Пайвандҳои дастрасӣ

Сувот - "водии фарҳанг" дар гарави тундравон


Намое аз Малоканд - маркази водии Сувот. Акс аз бойгонӣ.

Намое аз Малоканд - маркази водии Сувот. Акс аз бойгонӣ.

Барои бисёриҳо умед барои вилояти Хайбар Паштунхвои Покистон бо марги Шабона ба навмедӣ табдил ёфт.

Ин раққосаи ҷавонро соли 2009 Толибон ба қатл расонданд ва он дар сархати хабарҳои муҳими ҷаҳон қарор гирифт. Баъд аз он ҳунармандони ин вилоят ба умеди ҷои амн минтақаро тарк карданд. Бо вуҷуди ин бисёриҳо талош доранд эътибори ин минтақаро ба унвони маркази фарҳангӣ барқарор кунанд. Ин минтақа дорои фарҳанги ғанист. Рақси асп, чавгонбозӣ, куштӣ ва амсоли он дар ин минтақа аз гузаштаҳо ривоҷ дорад.

Мингора - маркази вулусволии Свот аст. Толибон Шабонаро дар ҳамин шаҳр бераҳмона ба қатл расонданд. Баъд аз як моҳи қатли Шабона дар ин вилоят, ки маркази ҳунари мусиқии мардумӣ ба шумор меравад, садои тир қалбҳоро ба ларза овард. Артиши Покистон барои аз реша барандохтани шӯришиён дар ин минтақа амалиёти густарда анҷом дод. Сипас дар соли 2010 селобҳои шадиди Фестивали фарҳангӣ дар водии Сувот. Акс аз бойгонӣ

Фестивали фарҳангӣ дар водии Сувот. Акс аз бойгонӣ

харобиовар деҳотро шуст ва молу дороӣ ва зироати сокинонро аз байн бурд. Агар ҷангу селобро ҳам сарфи назар кунем, сокинони ин минтақа чандон сарватманд набуданд ва молу сарвати зиёд ҳам надоштанд.

Ҷанг ва ба дунболи он селоб имкони зист дар ин минтақаро аз сокинон рабуд ва онҳо чорае дигар ба ҷуз аз тарки маҳаллоти зисти худ надоштанд. 2 миллион нафар ба ҷойҳои дигар кӯч бастанд.То ҳол пайёмадҳои ҷангу харобиҳои селоб дар вилояти Свот рафъ мешавад. “Майдони Сабз”, ки дар он ҷо Шабонаро ба қатл расонданд, акнун “Майдони Хунин” ном гирифтааст. Аксари овозхонон, духтарони раққоса ва соири ҳунармандони машҳури минтақа баъд аз ин куштор Свотро тарк карданд ва дигар барнагаштанд. Мумкин аст баъзеи онҳо дур аз зодгоҳ ҳунарҳои минтақаро таблиғ кунанд ва мехоҳанд аз дуриҳо дубора эътибори минтақаро ба унвони маркази фарҳангӣ барқарор созанд.

Хонум Пархо Хони 22- сола яке аз онҳост. Ҳоло вай дар шаҳри бандарии Карочӣ маркази хайётӣ боз кардааст ва дар он ҷо истеъдодҳои ҷавонро тарбия ва ҳунарҳои мардумии Свотро таблиғ мекунад. Вай дар он ҷо дар ҷойҳои пуродам осори ҳунари дастиро дар дуконҳо ба фурӯш мегузорад. Хонум Пархо мегӯяд, зардӯзони машҳур аз Пешовар зардӯзиҳои худро ба вай мефиристанд ва дар миёни онҳо зардӯзиҳои вилояти Хайбар-Паштунхво низ ҳаст: “Ман дар вазъияте нестам, ки дар Пешовар сармоягузорӣ кунам, чунки ман зардӯзиҳои худро аз он ҷо мегирам. Занон либосҳои ороишии дӯхтаи худро ба ман мефиристанд ва ман онҳоро ба намоиш гузоштаам”.

Ҳузури тундравҳо дар вилояти Хайбар Паштунхво ба фаъолиятҳои фарҳангиву ҳунарӣ осеби ҷиддӣ расондааст. Дар ин минтақа зиндагӣ зери назорати Толибон даромадааст. Ҳатто занон наметавонанд бидуни ҳамроҳии марди хонаводаи худ ба кӯча бароянд.

Насим Ахтар, яке дигар аз соҳибҳунарҳои минтақаи Свот мегӯяд, ки мехоҳад маркази хусусии худро боз кунад. Вай дар мактаб танҳо шаш синфро хондааст. Вале ҳунарманд аст ва бо ҳунари дасти худ падари беморашро нигоҳубин мекунад.

Ҳумоюнхон, хонандаи таронаҳои паштунӣ низ аз Хайбар Паштунхво дар байни ҷавонон машҳур аст ва вайро ахиран ба шабакаи мусиқии "Coke Studio"-и телевизиони Покистон даъват карданд. Вай таронаи машҳуреро бо номи “Тоза-тоза гулуна ровра” иҷро кард.

Ҳумоюнхон мегӯяд, ки мехоҳад бо таронаҳои самимии худ симои зодгоҳаш Свотро ба мардум муаррифӣ кунад. Вай аз Толибон интиқод кард, ки соли 2009 ба самбули сулҳи паштунҳо, яъне ба мақбараи суфӣ Раҳмон Бобо ҳамла бурданд ва онро хароб карданд.

Ба ҳамин минвол Толибон дар моҳи маи соли 2012 мақбараи Аҷмал Хаттакро низ мунфаҷир сохтанд. Ба гуфтаи Ҳумоюн, чунин табаҳкориҳо наметавонад мардуми Свотро аз фаъолиятҳои ҳунарӣ нигоҳ дорад ва онҳо бояд фарҳангу ҳунари бостонии худро нигоҳ доранд.
XS
SM
MD
LG