Пайвандҳои дастрасӣ

Аз Сурия то интихобот. Ҳушдорҳои Э. Раҳмон ба ҳизби ҳоким (ВИДЕО)


Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки то имрӯз танҳо дар ҷанги Сурия 30 шаҳрванди тоҷик ҷон бохтаанд.Ӯ мубориза бо равияҳои ифротиро як вазифаи муҳими ҳизби ҳокими халқии демократӣ унвон кардааст.

Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ҷилавгирӣ аз таъсири ақидаҳои тундгароии диниро дар кишвар яке аз самтҳои асосии фаъолиятҳои минбаъдаи худ меномад.

Наздик ба 200 шаҳрванди Тоҷикистон дар Сурия ва Ироқ меҷанганд ва то ҳол 30 нафари онҳо кушта шудаанд. Бо зикри ин омор раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 сентябр дар як ҷаласаи ғайринавбатии фаъолони ҲХДТ дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе аз афзоиши таҳдиди созмонҳои террористӣ ба ояндаи кишвар ҳушдор дод ва ҳифзи зеҳну дили ҷавононро аз таъсири ақида ва аъмоли ифротгароёна яке аз вазифаҳои аъзои ҳизби худ номид. Ҷаноби Раҳмон аз аъзои ин ҳизб хост, ки ҳамчун "пешбарандагони сиёсатҳои ҳукумат" фаъолияти худро дар ҷомеа тақвият бахшанд.

Усмон Солеҳ, сухангӯи ҳизби ҳоким дар шарҳи ин изҳорот ба Радиои Озодӣ гуфт, раисҷумҳур бештар таваҷҷӯҳи ҳамҳизбонашонро ба таҳаввулоти минтақаву ҷаҳон ҷалб карда, гуфт, ки ҲХДТ бояд аз онҳо қафо намонад, бахусус дар амри мубориза бо созмонҳои террористӣ: “Раиси ҳизб ба гароиши ҷавонони Тоҷикистон ба аҳзобу созмонҳои мамнуъ ва ғайриқонунӣ таъкиди махсус кард. Инро ҳам махсус таъкид кард, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҲХДТ ҷилавгирӣ аз ҳамин гуна равия ва тамоюлҳост. Ин вазифаи асосӣ аст, зеро идеологияи ҳукуматро дар миёни мардум маҳз ҳизби халқии демократии Тоҷикистон паҳн мекунад.”

Ҳушдори раҳбари Тоҷикистон аз афзоиши хатари гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар Осиёи Марказӣ дар ҳафтаи гузашта дар Душанбе дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай низ садо дода буд. Аз ҳамаи кишварҳои минтақа шумори муайяни ҷавонон дар сафи “Давлати исломӣ” меҷанганд ва ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ аз бозгашти онҳо ба ватан ҳарос доранд.

Дар ҳамоиши сарони кишварҳои Шанхай раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов низ бо ишора ба ин хатар ҳушдор дода буд, ки Афғонистон метавонад ба Ироқи дувум табдил шавад. Аммо дар айни ҳол далелҳое дар даст нест, ки ситезаҷӯёни Афғонистону Покистон бо пайкорҷӯёни “Давлати исломӣ” пайвандҳои низомӣ ва экмолотӣ доранд ё на? Ҳарчанд ҳамаи онҳо аз лиҳози идеологӣ ҳадафҳои ҳамсонро дунбол мекунанд.

Қаблан мақомоти амниятии Тоҷикистон ҳушдор дода буданд, ки тамаркузи бештари созмонҳои террористӣ, назири Ҳаракати исломии Узбакистон, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Ҷайши Муҳаммад” ва ғайра дар вилоятҳои Бадахшону Тахор ва Қундузи шимоли Афғонистон ба мушоҳида расидааст.

Ҳушдори Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши хатари созмонҳои террористӣ дар ҷамъи фаъолони ҳизби ҳоким ҳамчунин дар ҳолест, ки моҳи феврали соли 2015 дар Тоҷикистон интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад. Дар рӯзномаи ин ҷаласа фаъолияти ҳизб аз интихоботи қаблӣ дар соли 2010 то ба имрӯз низ баррасӣ шуда, санаи баргузории анҷумани 12-уми ҲХДТ ба 13 декабр таъин шуд. Ҳизби ҳоким тасмим гирифт, ки аз ҳар 203 узваш 1 нафар ва дар маҷмӯъ беш аз 1200 нафарро ба ин анҷуман вакил кунад. Бино ба иттилои расмӣ, ҲХДТ ҳудуди 250 ҳазор узв дорад.

ҲХДТ дар ҳоли ҳозир 55 курсӣ аз 63 курсии маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон ва ба истиснои чанд мансаби ангуштшуморе, ки ба ҳизбҳои ҳамрадифаш, мисли ҳизби аграрӣ ё ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ “лутф” кардааст, қариб тамоми вазифаҳои муҳим дар ҳукумати марказӣ ва шаҳру вилоятҳои Тоҷикистонро дар даст дорад.

Эмомалӣ Раҳмон аммо дар нишасти рӯзи 18 сентябр аз заъфи кори ҳамҳизбонаш интиқод карда, дастур додааст, ки дар интихоботи оянда аз усулҳои нав, назири таблиғоти “кӯча ба кӯча” ва “хона ба хона” истифода кунанд.

Аммо коршиносон мегӯянд, неруи ҳизби халқии демократӣ на дар дохили ҳизб ё барномаҳои он, балки дар захираҳои маъмурист, ки бидуни ягон баҳс, натиҷаҳои интихоботро ба нафъаш анҷом медиҳанд. Ҳарчанд гумон аст, чунин пирӯзӣ маънии нуфуз дар зеҳну дили мардум ва махсусани ҷавононро дошта бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG