Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакони занҷирбанди мадрасаи Покистон


Кӯдакони занҷирбанди таҳхонаи мадрасае дар Карочии Покистон мегӯянд, ҳамеша гурусна буданд ва муаллимон онҳоро бо калтакҳои оҳанин мезаданд.

Хонаводаҳои камбағал фикр мекарданд, ки фарзандони онҳо дар мадрасае дар шимоли Карочӣ аз нашъмандӣ муолиҷа мешаванд ва ҳам таълими исломӣ мегиранд.

Аммо ин кӯдакон, ки хурдтарини онҳо 7-сола аст, мегӯянд, дар ин ҷо ба бадбахтию шиканҷа гирифтор буданд ва дар бандҳои занҷир ба сар бурда, аз сабақи исломӣ дида бештар латукӯб мегирифтанд.

Ҳорун, навраси 12-сола аз вилояти Хайбар ба Радиои Озодӣ гуфт, муфтиҳо дар ин мадраса чӣ будани раҳму шафқатро намедонанд. “Онҳо ба пойҳои ман занҷир бастан ва занҷирро қуфл заданд. Фақат ҳафтае як бор моро барои чанд дақиқа аз ин маҳбас берун мебароварданд. Он ҳам барои шустушӯ бо оби сард. Муаллимон моро бо катлакҳои оҳанӣ ва лулаҳои газ мезаданд. Ҳарчанд зора мекардем, ки “ҷаноби Муфтӣ, моро бубахшед”, таъсир надошт ва онҳо моро сахттар мезаданд.”

Мадраса ё зиндон?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00
Линки мустақим

Зайнулло, донишҷӯи 22-сола аз Кветта мегӯяд, он ҷо ҳуҷраҳои зиёде буд, ки ба як зиндони зеризаминӣ мемонд ва деворҳояш баланд буда, симхор доштанд. “Вақте волидони мо меомаданд, мо берун мебаромадем, аммо аз тарси латукӯбу шиканҷа наметавонистем, ба онҳо чизе бигӯем. Метарсидем, ки агар чизе мегуфтем, бештар латукӯб мешудем.”

Аммо кӯдаке ба модараш асли воқеияти ин мадрасаро гуфтааст ва шикояти ин модар сабаб шуд, ки полис рӯзи душанбеи 12-уми декабр ба ин ҷо рейд барпо кунад. Сардори полис, Эҳсонулло Мурувват мегӯяд, онҳо аз дидани ин зерхона ва кӯдаконе, ки дар шароити ҳайвонӣ ба сар мебурданд, сахт мутаассир шудаанд. Вай афзуд: “Он ҷо 54 кӯдаку навраси занҷирбандро ёфтем ва ҳам 14 нафаре, ки занҷирбанд набуданд. Мо як муллоро ҳабс кардем ва чаҳор нафари дигар фирор кардаанд. Худо хоҳад, мо ҳамаи онҳоро боздошт хоҳем кард."

Муллои боздоштшуда гуфтааст, бо дастури муфтӣ кӯдаконро занҷирбанд мекарданд, зеро ҳарос доштанд, ки онҳо бо ҳам даргир хоҳанд шуд. Вай афзуд, аксарияти шогирдони ин мадраса беморони нашъаманд, тарёкӣ ва майзада буда, муаллимон мехостанд, онҳоро аз ин гирифториҳо раҳо намоянд.

Падару модарон барои пазируфта шудани фарзанди худ ба ин мадраса 150 доллар дода, сипас ҳар мо 70-долларӣ мефиристодаанд.

Ниёз Муҳаммад, падари шогирди мадрасаи таҳхонаӣ Сайид Муҳаммад аз вилояти Хайбар мегӯяд, вай умедвор буд, ки муллоҳои ин мадраса ба ӯ кӯмак мекунанд, ки пеши роҳи саркашии писарашро бигирад ва одати тамокукашии кӯдакро аз байн барад. Вай афзуд: “Писари ман аз хона гум мешуд. Баъзан то шаш моҳ бенишон мегашт. Маҷбур мешудам, ягон касро ба ҷустуҷӯи ӯ фиристам. Вай чанд рӯз дар хона мемонд ва боз ғайб мезад. Ман худ беморам. Зардпарвин дорам. Писарам 15-сола аст. Вай тамоку мекашад. Ман аз полис мадад хостам, чизе карда натавонистанд, биноан ӯро ба ҳамин мадраса овардам.”

Падари дигар бо номи Таълам гуфт, панҷ писарашро ба ин ҷо овардааст ва аз вазъи онҳову шароити мадраса огоҳ буд ва бовар дошт, ки чунин муносибат хоҳад тавонист, ин наврасонро ба роҳи рост равона бикунад. Аммо бархе аз волидайни дигар гуфтаанд, намедонистанд, ки ин на мадраса, балки зиндон аст ва кӯдакон дар он латукӯб мешаванд.

Полис ҳама гуна рабти ин мадрасаро ба гурӯҳҳои ситезаҷӯ рад кардааст. Сардори полис гуфт, кӯдакон ҳоло зери назорати полисанд ва ба падару модаронашон супурда хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG