Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори бераҳмонаи навраси тоҷик дар Русия


Пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия хабар дод, ки як шаҳрванди 17-солаи Тоҷикистон шаби гузашта дар натиҷаи ҳамлаи як гурӯҳи наврасони маҳаллӣ кушта шудааст. Пулис мегӯяд, 4 гумонбар дар ин ҳамларо, ки аз 15 то 18 сол доранд, дастгир кардаанд.

Пулиси шаҳри Санкт-Петербург мегӯяд, як шаҳрванди 17-солаи Тоҷикистон шаби 2 ба 3 август ҳадафи ҳамлаи гурӯҳӣ қарор гирифта, бо зарби мачете, бита ва корд кушта шудааст. Нашрияҳои маҳаллӣ менависанд, ки ҷасади ин муҳоҷирро шаби гузашта дар назди як мағозаи шабонарӯзӣ дар кӯчаи Ленскаяи ноҳияи Красногвардейский пайдо кардаанд. Гуфта мешавад, ки ин навраси тоҷик дар наздикӣ, дар хиёбони Косигин ба сар мебурд ва қарибии соати 12 барои харид ба мағоза омадааст. Аммо дар назди мағоза байни ӯву як гурӯҳи наврасони маҳаллӣ муноқиша бармехезад ва онҳо навраси тоҷикро аз ноҳияи пушташ чанд корд зада, дастикам ду ангушти ӯро низ мебуранд.

Ин навраси ҳанӯз зиндаро ба бемористон бурдаанд, вале бо вуҷуди талошҳои табибон, ӯ дар рӯи кати ҷарроҳӣ даргузаштааст.

Пулиси Петербург мегӯяд, дар як муддати кӯтоҳ бо гумони даст доштан дар ин куштор се навраси аз 16 то 18-сола ва як духтари 15-соларо дастгир кардаанд. Ҳамаи онҳо дар ҳолати сархушӣ қарор доштаанд. Аз боздоштшудаҳо як мачете ва чанд битаву корд мусодира шудааст.

Дар консулгарии ифтихории Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 3 август ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин қазияро аз тариқи каналҳои расмии дипломатӣ таҳқиқ мекунанд.

Руслан Марк, кордори консулгарии Тоҷикистон дар Петербург гуфт, ҳанӯз аз сӯи мақомоти пулиси шаҳр дар бораи ҳалокати ин шаҳрванди тоҷик маълумоти расмие ба дасти онҳо нарасидааст: “Мо одатан чунин маълумотро аз ҷамъияти тоҷикон ё аз хешовандони нафари осебдида мегирем. То ҳол касе бо чунин маълумот ба мо муроҷиат накардааст. Мо ҳоло аз тариқи вазорати хориҷа ба мақомоти Русия дархости расмӣ хоҳем дод, то ҷузъиёти ин ҳодисаро ба мо хабар диҳанд ва шахсияти навраси тоҷики кушташударо ҳам ба мо маълум кунанд.”

Пулиси Петербург ҳанӯз шахсияти навраси кушташударо нашр накардааст.

Бино ба ҳисобҳо, дар шаҳри Петербургу вилояти Ленинград ва дигар минтақаҳои ҳавзаи шимолуғарбии Русия то 200 ҳазор аз муҳоҷирони тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо дар сохтмонҳо, идораҳои коммуналӣ ва дар бозорҳо кор мекунанд.

Ҷамъи муҳоҷирони кории тоҷикро дар Русия омори расмии худи Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор, вале омори ҷониби Русия тақрибан 870 ҳазор нафар баровард мекунанд. Ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои мухталиф, аз ҷумла бо марги иҷборӣ, чун ин навраси тоҷик дар Петербург, аз олам чашм мепӯшанд.

Дар нишасти ахири вазорати шуғли аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар ҳафтаи гузашта эълон шуд, ки дар нимаи аввали соли равон аз Русия тобути боз 436 зодаи Тоҷикистонро барои дафн ба Ватан овардаанд.

XS
SM
MD
LG