Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарси ҷиҳод дар мактабҳои вилояти Хайбар-Паштунхоҳ


Ҳукумати вилояти Хайбар-Паштунхоҳи Покистон мехоҳад мӯҳтавои китобҳои дарсӣ дар мактабҳои ин минтақаро дубора бозбинӣ кунад.

Китобҳои дарсие, ки барои даҳсолаҳо дар саросари Покистон истифода мешуд, тасаввури ғалат, нафрату хушунат ва таҳаммулнопазирии мазҳабиро ба хонандагон таълим медод ва ҳамингуна ба тавсиаи муноқишаҳои мазҳабӣ ва ифротгароии исломӣ мусоидат мекард.

Ба хотири ҷилавгирӣ аз сирояти тундгароии исломӣ ба насли оянда соли 2008 мақомоти расмӣ дар Вилояти Хайбар-Паштунхоҳи Покистон, ки парвардгоҳ ва ё ҷойи нашъунамои гурӯҳҳои ифротие ба мисли Толибон ба шумор меравад, тадбирҳоеро барои тағйири чунин китобҳои дарсӣ амалӣ кардаанд.

Дар Покистон барномаи ягонаи миллии таълимӣ вуҷуд надорад ва дар китобҳои дарсие, ки аз соли аввал то синфи 12 дар вилояти Хайбар-Паштунхоҳ истифода мешавад, солҳои ахир тағйироти зиёде сурат гирифтааст.

Аз ҷумла ояҳои қуръонӣ дар бораи ҷиҳод ва тасвирҳоеро, ки хушунату ҷангро инъикос мекард, аз он китобҳо бардоштанд. Фаслҳое, ки доир ба чеҳраҳои исломӣ ва ақоиди мазҳабӣ буд, бо фаслҳо дар бораи шоирону файласуфҳои минтақа ва матолиб дар бораи ҳуввияти паштунҳо иваз шудааст.

Аммо инак ҳамаи ин дастовардҳову тағйирот ба шарофати ҳукумати нав дар вилояти Хайбар Паштунхоҳи Покистон таҳти хатар қарор гирифтааст. Аъзои ин ҳукумати таҳти раҳбарии ҳизби Таҳрики инсофи чавгонбози маъруф Имрон Хон ва муттаҳидаш - Ҷамоати Исломӣ - гуфтаанд, ки мӯҳтавои ҷиҳодиро ба китобҳои дарсии Хайбар-Паштунхоҳ бармегардонанд.

Шоҳ Фармон, вазири иттилоот ва фарҳанги ин вилоят рӯзи 21 август дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳукумати минтақа “халову хатоҳои мавҷуд” дар китобҳои чопшуда дар давраи ҳукумати ҳизби Авоми миллӣ - як ҳизби тарафдори низоми дунявӣ дар Покистонро ислоҳ хоҳад кард. Ӯ аз ҷумла гуфт, “Ин чӣ гуна истиқлолу озодӣ ва арзишҳои исломӣ аст, ки мавъизаҳои исломӣ, ҷиҳод ва қаҳрамонҳои миллиро аз китобҳои дарсӣ бардоштанд?” Шоҳ Фармон аз ин ҳам фаротар рафт ва гуфт: “Ҷиҳод бахше аз дини мо аст ва мо аз тасмими худ даст нахоҳем кашид.”

Фазил Раҳим Мурувват, раиси собиқи Шӯрои китобҳои дарсӣ дар вилояти Хайбар- Паштунхоҳи Покистон ва ҳоло устоди донишгоҳи Исломобод аз қарори ҳукумати нави вилоят интиқод кард ва гуфт, ки ин кори онҳо ба густариши ифротгароии динӣ ва олуда шудани мағзи бачаҳо мусоидат хоҳад кард: “Табъан, ки ин кор таъсир хоҳад гузошт. Дар ҳоли ҳозир, шӯришҳо ва ҷанг дар манотиқи қабиланишин ва тамоми манотиқи Покистон ҷараён дорад. Мӯҳтавои пур аз нафрат ҳамин акнун дар аксари китобҳо ҳаст. Ҳукумати Покистон дар ҷараёни ҷиҳод дар Афғонистон дар солҳои 80 бо ворид кардани ҷиҳод ба китобҳои таълимӣ, хушунату тундгароиро ривоҷ дод, ки ҳоло онро мебинем. Аз ин рӯ, агар касе дубора мехоҳад, чунин мӯҳтаворо дохили китобҳо кунад, хушунату ифротгароии исломиро ривоҷ хоҳад дод. “


Дар гузашта низоми таълим дар Покистон аз тарафи ҳукумати марказӣ таъйин мешуд ва ҳукумати вилоятҳо ҳаққу салоҳияти зиёде барои барномарезӣ ва ислоҳу тағйири низоми таълимӣ надоштанд. Аммо соли 2011 Шӯрои нашри китобҳои дарсӣ дар вилояти Хайбар-Паштунхоҳ бо истифода аз ислоҳот дар Қонуни асосии Покистон тағйиротеро дар низоми таҳсилоти олӣ ворид кард.

Раҳим Мурувват мегӯяд, бар асоси ислоҳоте, ки соли 2006 онҳо пеш гирифтанд, кумитаи махсус ҳаргуна мӯҳтавои тарғибкунандаи ҷангу хушунатро аз китобҳо бардошт ва ба ҷойи онҳо дарсҳои сулҳу оштиро ворид кард: “Шиори ман сулҳ буд. Масалан, дар муқова ваё пушти китоб шиори “Сулҳ мехоҳем!”-ро чоп карда будам. Мо саъй кардем, мӯҳтавои нафрату фирқагароиро ба ҳадди камтарин барем. Мо ба ҷойи қаҳрамонҳои араб қаҳрамонҳои паштунҳо ва фарҳанги худиро муаррифӣ кардем.”

Аммо ин чизҳо ба ҳукумати нави вилояти Хайбар Паштунхоҳи Покистон хуш наомадааст ва акнун мехоҳад, он ҳамаро тағйир диҳад.
XS
SM
MD
LG