Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Украина тоҷики "узви ДИИШ"-ро иҷозаи вуруд надод


Фурудгоҳи байналмилалии Лвов.

Фурудгоҳи байналмилалии Лвов.

Кормандони Хадамоти марзбонии Украина як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки тариқи хатсайри Истанбул-Лвов вориди қаламрави он кишвар шуда буд, иҷозаи вуруд надоданд ва ӯро ба Туркия бозпас гардониданд. Ном ва ҳуввияти ин шахс то ба ҳол эълон нашудааст.

Хабаргузории "Интерфакс" рӯзи 5-уми август ба нақл аз Дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Украина хабар дод, ки ҳини тафтиши санадҳои мусофироне, ки аз Истанбул тариқи ҳавопаймо ба Лвов омаданд, бар асоси маълумоти Хадамоти амниятии Украина, ин шаҳрванди Тоҷикистон ба гумони ғолиб ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" мансуб буда ва аз ҷониби Тоҷикистон дар пайгард қарор доштааст.

Ба гуфтаи манбаъ, бар пояи далелҳо дар мавриди мансубияти шаҳрванди Тоҷикистон ба гурӯҳи "Давлати исломӣ", мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Украина тафтишоти иловагӣ анҷом дода ва ӯро ба Туркия баргардониданд.

Аз ин қабл Сергей Мелнук, раҳбари хадамоти марзбонии Украина дар минтақаи Лвов рӯзи 5 август дар сӯҳбат ба шабакаи телевизионии "Канал 5" гуфт, ки "ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки эҳтимол меравад узви гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" бошад, тариқи ҳавопаймо ба Украина расид". Вай афзуд, ки "ба ин шахс иҷозаи вуруд ба қаламрави Украина дода нашуд. Ҳоло вай интизори парвоз аст, то ба Туркия баргардонида шавад."

Манъи вуруди ин шаҳрванди Тоҷикистон ба қаламрави Украина барои ҳамкорӣ бо ДИИШ дар ҳолест, ки мақомоти марзбонии он кишвар дар авохири моҳи июни соли ҷорӣ ду шаҳрванди дигари Тоҷикистонро ба гумони узвият дар ин гурӯҳи тундрав дар фурудгоҳи шаҳри Харков боздошт карда буданд. Расонаҳои Украина рӯзи 25 июн хабар дода буданд, ки мақомоти интизомии он кишвар ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки аз Истанбули Туркия вориди қаламрави он кишвар шуданд, дар фурудгоҳи Харков боздошт карданд.

Ба навиштаи расонаҳои Украина, ин ду шаҳрванди Тоҷикистон пас аз боздошт дар фурудгоҳи шаҳри Харков, барои бозпурсӣ ба боздоштгоҳ интиқол дода шудаанд. "Украинская Правда" навишт ки "ин ду нафар барои фаъолият дар гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар пайгарди байналмилалӣ қарор доштаанд. Онҳо омӯзишҳои низомиро дар тамрингоҳҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ" аз худ намуда ва дар муноқишаҳои низомӣ дар қаламрави Сурия ширкат доштаанд."

Ба навиштаи расонаҳо, кормандони интизомии Украина аз ин афрод наворҳои таҳияи бомба ва маводи тарканда ва ҳамин тариқ роҳҳои истифода аз телефонҳои дастӣ барои таркишҳои канорироҳиро кашф кардаанд. Пойгоҳи хабарии "Vlasti.net" бо такя ба манобеи худ дар Хадамоти амнияти Украина навишт, ки "боздоштшудагон эътироф кардаанд, ки қасди роҳандозии инқилоби исломӣ дар Тоҷикистонро доштанд."

Хабари бозгардонидани ин шаҳрванди Тоҷикистон аз фурудгоҳи Лвови Украина ба Туркия ба гумони узвият дар гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик аз Пулиси байналмилал ё «Интерпол» хостаанд, даҳҳо шаҳрванди кишварро, ки гуфта мешавад, ба гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла «Давлати исломӣ» пайвастаанд, боздошт кунад.

Ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои бегона, аз ҷумла, дар Сурияву Ироқ ва Афғонистони ҳамсоя солҳои ахир як мояи ҷиддии нигаронии мақомоти Душанбе боқӣ мемонад. Ба иттилои расмӣ, беш аз 1000 нафар аз шаҳрвандони кишвар ба сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” пайвастаанд ва танҳо аз Сурияву Ироқ дар бораи ҳалокати ҳудуди 150 шаҳрванди Тоҷикистон гузоришҳо расидаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз гароиши шаҳрвандонаш ба гурӯҳҳои ифротгаро як силсила тадбирҳоеро рӯи даст гирифтааст. Аз ҷумла дар Кодекси ҷиноии ин кишвар банди вижаи “зархаридӣ” шомил карда шуд, ки барои ширкат дар ҷангҳо дар кишварҳои дигар то 12 соли зиндон ҷазо пешбинӣ мекунад.

Ҳамзамон барои он ҷанҷӯёни тоҷике, ки довталабона аз Сурияву Ироқ бармегарданд ва худро ба мақомот таслим мекунанд, афви гуноҳ пешниҳод шудаст. Соли гузашта беш аз 50 нафар аз ин пешниҳод истифода карда, аз Ховари Миёна ба Тоҷикистон баргаштанд.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ", ки қаламравҳои васеи Ироқу Сурияро ишғол кардааст, бо қатлу куштор ва бераҳмии хос ва бахусус сар буридани шаҳрвандони ғарбӣ ва ғайримусулмон ном баровард. Дар Тоҷикистон он ба ҳайси созмони террористӣ шинохта шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG