Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати Маъсум ба бомбаборони мавзеъҳои "Давлати исломӣ"


Дар минбар: Франсуа Ҳолланд, раисиҷумҳури Фаронса (рост) ва ҳамтои ироқияш Фуод Маъсум (чап)

Дар минбар: Франсуа Ҳолланд, раисиҷумҳури Фаронса (рост) ва ҳамтои ироқияш Фуод Маъсум (чап)

Дар ҳоле ки раисиҷумҳури Фаронса гуфт, созмони "Давлати исломӣ" қасди бунёди як кишварро дорад, раҳбари Ироқ хостори бомбаборони мавзеъҳои ин ҳаракати террористӣ шуд.

Дар як нишасти байналмилалӣ дар бораи мубориза алайҳи ҷангҷӯёни созмони "Давлати исломӣ", Фуод Маъсум -- раисиҷумҳури Ироқ хостори бомбаборони зуд ва мудавоми мавзеъҳои ин созмон шуд. Ӯ гуфт, дар сурати наандешидани чораҳои фаврӣ, мумкин аст, тундравони исломӣ қаламравҳои васеътарро ишғол карда ва ба хатари бузургтар табдил шаванд.

НИШАСТИ ПАРИЖ

Дар нишасти байналмилалӣ дар Порис, пойтахти Фаронса, ки 15 сентябр оғоз шуд, мақомоти баландпояи 26 кишвари ҷаҳон роҳҳои муборизаи муштарак бар зидди ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ"-ро баррасӣ мекунанд. Фуод Маъсум дар ин ҳамоиш гуфт, барои маҳви созмони Давлати Исломӣ, “иқдомоти фаврӣ ва радикалӣ” зарур аст ва афзуд, аъзои ин созмон, “авбошон”-е ҳастанд, ки бо ҳадафҳои мазҳабиву қавмӣ, наслкушӣ ва ҷиноятҳои ҷангӣ содир кардаанд.

ИЗҲОРОТИ ОЛЛАНД

Раиси ҷумҳури Ироқ инчунин аз кишварҳои ҷаҳон хост, барои гирифтани пеши роҳи кумакҳои молӣ ва ҷалби хориҷиён ба созмони Давлати Исломӣ ҳамкорӣ кунанд. Франсуа Ҳолланд, раисиҷумҳури Фаронса, гуфт, “ин ҳаракати террористӣ дар қаламрави Ироқу Сурия паҳн шудааст. Ин ҳаракати террористӣ марзҳоро нодида гирифта ва ният дорад, як кишвар бисозад. Ин як таҳдиди ҷаҳонӣ аст ва ҷаҳониён бояд якҷоя ба он посух диҳанд.”

БАЪДИ ХОВАРИ МИЁНА

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико

Нерӯҳои ҳавоии Фаронса аз рӯзи 15 сентябр парвозҳои иктишофӣ барои мусоидат ба ҳамлаҳои ҳавоӣ ба мавзеъҳои тундравонро шурӯъ карданд. Ҳавопаймоҳои Фаронса аз пойгоҳи Ал-Зафро дар Имороти Муттаҳидаи Араб ба Ироқ парвоз мекунанд ва барои ин кор иҷозаи ҳарду кишварро гирифтаанд.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, дар нишасти байналмилалӣ дар Порис ширкат мекунад. Ӯ баъд аз ҷамъбасти сафараш дар Ховари Миёна ба Фаронса омад ва дар онҷо ҳимояти 10 кишвари арабӣ барои ширкат дар амалиёти байналмилалӣ алайҳи ҷангҷӯёни "Давлати Исломӣ"-ро ба даст овард.

БОМБАБОРОН

Иёлоти Муттаҳида то кунун бо бомбаборони мавзеъҳои ҷангҷӯён ба ҳукумати Ироқ дар ҷанг бо тундравон кумак мекунад. Ҳавопаймоҳои Бритониё ҳам бо парвоз аз пойгоҳи низомии минтақавӣ дар Қибрис (Кипр) дар қаламрави Ироқ амалиёти иктишофӣ анҷом медиҳанд, аммо то кунун мавқеъҳои ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ"-ро бомбборон накардаанд. Танҳо Фаронса ошкоро гуфт, омодаи бомбаборони мавзеъҳои тундравон аст, аммо танҳо дар қаламрави Ироқ.

ЭЪТИЛОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, рӯзи 10 сентябр эълон кард, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамлаҳои ҳавоӣ алайҳи тундравони "Давлати исломӣ"-ро бештар карда ва онҳоро дар Сурия низ ҳадаф мегирад. Ӯ афзуд, кишвараш саъй мекунад, бо таъсиси як эътилофи байналмилалӣ дар ниҳоят созмони "Давлати исломӣ"-ро нобуд кунад. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, гуфт, кишвараш ҳамлаҳои ҳавоӣ дар қаламрави Сурияро бо нерӯҳои ин кишвар ҳамоҳанг намекунад. Рӯзи 14 сентябр як

Девид Ҳейнс, имдодгари бритониёӣ, ки аз сӯи аъзои Давлати Исломӣ сар бурида шуд

Девид Ҳейнс, имдодгари бритониёӣ, ки аз сӯи аъзои Давлати Исломӣ сар бурида шуд

мақоми вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида гуфт, чанде аз кишварҳои арабӣ изҳор доштанд, омодаанд, мавзеъҳои ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ"-ро дар Ироқу Сурия бомбаборон кунанд. Австралия низ гуфт, барои ширкат дар амалиёт 600 сарбоз ва 10 ҳавопаймои ҷангандаро сафарбар мекунад.

САРБУРИИ ДЕВИД

Пеш аз нишасти байналмилалӣ дар шаҳри Париж, ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ", видеои буридани сари Девид Ҳейнс, як маъмури имдодӣ аз Бритониёро намоиш доданд, ки ӯро соли 2013 дар Сурия рабуда буданд. Ин ҷангҷӯён, ки баъд аз моҳи июн қаламравҳои васеи Сурияву Ироқро ишғол карданд, бо ҳамин шеваи бераҳмона Ҷеймс Фолӣ ва Стивен Сотлофф, хабарнигорони амрикоиро куштанд. Тундравон гуфтаанд, агар Бритониё кумак ба сарбозони ироқӣ ва нерӯҳои пешмаргаи курдро бас накунад, як бритониёии дигарро, ки дар асорат доранд, мекушанд. Видеоҳои сарбурӣ хашми ҷомеаи байналмилалро барангехт ва кишварҳои бештари ҷаҳон аз азми ҳамкорӣ барои маҳви ин созмон хабар доданд.

НАЗАРИ ОЯТУЛЛОҲ ХОМАНАӢ

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон, суханони мақомоти Амрико дар бораи ташкили эътилофи байналмилалӣ бар зидди “Давлати исломӣ”-ро пуч хондааст. Ӯ гуфтааст, “ҳаракате, ки дар Ироқ анҷом шуд ва камари "давлати исломӣ"-ро шикаст, кори амрикоиҳо набуд, балки кори мардум, артиш ва нерӯҳои мардумии Ироқ буд”.

Торнамои расмии раҳбари Эрон менависад, оқои Хоманаӣ ин ҳарфҳоро субҳи душанбеи 15 сентябр, ҳангоми мураххас шуданаш аз бемористон, изҳор доштааст. Раҳбари Эрон афзудааст, “худи амрикоиҳо ва "Давлати исломӣ" низ ин воқеиятро медонанд”. Хабаргузории донишҷӯёни Эрон ҳам ба нақл аз Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ навиштааст, “ҳамон рӯзҳои аввале, ки масъалаи "Давлати исломӣ" ("Давлати исломӣ дар Ироқу Шом") дар Ироқ пеш омад, амрикоиҳо ба воситаи сафирашон дар Ироқ дархост карданд, ҳамкорӣ кунем. Ман мухолифат кардам, чун инҳо дасташон олуда аст.”

"ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ"

"Давлати исломӣ", ки аз баданаи бахши ироқии шабакаи террористии "Ал-Қоида" бархостааст, дар моҳҳои охир таҳти шиори таъсиси хилофати воҳиди исломӣ дар Сурияву Ироқ босуръат пешрафт кард ва дар ҳоли ҳозир, бахши аъзаме аз қаламравҳои ин ду кишвари арабиро ба даст овардааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳайати нерӯҳои "Давлати исломӣ" то 200 тоҷик низ меҷанганд. То имрӯз ҳалокати ба камияш 7 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷанги Сурия мушаххас шуда, ахиран хабаре расид, ки гӯиё ин гурӯҳи тундрав як ҷангии тоҷикро волии Риққа ном вилояте дар Сурия таъин кардааст. Дар нишасти рӯзи 12 сентябри сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай низ ба зарурати мубориза бо "Давлати исломӣ" таъкид шуд ва раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, "Давлати исломӣ" умумияте бо дини мубини Ислом надорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG