Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз дар Сурияву Ироқ меҷанганд, фардо - дар Ватани худ? (ИНФОГРАФИКА)


Ерлан Карин, таҳлилгари қазоқ

Ерлан Карин, таҳлилгари қазоқ

Таҳлилгари қазоқ, ки иллатҳои рафтани ҷавонон аз Осиёи Марказӣ ба Сурияро пажӯҳиш кардааст, мегӯяд, зодагони Узбакистону Тоҷикистон бештар дар ҷамоати “Собирӣ” ҷамъ омадаанд.

Ерлан Карин ва Сагиниш Ахантаева, ду таҳлилгари қазоқ, дар як пажӯҳиши мукаммал сабабҳои рафтани ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҷанги Сурияро таҳқиқ кардаанд. Онҳо мегӯянд, мумкин аст, рӯзе ин ҷавонон мили силоҳро ба тарафи Ватани худ бигардонанд. Дар бораи ин таҳқиқ сӯҳбате доштем бо Ерлан Карин.

Озодӣ: Шумо онҳоеро, ки ба Сурия мераванд, ба се гурӯҳ тақсим кардед: гаравгонони вазъ, фиребхӯрдаҳо ва “фанатик”-ҳо. Метавонед дар ин бора бештар бигӯед?

Ерлан Карин: “Мо афродеро, ки ба Сурияву Ироқ рафтаанд, ба се гурӯҳ тақсим кардем. Гурӯҳи аввал “гаравгонони вазъ” ҳастанд, ки дар зиндагӣ ба мушкили гуногун гирифтор шудаанд. Масалан, вазъи молии бад доштаанд, қонуншиканӣ карда, маҷбур будаанд, ки гурехта ба кишварҳои дигар раванд. Онҳо, масалан, ба Ховари Миёна, Туркия ва Аврупо рафта ва онҷо зери таъсири нерӯҳои гуногун афтодаву сипас ба Сурияву Ироқ рафтаанд. Гурӯҳи дувум, гурӯҳи “гумроҳон” аст. Ин гурӯҳи одамон афроди мазҳабӣ ҳастанд, ки фирефтаи ҳаргуна даъвату шиорҳо шудаанд, ки ба Сурияву Ироқ рафтан лозим аст, зеро онҳо кишварҳои муносиб барои мусулмонони ҳақиқӣ ҳастанд. Аммо вақте ба онҷо рафтаанд, дидаанд, ки вазъ тамоман дигар аст. Гурӯҳи саввумро мо шартан гурӯҳи “фанатикҳо” номидем. Дар ин гурӯҳ тарафдорони сарсупурдаи ҷараёнҳои гуногуни ифротӣ шомил шудаанд, ки ҳадафмандона барои ширкат ба ҷангҳо рафтаанд.”

Озодӣ: Афродеро, ки аз Тоҷикистон рафтаанд, ба кадом гурӯҳ шомил мекунед?

Ерлан Карин: “Дар робита ба Тоҷикистон, мо таҳлил кардем. Аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, саҳифаҳои Фейсбук ва Твиттери гурӯҳҳои тундравро таҳқиқ кардем. Дар онҷо тамоюлҳои маҳаллӣ дида мешавад, ки ин афрод аз ноҳияҳои муайяни Хатлон ва дигар вилоятҳо ҳастанд. Дар инҷо мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ нақш доранд ва як тамоюли дигар аст, ки аввалин касоне, ки рафтаанд, баъдан ҳамшаҳриву ошноҳо ва ҳамсолонашонро ба онҷо ҷалб кардаанд. Ин ҷанбаро низ мушоҳида кардем.“

Озодӣ: Як нуктаи ҷолиб дар таҳқиқи Шумо шакл гирифтани гурӯҳҳои этникии Осиёи Марказӣ дар миёни ифротгароён дар Сурия аст. Ин гурӯҳҳо бар асоси кадом меъёрҳо ба қавле “сарҷамъ “ мешаванд?

Ерлан Карин: “Ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ба Сурия мерафтанд, аввал ба созмони Давлати исломии Ироқ ва Шом, Ҷабҳат-ал-Нусра, Ҷаиш-ал-муҳоҷирин ва ғайра мепайвастанд. Аммо вақтҳои охир бино ба гузоришҳо ва ҳамчунин фаъолтар шудани ин гурӯҳҳо, мо мебинем, ки гурӯҳҳои алоҳидае аз ҳисоби ин ҷавонон ташкил мешаванд. Ҳарчанд дар идеологияи ҷиҳодии ифротгароён дар Сурияву Ироқ тақсимбандии ба аққалиятҳои миллӣ дида намешавад, вале бо вуҷуди ин баъзе аз ҷавонони хориҷӣ бар асоси қавму миллияташон дар гурӯҳҳои тундрав ҷамъ мешаванд. Масалан воҳидҳо аз ҳисоби зодагони як кишвар ташкил меёбанд. Дар гурӯҳи Ҷамоати Собирӣ ва гурӯҳи Имом ал-Бухорӣ, асосан доғистониҳо ва зодагони Узбакистону Тоҷикистон ҷамъ омадаанд. Ба назари мо, ин як тамоюли хатарнок аст, чунки дар онҷо гурӯҳ ташкил мекунанд ва сипас метавонанд ба ватанҳояшон баргарданд. Мисли онки дар марзи Покистону Афғонистон шуда буд. Масалан Ҳаракати Исломии Узбакистон ва Ҷамоати Ансоруллоҳ дар ҳамон минтақаҳо пайдо шуданд ва сипас ба кишварҳои минтақа сироят карданд ва дар кишварҳои минтақа фаъол шуданд. Аз ин рӯ чунин хатар вуҷуд дорад, ки ин гуна гурӯҳҳои қавмиро алайҳи ватанҳои худашон равона кунанд. Ин хатар вуҷуд дорад."


Озодӣ: Дар бораи теъдоди шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Сурия омори гуногун аст. Шумо дар ин замина ҳам таҳқиқ кардед? Метавон омори дақиқеро овард, ки масалан аз Тоҷикистон ва ё Қазоқистон чанд нафар дар он ҷангҳо ширкат мекунанд?

Ерлан Карин: “Оморҳо гуногун аст, мо омори манобеи зиёдеро таҳлил кардем, аз худи гурӯҳҳои тундраву аз хадамоти махсусро ҳам. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ омор дар бораи тундравонро кам шарҳ медиҳанд. Дар Қазоқистону Қирғизистон мегӯянд, дар Тоҷикистон ҳам андаке шарҳ медиҳанд, аммо аз хадамоти махсус ва ё дигар ниҳодҳои расмии Туркманистону Узбакистон ҳеҷ гуна иттилои расмӣ вуҷуд надорад. Иттилооти марказҳои пажӯҳишӣ, қабл аз ҳама марказҳои ғарбӣ вуҷуд дорад. Бар тибқи оморҳои сохторҳои расмӣ аз ҳар кадом кишвари Осиёи Марказӣ 100-150 нафар дар ҷангҳои Сурия ширкат мекунанд, вале таҳлилгарон мегуянд, теъдоди онҳо аз ин ҳам бештар аст.”

Озодӣ: Шумо маълум кардед, ки гурӯҳҳои тундрав аз кишварҳои Осиёи Марказиро кӣ сармоягузорӣ мекунад, чун дар баъзе аз видеоҳо онҳо то дандон мусаллаҳ ба назар мерасанд?

Ерлан Карин: “Мутаассифона, мо инро муайян карда наметавонем, вале видеову наворҳои зиёди онҳоро таҳлил кардем, ки вақтҳои ахир пайдо шуданд. Аз ҷумлаи видеоҳое, ки шаҳрвандони Қазоқистону Қирғизистону Тоҷикистон ва бахусус видеои Ҷамоати Собирӣ ва Имом ал-Бухорӣ, ки тайи як соли ахир нашр шуданд. Дида мешавад, ки хуб мусаллаҳу муҷаҳҳаз ҳастанд, вале ин видеоҳо метавонанд, тарғиботӣ бошанд ва либосу аслиҳаи хубро низ барои ҳамин интихоб карда бошанд. Мо ин наворҳоро бо видеоҳои тарғиботии гурӯҳҳои тундрави мустақар дар марзи Покистону Афғонистонро муқоиса кардем ва дар наворҳои тарғиботии гурӯҳҳои ин минтақа, чунин аслиҳаву либосро мо намебинем. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки гурӯҳҳои тундраве, ки дар Сурия ҳастанд, дар муқоиса ба созмонҳои ифротии марзи Афғонистону Покистон хуб сармоягузорӣ мешаванд. Яъне, ба ин гурӯҳҳо хуб пул медиҳанд ва каналҳои устувори таъмини онҳо вуҷуд дорад. “

Озодӣ: Дар ниҳоят, чӣ гуна ин ҷавононро ба сафи гурӯҳҳои тундрав ҷалб мекунанд ва инҳо роҳи дарозеро аз Осиёи Марказӣ тай карда ба Сурия мераванд?

Ерлан Карин: “Пеш аз ҳама аз тариқи Интернет. Мутаасифона, Интернет ба як майдони бузурги беназорат барои тарғиби ин гурӯҳҳо табдил шудааст. Агар дар гузашта вебсайтҳои алоҳидаи ифротгароён вуҷуд дошт ва тарафдорони онҳо аз ин вебсайтҳо хабар доштанд, вале ҳоло ҳазорҳо саҳифа дар шабакаҳои иҷтимоӣ вуҷуд дорад. Аз Фейсбуку Твиттер сар карда, то ба Мой Мир ва ВКонтактеву Одноклассники. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ зуд паҳн мешавад. Мо, барои мисол, як навори видеоии тундравони қазоқро дидем, ки дар муддати ду рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ паҳн шуд ва матбуот ҳам дар бораи он навишт. Яъне, таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳаст. Дувум ҷавононе, ки ба Сурияву Ироқ мераванд, на танҳо дар кишварҳои худ ба мисли Тоҷикистону Қазоқистону Қирғизистон зери идеологияи тундрав мемонанд, балки дар хориҷ низ. Мавридҳои зиёде буд, ки ҷавонони қазоқ дар Аврупо фирефтаи идеологияи тундравҳо шуда, бо хонаводаҳояшон ба Сурияву Ироқ рафтаанд. Шаҳрвандони зиёди Тоҷикистону Узбакистону Қирғизистон низ аввал барои муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта сипас аз онҷо ба Сурия рафтаанд. Аз ин рӯ мо бояд сабабҳои рафтани ҷавонони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Сурияву Ироқро на танҳо дар дохил, балки дар хориҷ ва муҳитҳое ҷустуҷӯ кунем, ки дар онҷо таҳти таъсири гурӯҳҳои ифротӣ мемонанд.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG