Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷузъиёти нави қатли сарбози пойгоҳи 201 дар Қӯрғонтеппа


Акси Аҳлиддин Машрабов

Акси Аҳлиддин Машрабов

Гумонбари аслӣ дар қатли як сарбози пойгоҳи 201-ум дар Қӯрғонтеппа гуфтааст, ки аввал низомиёни рус вайро латту кӯб карданд ва ӯ маҷбур шудааст, бо корд ба онҳо дарафтад. Занозанӣ ва қатли Алексей Буенкови чилсола шаби 30 ба 31 июл иттифоқ афтода буд.

Вакили дифои Аҳлиддин Машрабов, сокини 24-солаи Қӯрғонтеппа, ҷузъиёти занонзанӣ ва қатли як сарбози пойгоҳи ҳарбии Русия дар ин минтақаро ошкор кард. Ӯ рӯзи 19-уми август дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки моҷарои шаби 30 ба 31 июл дар Қӯрғонтеппа бо айби сарбозони рус оғоз шуда, нафари таҳти ҳимояташ баъди латту кӯб шудан ба онҳо бо корд дарафтодааст.

Акбарҷон Ҳасанов ҳамзамон гуфт, Аҳлиддин Машрабов дар бозпурсиҳо қисме аз иттиҳомотро ба гардан гирифтааст. “Қисман ба гуноҳаш иқрор кард. Вале гуфт, ки ҷанҷолро сарбозони рус оғоз кардаанд. Онҳо Аҳлиддинро латту кӯб кардаанд. Дар бадани ӯ осори зарбу лат ҳаст. Дар пойҳо, бинӣ ва тахтапушташ низ доғ дорад. Хулосаи ташхис дар дастамон ҳаст,” – гуфт ӯ.

Занозанӣ ва қатли як сарбози рус шаби 30 ба 31 июл, баъди як муноқиша дар тарабхонаи “Карина” дар назди бозори “Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Қӯрғонтеппа иттифоқ афтода буд. Масъулони тафтишот ва шоҳидон гуфтанд, ки миёни Аҳлиддин Машрабов ва сарбози 40-солаи рус Алексей Буенков назди ташноб, ки онҷо навбат меистоданд, моҷаро ва занозанӣ сурат гирифта ва бо қатли сарбози рус анҷом ёфт.

Алексей Буенков

Алексей Буенков

Дар оғоз мақомоти умури дохилии Қӯрғонтеппа алайҳи ин сокини шаҳр бар асоси моддаи 104-и Кодекси ҷиноӣ, яъне “куштор” парванда боз карда буданд. Рӯзи 19-уми август дар додситонии Қӯрғонтеппа ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар парвандаи Аҳлиддин Машрабов боз як моддаи дигар – “куштор ба воситаи яроқ” илова шудааст.

Кормандони тарабхонаи “Карина” дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфтанд, ки шаби 30 ба 31 июл сарбози рус бо дӯстону ҳамсараш, ки як русзабони ин шаҳр буд, барои тафреҳ ба дискоклуб рафта буд. Дар додситонии шаҳри Қӯрғонтеппа гуфтанд, Аҳлиддин Машрабов низ ҳамроҳи дӯстонаш Сафархон Халилов ва Абдулло Ҷалилов дар тарабхонаи "Ориён" ғизои шом хӯрда, сипас барои дилхушӣ ба "Карина" рафтаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, ду сарбози дигари рус, ки дар латту кӯби Аҳлиддин Машрабов даст доштаанд, ахиран ба бозпурсӣ даъват шудаанд.

Мақомоти интизомии Қӯрғонтеппа мегӯянд, Аҳлиддин Машрабов чанд сол дар Русия муҳоҷир буд ва онҷо низ доғи судӣ доштааст. Аммо Акбарҷон Ҳасанов, вакили дифои ӯ мегӯяд, ки зерҳимояаш дар Русия муртакиби ҷинояти сангин нашудааст ва бинобар ҳамин дар муддати кӯтоҳ озод шуда ба ватан баргаштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG