Пайвандҳои дастрасӣ

Ваъдаи "биҳишт" ва "72 ҳур" ба ҳар "шаҳид"-и ҷанги Сурия


Ҷангиёни "Давлати исломӣ" дар Раққаи Сурия

Ҷангиёни "Давлати исломӣ" дар Раққаи Сурия

Як ҷангии собиқи "Давлати исломӣ" мегӯяд, ин гурӯҳи ифротӣ ҷангиёнро аз саросари дунё асосан бо ваъдаи рафтан ба биҳишт дар сурати "шаҳодат" дар роҳи "ҷиҳод" ба ҷанги Сурия ҷалб мекунад.

“Шерко Умар” – номи мустаори як ҷанговари собиқи гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ст, ки таслим шудан ба нирӯҳои курд дар шимолушарқи Сурияро ба “ҷиҳод” ва эҳтимоли “нӯшидани ҷоми шаҳодат” бартарӣ дода, баъди бозгашташ аз ин “ҷиҳод” дар мусоҳибае бо сомонаи yourmiddleeast.com чӣ гуна пайвастанаш ба домани ин гурӯҳи ифротиро қисса кардааст.

“Шерко Умар” мегӯяд, дар моҳи октябри соли 2013 дар зодгоҳаш - Ҳалабҷо, шаҳре дар Курдистони Ироқ – барои набард алайҳи режими Башор Асад ба сафи “Артиши ҳуррияти Сурия” даъват шуда буд, вале вақте аз тариқи Туркия ба урдугоҳҳои ҷангиён дар Сурия расиданд, маълум шуд, ки ин урдугоҳи “Давлати исломӣ” будааст.

Ӯ мегӯяд, дар тамрингоҳ ба ҷангиёни оянда тарзи буридани сари мурдаҳоро низ ёд медиҳанд, вале ба фарқ аз сарусадоҳои роиҷ, на дар ҷасади инсонҳо, балки дар мисоли мурғу ҷонварҳои дигар. Худи “Шерко” ба ин далел ки сатҳи тахассусаш болотар буда ва бо васоили мухобиротие, чун васоили шунидани телефони душман кор мекард, дар инҷо асосан тарзи истифодаи туфанчаву силоҳҳои сабукро омӯхтааст.

Ин ҷангии собиқ мегӯяд, муносибати фармондеҳони “Давлати исломӣ” нисбат ба ҷангиёни оянда дар урдугоҳҳо “хеле хуб ва бо эҳтиром буд. Кас чунин эҳсос мекард, ки онҳоро чанд сол боз мешиносад.”

“Шерко Умар” мегӯяд, дар урдугоҳҳо “онҳо ба мо беҳтари хӯроку либосу силоҳҳоро медодланд ва мо як эҳсоси дӯстиву бародарӣ доштем. Дар асл мо ҳаққи тарки инҷоро доштем, вале мо алакай худро ҳамчун ҷангие медидем, ки ин муҳити бародарӣ ва пуршукӯҳ дар Сурияро пазируфтааст. Ба мо мегуфтанд, ки мо ба ҷаннат хоҳем рафт ва ин низ форам буд бароямон. Вале ҳатто аз ин ҳама ҳам агар бигзарем, ҳар як нафаре ки инҷо меомад, виҷдонаш азоб медод, ки инҳо барои мо пул сарф карданд, хӯроку либосу мошинамон медиҳанд ва ин қадар эҳтиромамон мекунанд, ки дигар тарки урдугоҳ ҳамчун хиёнат ба ин ҳама кори савоби ин мардум ба назар мерасид.”

Аз "секс барои ҷиҳод" то ваъдаи 72 ҳур

Ба гуфтаи ин ҷангии собиқи “Давлати исломӣ” ваъдаи биҳишт, аз ҷумла 72 ҳурри биҳиштӣ ба онҳое, ки дар роҳи “ҷиҳод” ҷон медиҳанд ва “ҷоми шаҳодат”-ро дар ҷангҳои зидди режими Башор Асад “нӯш” мекунанд, як меҳвари асосии даъвати мураббиёни ин гурӯҳи ифротӣ будааст: “Ба мо мегуфтанд, ки ҳамчун шаҳиди аъло дар биҳишт 72 ҳурро дар хидмати мо хоҳанд гузошт ва мо ҳамчун даҳҳо наздикони худро аз оташи дӯзах наҷот медиҳем. Ин ваъдаҳои таълимоти ҷиҳодии “Давлати исломӣ” бар пояи сураҳои китоби муқаддаси Қуръон ва ҳадисҳои паёмбари Ислом Муҳаммад(с) дар тафсири уламое, чун Ибни Маҷҳ, Ал-бухорӣ ва Ибни Касир ба мо талқин мешуд. Ба мо мегуфтанд, ки ҳамаи асирони зане, ки мусалмон нестанд, бояд ҳамсари мо шавад ва ин хостаи Худост. Дар ҷиҳоди исломӣ куштани зан ё кӯдак манъ аст ва онҳоро танҳо метавон асир гирифт. Алоқаи ҷинсӣ бо занони асир иҷозат дода мешуд. Шумо метавонистед занҳоро бихаред ё бифурӯшед, вале кӯдаконро бояд ҳамчун хидматгор ё муҷоҳидони оянда бояд ба воя бирасонед.”

Ба гуфтаи “Шерко Умар”, дар урдугоҳҳои “Давлати исломӣ” занҳои мусалмоне ҳам буданд, ки ихтиёран тану нафси худро ба ҷангиёни ин гурӯҳ мебахшиданд: “Инро “секс барои ҷиҳод” меномиданд ва ба ин гуна занҳо низ, тибқи таълимоти “Давлати исломӣ”, ваъдаи биҳишт дода мешуд. Аммо чунин занҳо бештар бо фармондеҳон буданд. Ман ягон ҷангии ҷиҳодии оддиро надидам, ки бо чунин занони мусалмон бошад."

Зимнан, дар моҳи майи соли равон мақомоти амниятии Қирғизистон хабар доданд, ки ду духтари қирғиз – Асали 24-сола ва Шоҳинури 17-соларо аз Сурия пас овардаанд. Ба бовари мақомоти амниятӣ, ин ду духтар дар Сурия ба ҷангиён "хидмат" мекарданд.

Дар посух ба ин суоли хабарнигор, ки магар ҳамаи ҷангиён ба ин ваъдаҳо эътиқод доштанд, “Шерко Умар” мегӯяд, “оқибати бовар накардан идар муҳите, ки сари одамонро мебуриданд, маълум буд. Дар ҳар сурат, аксари ҷангиёни ҷиҳодӣ ба ин эътиқод доштанд, вале ҷангиёни хориҷӣ чандон ба маънои сураҳои Қуръони маҷид сарфаҳм намерафтанд. Ман ҷангиёни хориҷии зиёдеро дидам, ки на ба далели ин ки онҳо, тавре фармондеҳони “Давлати исломӣ” ташвиқашон мекарданд, “мардони бузурганду Худованд онҳоро ба роҳи шаҳодат мехонад”, балки асосан ба далели ҷанговари начандон хубу соҳиби тахассус будану ба арабӣ ҳам ҳарф зада натавонистанашон ба сафи маргталабон фиристода мешуданд. Мағзи онҳоро бо ваъдаи ҳуррон дар биҳишту ҳаққи таҷовуз ба номуси занони дигар дар ин дунё мешустанд.”

Таърихчаи "Давлати исломӣ"

Абӯбакри Бағдодӣ, ки бовар меравад, "халифа"-и "Давлати исломӣ"-ст.

Абӯбакри Бағдодӣ, ки бовар меравад, "халифа"-и "Давлати исломӣ"-ст.

“Давлати исломӣ” як созмони ифротии мазҳабист, ки алайҳи ҳукуматҳои кунунии шиъагарои Сурияву Ироқ меҷангад ва қаламравҳои азимеро дар ин ду кишвари арабӣ тасарруф кардааст. Ин гурӯҳ , ки бино ба хабарҳо, дар аввали соли равон аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи Ал-Қоида ҷудо шуд, ақидаи тунди мазҳабии бештар мабнӣ бар равияҳои ифротии суннигарое, чун Салафияро дунбол мекунад ва бо қатли омми садҳо сарбози шиъаи асир дар Ироқу Сурия ва куштори низ дастаҷамъии шиъаҳову масеҳиҳо ва курдҳои тарафдори ҳукуматҳои кунунии ин ду кишвар ном баровардааст.

Баъди буридани гардани чанд гаравгон аз Амрикову Бритониё ва нашри навори қатли мудҳиши онҳо дар Интернет Амрикову муттаҳидинаш дар пайи ташкили эътилофи байналмилалие барои мубориза бо ин гурӯҳ шудаанд. Амрико чанд муддат аст, ки сангарҳои “Давлати исломӣ”-ро дар Ироқ бомбаборон мекард ва якҷо бо муттаҳидинаш пешмаргаҳои курд ва нирӯҳои Ироқро дар амри муқобила бо ҷангиёни ин гурӯҳи ифротӣ таъмини силоҳ мекунанд. Рӯзи 23 сентябр ҳавопаймоҳои ин эътилоф барои бори аввал ба сангарҳои “Давлати исломӣ” дар Сурия ҳам зарба заданд.

Бовар меравад, ки дар сафи ҷангиёни “Давлати исломӣ” то 15 000 ҷангии хориҷӣ низ ҳастанд. Тақрибан 100 нафари онҳо аз Амрико ва то 2 000 нафараш аз кишварҳои Аврупо будаанд.

Ҳамин тавр, дар бораи дар Сурияву Ироқ дар сафи нирӯҳои “Давлати исломӣ” ҷангидани беш аз 1000 нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ сӯҳбат мешавад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳафтаи гузашта дар як нишасти ҳизби ҳокими халқии демократиаш шумори ҷангиён аз Тоҷикистон танҳо дар Сурияро 190 нафар баршумурд ва гуфт, то имрӯз дар ҷангҳо дар ин кишвари арабии аз Тоҷикистон 4400 километр дур 30 тоҷик ҷон бохтаанд

Мақомоти умури дохилаи Исфара дар миёнаҳои моҳи сентябр як зани сокини ин ноҳияро бо 3 кӯдаки хурдсолаш аз роҳи сафар ба Сурия баргардондаанд. Гуфта мешавад, ки Насиба Фаттоева, сокини деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати Шаҳраки ноҳияи Исфара мехост ба назди шавҳараш - Абдуфаттоҳ Фаттоев, ки дар Сурия меҷангидааст, биравад., вале ӯро ҳангоми хориҷ шудан аз қаламрави Тоҷикистон, дар як гузаргоҳи марзии байни Исфараву Бодканд пас гардондаанд. . Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, танҳо аз рустои Чорқишлоқ ва деҳаҳои дигари ҷамоати Шаҳраки ноҳияи Исфара дар Сурия беш аз 20 нафар қарор доштаанд ва бархе аз ин минтақа ҳатто бо зану фарзандонашон ба он кишвар ба “ҷиҳод” рафтаанд.

Ин силоҳбадастон иддао доранд, ки аз Тоҷикистонанд ва дар Сурия меҷанганд

Ин силоҳбадастон иддао доранд, ки аз Тоҷикистонанд ва дар Сурия меҷанганд

Сӯҳбатҳои “Шерко Умар”, ҷангии собиқи “Давлати исломӣ” дар бораи муҳите, ки фармондеҳони ин гурӯҳи тундрав дар Сурия сохтаанд, таҳияи шароити серу пур дар урдугоҳҳои “Давлати исломӣ” ва ваъдаи “биҳишту 72 ҳурри биҳиштӣ” ба онҳое, ки “шаҳид” мешаванд, то ҷое ба ин суол, ки оё кадом ангезаҳое ҷавонмардони тоҷикро ба ин ҷанги хунин дар як кишвари барояшон бегона ва аз Ватани онҳо ин қадар дур тела медиҳад?, посух медиҳад. Аммо суоле ки боз ҳам бидуни посух мемонад, ин аст, ки оё метавон дар баҳои резондани хуну бадбахт кардани дигарон ва танҳо бо ҷангу қатл “шаҳиди аъло” шуду ба биҳишт рафт ва дар сӯҳбати 72 ҳурри биҳиштӣ нишаст? Суоле, ки ба ба эътирофи “Шерко Умар”, ҷавобашро танҳо Худо медонад, на “Давлати исломӣ”-ву фармондеҳонаш.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG