Пайвандҳои дастрасӣ

Обама: "Ҳар касе ба амрикоиҳо осеб расонад, ором намемонем"


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико

Раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст, ҳар касеро, ки зидди кишвараш тавтиа карда, ба мардуми Иёлоти Муттаҳида осеб мерасонад, ором нахоҳанд гузошт.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, гуфтааст, ҷанг алайҳи шӯришиёни “Давлати Исломӣ” дар Ироқу Сурия идома хоҳад ёфт ва ваъда додааст, дар ин роҳ ҳатто эътилофи бузургтаре ташкил мекунад. Оқои Обама изҳор доштааст, “як бори дигар бояд барои ҳама рӯшан кунем, ки ҳар касе алайҳи Амрико даст ба тавтеа бизанад ва ба амрикоиҳо осеб расонад, нахоҳем гузошт, фазои ороме дошта бошанд.”

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида илова кардааст, Амрико ифтихор мекунад, ки дӯш ба дӯши давлатҳои муттаҳид истодааст ва ин фақат ҷанги Амрико нест. Ба гузориши “Ройтерз”, барои Барак Обама иштироки панҷ кишвари арабӣ дар ҷанг алайҳи ифротиён дар Сурия як пирӯзии сиёсии ғайримунтазира ба ҳисоб меравад.

Вазорати дифои Амрико ё Пентагон бо пахши баёнияе изҳор дошт, ки амалиёти ҳавоии он кишвар ва муттаҳидонаш алайҳи гуруҳи “Давлати исломӣ” дар Сурия баъд аз зуҳри 22 сентябр оғоз шудааст. Димишқ мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида қаблан тавассути намояндаи доимии Сурия дар Созмони Милал иттилоъ дода буд, қасд дорад, мавзеъҳои “Давлати исломӣ” дар минтақаи Раққаро бомбаборон кунад.

Сухангӯи Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида ба расонаҳо гуфтааст, “метавонам таъйид кунам, ки нерӯҳои низомии Амкрио ва кишварҳои ҳампаймон бо истифода аз бобафкан, ҷангандаҳо ва мушакҳо дар ҳоли иҷрои амалиёт алайҳи “Давлати исломӣ” ҳастанд”. Вале ӯ ба далели он ки амалиёт ҷараён дорад, ҷузъиёти бештареро ироа накардааст.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз расонаҳо аз ҳузури кишварҳои арабӣ дар ин ҳамлаҳо хабар медиҳанд. Шабакаи хабарии “Фокс Нюз” аз қавли мақомҳои амрикоӣ, ки номашон фош нашудааст, гуфта, ки чанд кишвари арабӣ, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳаидаи Арабӣ, Баҳрайн ва Урдун дар ин амалиёт ҳузур доранд.

Амалиёти ҳавоии нерӯҳои Амрико алайҳи гуруҳи “Давлати исломӣ” як ҳафта боз дар Ироқ ҳам идома дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG