Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷанҷоли як ҷавони аробакаш ва як донишҷӯ, ки бо куштор анҷом ёфт, мавзӯи нобаробарии иҷтимоиро дар маҳаллаи 65-уми ноҳияи Фирдавсии пойтахт доғ кардааст.

Волидони Сорбон Иброҳимови 24-сола мегӯянд, сабаби аслии марги писарашон ба эҳтимоли қавӣ ҳасудии ҷавони ҳамсоя ба зиндагиву имконияти писари онҳо будааст. Сорбон рӯзи 19-уми август дар пайи як баҳс бо Кароматулло Сафарови 32-сола, ки дар як бино ва як даромадгоҳ бо ӯ зиндагӣ мекард, аз чаҳор зарби корд ба қатл расидааст.

Дар пайи ин ҳодиса хонаводаи Кароматулло аз модари Сорбон узр пурсида, муваққатан аз бино кӯчидаанд.

Падару модари Сорбон мегӯянд, онҳо ҳамеша ба он талош мекарданд, ки фарзандонашон соҳибмаълумот ва аз ҳама имкониятҳо бархӯрдор бошанд. Дар шароите ки Кароматулло тамоми рӯзро бо аробакашӣ ва бо пули ночиз сипарӣ мекард, ҳамсояи як ошёна болотари ӯ Сорбон танҳо дар фикри таҳсил ва истироҳату варзиш буд. Волидони Сорбон ҳоло ҳадс мезананд, ки эҳтимол ҳамин нобаробарӣ ва имкониятҳои хуби писарашон боис ба марги ӯ шудааст.

Сорбон Иброҳимов дар соли чоруми факултаи дорусозии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекард ва чанд моҳи охир ба маршировкаи ҳарбӣ ҷалб шуда буд. Барно Маллабоева, модари Сорбон, мегӯяд, писараш ҳар рӯз аз машқ соати 11-и шаб ба хона бармегашт, аммо он рӯз дар пайи занги ҷавони ҳамсояаш соати 8 аз машқ баромад ва мавриди ҳамла қарор гирифтааст.

"Вақте ба назди хона мерасад, бо Кароматулло ва ҳамроҳони ӯ аввал дар назди бозорчаи маҳаллаи 65 "разбор" мекунанд ва баъдан ба паскӯчае омада, се нафар Сорбонро латту кӯб карда, як корд ба паси гардан ва чор корди дигар ба пушташ мезананд. Аз ин ҳодиса ҳама хабардор шудаанд, аммо ман не. Як кӯдак омада ба мо хабар дод, ки Сорбонро касе зада гурхестааст," - афзуд ӯ.

Кароматулло Сафарови 32-сола бо гумони қатли ҳамсояи худ боздошт шудааст. Кароматулло дар ҷое таҳсил накардааст ва баъди хизмат дар артиш дар бозори “Саховат” аробакашӣ мекард. Модари Сорбон мегӯяд, Кароматулло дар ҳолатҳои зарурӣ аз Сорбон пул мепурсидааст. Ба шуниди модар бори охир дар пайи чунин пулпурсӣ Сорбон ҳам гуфтааст, ӯ донишҷӯ аст ва наметавонад ҳар бор ба ӯ пул диҳад. Сорбон ба ӯ гӯё гуфтаст, ки “ту марди калонӣ, худат рафта кор кун”.

Дар пайи ин ҳодиса хонаводаи Кароматулло аз модари Сорбон узр пурсида муваққатан аз бино кӯчидаанд. Ҳоло аз Кароматулло дар ин бино фақат як ароба боқӣ мондааст. Гулнора Сафарова, модари Кароматулло дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, аз ин ҳодиса нигарон аст, чун Сорбонро мисли писараш дӯст медошт. Ин модар иддао дорад, ки писараш баъди хизмати ҳарбӣ ба бемории руҳӣ гирифтор шуда, гоҳ-гоҳ дар хона ҳам асабонияташ боло мешуд.

Лаҳзае аз суҳбати сарвинози Рӯҳуллоҳ бо волидони Сорбон

Лаҳзае аз суҳбати сарвинози Рӯҳуллоҳ бо волидони Сорбон

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Айниддин Исмоилов, падари Сорбон, додари Кароматулло ҳангоми бозпурсии пулис иқрор кардааст, ки бародараш як ҳафта пеш аз нақшаи куштори Сорбонро кашида буд. “Аммо додараш насиҳат кардааст, ки ин корро накунад, чунки Сорбон ҳамсояи онҳост. Шояд аз ин гап тамоми хонаводаашон медонистанд, вале як бор ба мо нагуфтанд,” - гуфт падари Сорбон.

Аз Вазорати корҳои дохилӣ гуфтанд, ин ҳодиса пас аз чанд лаҳзаи рух доданаш аз сӯи пулис сабт шуда, нисбат ба Кароматулло Сафаров бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст. Ин моддаи Кодекси ҷиноӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 8 то 15 соли маҳрумият аз озодиро дар назар дорад.

Бекорӣ, нобаробарии иҷтимоӣ, фишору ноумедӣ ба андешаи ҷомеашиносон яке аз омилҳои аслии ба кӯчаи ҷиноят ворид шудани ҷавонон ном бурда мешавад. Мақомоти тоҷик дар чанд соли охир аз афзоиши ҷинояткорӣ миёни ҷавонон нигаронӣ мекунанд.

Тоҷикистон аз кишварҳоест, ки бахши аслии аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд, вале аксаран ҷойи кори доимӣ надоранд. Наздик ба як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд ва бори оилаҳои худро мекашанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG