Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон. Чӣ гуна як мактабхон даст ба худкушӣ зад?


Толибилмони яке аз мактабҳо дар манотиқи қабиланишини Покистон.

Толибилмони яке аз мактабҳо дар манотиқи қабиланишини Покистон.

Комрон Хон, як навраси 13-солаи покистонӣ, худро барои он оташ зад, ки қудрати харидани либоси нави мактабиро надошт.

Комрон рӯзи 30-юми март дар бемористон аз олам даргузашт – ба гуфтаи табибон 65 дар сади баданаш сӯхта ва илоҷе барои наҷоти ӯ боқӣ намонда буд.

Ин навраси покистонӣ дар шаҳри Шабқадар, воқеъ дар шимолу ғарби Пешовар - маркази вилояти Хайбар Пахтунхва мезист, ки солҳои ахир бар асари даргириҳои миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ифротгаро дар минтақа дар вазъи сангину риққатбор қарор дорад.

Сатҳи бекорӣ дар Шабқадар баъди он афзоиш ёфт, ки паноҳандагони зиёде аз минтақаи даргириҳо – атрофи Мӯҳманд фирор карда муқими шаҳр шуданд. Ҳамзамон сатҳи нодорӣ ҳам боло рафт ва ҳоло бештари хонаводаҳои камбизоат тавони пардохти маблағи таҳсили кӯдаконро надоранд.

Эъҷоз Гул, падари Комрон Хон, чаҳор моҳ пеш аз хешовандашон маблағе дарёфт карда ба Арабистони саудӣ рафт. Ӯ хост, ки раводиди худ барои умра ё зиёрати Хонаи Худо ба Маккаро барои зисту кори ғайриқонунӣ дар он кишвар истифода кунад. Аммо ба ӯ билофосила ёфтани кору интиқоли маблағ ба пайвандонаш муяссар нашуд. Бо вуҷуди ин волидайн мутмаин буданд, ки Комрон ва бародари калонияш бояд ҳатман таҳсил кунанд, зеро фақат ба ин васила метавонанд хонаводаашонро аз банди фақр раҳо созанд.

Шокируллоҳ, мудири мактаби миёнаи Мӯҳманд, мегӯяд, ки Комрон аз толибилмони беҳтарин мактаб маҳсуб мешуд ва аз идомаи таҳсил даст кашидани ӯ барои омӯзгорон ғайриинтизор буд. Баъдан Шокируллоҳ шогирдашро дар шаҳр дар ҳоле вохӯрд, ки оҳанпораҳоро ҷамъ оварда мефурӯхт.

“Ӯ баъди хатми синфи чаҳор мактабро тарк намуд ва ба пайдо кардани оҳанпораҳо машғул шуд. Ман бо ӯ вохӯрдам ва хоҳиш кардам, ки ба мактаб баргардад. Комрон гуфт, ки ҳаққи таҳсилро пардохта наметавонад. Он вақт ман ба ӯ гуфтам, ки бидуни пардохти маблағе сари таҳсил баргардад”,-мегӯяд Шокируллоҳ.

Ва аммо ин пешниҳоди мудир барои ба синфхона баргаштани Комрон кофӣ набуд. Толибилмони мактабҳои хусусиву давлатии Покистон бояд ба мактаб бо либоси ягона ҳозир шаванд ва ҳамчунин китобҳоро бо пули худ харидорӣ кунанд. Комрон барои хариди либоси мактабӣ маблағ надошт ва бо либоси кӯҳнаву фарсуда мактаб рафтан намехост.

Салим Хон, бародари Комрон Хон

Салим Хон, бародари Комрон Хон

Ба гуфтаи Салим Хон, бародари Комрон, “модарам мехост, ки ӯ таҳсил кунад ва аммо ба талабҳои пайвастаи Комрон посух медод, ки барои либоси мактабӣ пул надорад”.

Оқибат модараш Шоҳонабибӣ аз илтиҷоҳои Комрон ба дод омада, ба рӯяш торсакие зад. Комрон таҳдид кард, ки агар барояш либоси мактабӣ нахаранд, ӯ даст ба худкӯшӣ мезанад. Ва худро оташ зад.

Марги Комрон аз он ҷиҳат ҳам риққатбор аст, ки дар арафаи пиёда сохтани як барномаи густурдаи ёрӣ ба толибилмони мактабҳои Покистон ба вуқӯъ пайваст. Ҳамин моҳ дар вилояти Хайбар-Пахтунхва бо сармоягузории Бритониё маъракае шурӯъ шуд, ки ба 80 ҳазор кӯдакон аз оилаҳои камбизоат имкони то соли 2015 дар мактаб таҳсил карданро фароҳам месозад. Барои татбиқи ин тарҳ 200 миллион фунт-стерлинг (муодили 320 миллион доллар) ҷудо шудааст, ки қарор аст барои пардохти ҳаққи таҳсили толибилмон, идрорпулии онҳо ва бунёди мактабҳои нав сарф шавад.

Ба иттилои расмӣ, дар манотиқи қабоилнишини Покистон фақат 17 дар сади аҳолӣ маълумоти миёна доранд.
XS
SM
MD
LG