Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоди Ғарб алайҳи "Давлати исломӣ"


Қатли ваҳшиёнаи як бритониёӣ аз сӯи ҷангиёни "Давлати исломӣ" азми кишварҳои узви эътилофи байналмилалӣ барои набард алайҳи ин гурӯҳи ифротиро қавитар кардааст.

Кишварҳои Ғарб дар пайи нашри навори қатли мудҳиши як коргарди бритониёии созмони имдодӣ ваъда додаанд, ки маъракаи зидди ҷангиёни “Давлати исломӣ”-ро тақвият хоҳанд дод.

Ҷангиёни “Давлати исломӣ” рӯзи 13 сентябр навори видеоиеро бо номи “Паём ба муттаҳидони Амрико” нашр карданд, ки лаҳзаи буридани сари Девид Ҳейнсро намоиш медод. Ба гуфтаи ҷангиён, қатли ин бритониёӣ ба нишони интиқом аз иқдоми давлати Бритониёст, ки нирӯҳои пешмаргаи курдҳои Ироқро барои ҷанг алайҳи “Давлати исломӣ” дар шимоли Ироқ таъмини силоҳ мекунад.

Вазорати хориҷаи Бритониё рӯзи 14 сентябр гуфт, ин видео зоҳиран воқеъият дорад. Сарвазири Бритониё Девид Камерон қатли Ҳейнсро ҳамчун “як амали комилан шайтонӣ” маҳкум кард. Камерон рӯзи 14 сентябр дар ҷаласаи бахши изтирории ҳукуматаш бо ширкати раҳбарони аршади бахшҳои низомиву амниятии кишвар ваъда супурд, ки Бритониё барои шикори қотилони ӯ тамоми кореро, ки аз дасташ меояд, хоҳад кард. Як мавзӯи асосии ин ҷаласа баррасии даъватҳои афзоянда аз Бритониё барои пайвастан ба маъракаи муштараки ҳафтаи гузашта эълонкардаи раисиҷумҳури Амрико Барак Обама алайҳи ҷангиёни “Давлати исломӣ” буд.

Сарвазири Австралия Тони Эббот ҷангиёни “Давлати исломӣ”-ро “фирқаи марг” номид ва гуфт, кишвари ӯ ба ирсоли 600 сарбоз ва 10 ҳавопаймои низомӣ ба ҳайати эътилофи байналмилалии зидди “Давлати исломӣ” омодагӣ мегирад. Ин эътилоф дар ҳоли ҳозир Амрико, аксари кишварҳои узви паймони низомии НАТО ва 10 кишвари халиҷи Форсро муттаҳид мекунад.

Дафтари раёсатҷумҳурии Фаронса рӯзи 14 сентябр гуфт, қатли Девид Ҳейнс нишон дод, ки “чаро ҷомиаи байналмилалӣ бояд алайҳи “Давлати исломӣ” қад алам кунад?” Фаронса рӯзи 15 сентябр мизбони анҷмуне дар Порис аст, ки аъзои эътилофи зидди “Давлати исломӣ”-ро ба хотири баррасии нақши ҳар кишвари узв дар ин маърака ҷамъ меорад. Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керри низ ба хотири ташвиқи аъзои ин эътилоф ва ширкат дар анҷуман дар Порис қарор дорад.

Бино ба гузориши хабаргузории Associated Press, Туркия ба муттаҳидинаш дар НАТО гуфтааст, ки дар пушти саҳна хоҳад истод ва нафақат сарбозонашро барои ширкат дар амалиёти ҷангӣ намефиристад, балки ба НАТО истифодаи пойгоҳҳояш дар қаламрави Туркия ва ҳам истифодаи ҳарими ҳавоияш барои ҳамлаҳои ҳавоиро иҷозат намедиҳад. Мавқеи Туркия дар байни обу оташи мухолифаташ ба режими раисиҷумҳури Сурия Башор Асад, асорати даҳҳо шаҳрвандаш аз сӯи ҷангиёни “Давлати исломӣ” ва бемайлии Анкара ба тақвияти чирикиҳои курд барои ҷанг алайҳи “Давлати исломӣ” дармондааст.

