохисҳоро боло барад? Донандагони ришта бар инанд, ки тарҳи мазкур бе зиёд кардани шумораи фермаҳои замонавӣ натиҷаи назаррас нахоҳад дод.

Музаффар Миирзоев
Музаффар Миирзоев

Музаффар Мирзоев, сардори шӯъбаи чорвопарварӣ ва моҳипарварии Вазорати кишоварзӣ мегӯяд: «Соли 2012 ҳукумат барои зиёд кардани фермаҳои парворӣ ба хотири афзоиши тавлиди гӯшт қарор баровард. Ҳоло ин қарор дар ҳоли иҷрост ва дар солҳои наздик бояд то 80-85 дарсади аҳолӣ ба ин маҳсулот таъмин карда шавад».

Вазорати кишоварзӣ дар ҳоле тасмим дорад, ки насли ояндаи чорворо «хушзот» кунад, ки аз 511 фермаи парвариши чорвои калон 111-тояш, ки замоне то ҳазор сар гов доштанд, имрӯз ба гӯшаи вайрона табдил шудаву макони хазандагон гаштааст. Дар фермаҳои боқимонда аз 20 то 1000 сар чорво парвариш ёфта, Тоҷикистон ҷамъан наздики 160 ҳазор сар гов ва наздики 100 ҳазор сар гӯсфанду буз дорад. Саршумори мурғ дар кишвар 2 миллион дона ва асп 21000 сар аст.

Берун аз фермаҳо аҳолии деҳот низ ба парвариши чорво машғул аст, то ниёзҳои хонаводагии худро бароварда созад. Бо вуҷуди ин нархи гӯшт ҳамасола боло рафта зиёда, як килои он акнун ба 40 ва як литр шир ба 4 сомонӣ расидааст.

Яъқуб Афғонов, як сокини ноҳияи Ёвон, ки ба парвариши чорвои калон машғул аст, мегӯяд, барои як гови маҳаллӣ дар як шабонарӯз ҳудуди 20 сомонӣ сарф мекунад: «Барои таъмини як гов дар як шабонарӯз 2 дарза алаф ва 3 кило кунҷора сарф мекунем. Ҳоло як дарза алаф 4-6 сомонӣ ва нархи як кило кунҷора 3 сомонӣ аст. Албатта, дар фасли зимистон нархи хошок қиматтар мешавад. Аммо дар як шабонарӯз аз як гови маҳаллии ширдеҳ то 6 литр шир мегирем.»

Агар бо сарфи 20 сомонӣ дар як шабонарӯз хонаводаи Афғоновҳо 6 литр шир ба даст оранд, нархи як литр шир дар бозор ба ҳисоби миёна 3,5 сомонӣ аст ва аз 6 литр шир 21 сомонӣ маблағ ба даст меояд. Аз ин нигоҳ дида мешавад, ки сарфу харҷи як гов баробари он аст, ки аз маҳсулоти он маблағ ба даст меояд. Аммо агар роҳкироро ҳам ба назар гирем, хароҷот аз фоида бештар хоҳад шуд. Ба гуфтаи чорвопарварон танҳо онҳое аз фоидаи зиёд ба даст меоранд, ки ё чорвои зотӣ доранд ва ё қисме аз хӯроки чорпоёнашон бепул ба даст меояд.

Шир ҳанӯз ба мушкили бузург табдил наёфтааст, аммо гӯшт барои он гаронтару гаронтар мешавад, ки ба ғайр аз афзоиши харҷи парвариши мол миёнаравҳо ва қассобҳо аз он манфиат мебардоранд. Онҳо аз ҳар сар гов ё гӯсолае, ки забҳ мекунанд ва ба фурӯш мегузоранд, то 500 сомонӣ даромад мегиранд. Худи чорвопарвар аз фурӯши моли парвории худ фоидаи ночизе мегирад, ки ба густариши говхонааш мусоадат намекунад.

Ин ҳол низ ишора ба он мекунад, ки бе тақвияти фермаҳои ҷамъиятӣ ва хусусӣ тағйир додани вазъ номумкин аст. Ҷаноби Мирзоев мегӯяд, барои рост кардани қомати чорвопарвар захираҳои бузурги молӣ зарур аст. Аксари фермерҳо барои рушди кори худ аз бонкҳо бо баҳраҳои калон қарз гирифта, он қарзҳоро баргардонида натавонистаанд ва муфлис шудаанд. Тазодомез аст, ки бо вуҷуди нархи баланди маҳсулоти худ онҳо ба ин ҳол мерасанд. Сабабро худи чорводорон дар он мебинанд, ки роҳашон ба бозор боз нест ва фоидаи асосӣ ба тоҷирону миёнаравҳо мерасад. Онҳо таъсиси бозору қассобиҳои худро мехоҳанд, то занҷираи мобайнӣ аз байн равад ва даромади мегирифтаашон ба рушди бизнеси онҳо равона кардад.

Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, бо вуҷуди он ки тасмими ахири вазорат барои беҳтар кардани навъ ва зоти чорво қобили дастгирист, хоҷагиҳо ба сармоягузорӣ ва сабукиҳое аз тарафи давлат ниёз доранд. Аммо дар буҷаи давлатии Тоҷикистон барои ҳамаи ҷанбаъҳои соҳаи кишоварзӣ ҳамагӣ 51 миллион сомонӣ ҷудо мешавад, ки ба гуфтаи масъулони вазорат ҳамаи самтҳои кор, аз ҷумла фаъолияти Академияи кишоварзӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ҳам парваришу нигоҳубини чорвою растаниву зироатро дар бар мегирад.

Коршиноси ришта Далер Азизов, мегӯяд, то замоне, ки чорвопарварон аз дастгирии бевоситаи давлат бархӯрдор нашаванд, гумон аст, чизе дигар шавад. Ҳамон гуна ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон роиҷ аст, давлат бояд ба чорвопарварон ёронаҳои зиёд, вомҳои боимтиёз ва сабукиҳои боҷу андозро раво бинад. Зеро аҳолии кишвар солона ба 230 000 тонна гӯшт ниёз дорад ва то 150 000 тоннаи онро аз Эрону Русия ва кишварҳои дигар ворид мекунад. Ин ҳам дар ҳоле ки Тоҷикистон як кишвари аграрӣ ба шумор меравад ва саноати пешрафта надорад.

Наворе дар бораи вазъи говҳои лаҳистонӣ дар Тоҷикистон:

Говҳои бахтовар дар Ашт
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:21 0:00

XS
SM
MD
LG