Керри ва вазири дифои Амрико Чак Ҳагел ҳафтаи гузашта ҳарду ба Анкара сафар доштанд, то Туркияро баъди даст кашиданаш аз имзои як изҳороти муштарак бо кишварҳои халиҷи Форс, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро маҳкум ва ба набард алайҳи он даъват мекард, ба бознигарии нақшаш дар ин мавзӯи доғу муҳим мутақоид бисозанд.

Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар як баёния гуфт, Вошингтон бо Лондон ва эътилофи фарогири кишварҳо ба манзури ба масъулият кашондани қотилони Девид Ҳейнс ҳамкорӣ хоҳад кард.

Қотил, ки зоҳиран айни марди кушандаи ду хабарнигори амрикоӣ дар видеоҳои қаблии аз номи “Давлати исломӣ” нашршуда аст, дар ин видеои ахир мегӯяд, эътилофи Бритониё бо Амрико “тахриби шуморо метезонад” ва мардуми Бритониёро дар “ҷанги дигари хунин ва бидуни пирӯз” ғарқ хоҳад кард.

Лаҳзаи қатли Ҷеймс Фоли
Лаҳзаи қатли Ҷеймс Фоли

Ин навори ахир, ки аз сӯи “Давлати исломӣ” пахш шуд, мисли видеоҳои гузашта аст, ки буридани сари Ҷеймс Фолӣ ва Стив Сотлоф, ду хабарнигори амрикоиро, нишон медиҳад. Навори тоза бо тасвирҳое аз Девид Кемерон, нахуствазири Бритониё, оғоз мешавад, ки дар он ӯ дар мавриди ҳамкорӣ бо давлати Ироқ ва пешмаргаҳои курд дар мубориза алайҳи “Давлати исломӣ” сухан мегӯяд.

Девид Ҳейнс монанди хабарнигорони кушташудаи амрикоӣ дар либоси норинҷӣ тасвир ёфта, ба замин зону зада аст. Як узви “Давлати исломӣ”, ки чеҳраашро бо ниқоб пӯшонидааст, дар паҳлӯи ӯсту дар даст корд дорад. Марде ҳам хитоб ба Девид Кемерон мегӯяд, “ин бритониёӣ бояд баҳои ваъдаи туро барои мусаллаҳ кардани пешмаргаҳо бидиҳад!” Баъд аз он бурида шудани сари имдодгари бритониёӣ нишон дода мешавад.

Дар навор гаравгони дигаре низ дида мешавад ва марде, ки бар рӯяш ниқоб дорад, таҳдид мекунад, ки агар нахуствазири Бритониё ҳамчунон ба ҳимояти худ аз мубориза алайҳи “Давлати исломӣ” идома диҳад, сари ӯ низ бурида хоҳад шуд.

"Давлати исломӣ", ки аз баданаи бахши ироқии шабакаи террористии "Ал-Қоида" бархостааст, дар моҳҳои охир таҳти шиори таъсиси хилофати воҳиди исломӣ дар Сурияву Ироқ босуръат пешрафт кард ва дар ҳоли ҳозир, бахши аъзаме аз қаламравҳои ин ду кишвари арабиро ба даст овардааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳайати нирӯҳои "Давлати исломӣ" то 200 тоҷик низ меҷанганд. То имрӯз ҳалокати дастикам 7 шаҳрванди тоҷик дар ҷанги Сурия мушаххас шуда, ахиран хабаре расид, ки гӯё ин гурӯҳи тундрав як ҷангии тоҷикро волии Риққа ном вилояте дар Сурия таъин кардааст. Дар нишасти рӯзи 12 сентябри сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай низ ба зарурати мубориза бо "Давлати исломӣ" таъкид шуд ва раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, "Давлати исломӣ" умумияте бо Ислом надорад.

XS
SM
MD
LG