Пайвандҳои дастрасӣ

Бовари Керрӣ ба нақши Миср дар мубориза бо "Давлати исломӣ"


Ҷон Керрӣ, вазири умри хориҷии Амрико, изҳор намуд, ки Миср метавонад дар муқовимат бо гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар Ироқ ва Сурия нақши муҳим дошта бошад. Изҳороти ӯ рӯзи шанбе, 13 сентябр дар Қоҳира, дар нишасти хабарии муштарак бо Самеъ Шукрӣ, вазири умри хориҷии Миср садо дод. Ҷон Керрӣ, аз ҷумла, гуфт, ки "Миср чун кишвари дорои сармояи бузурги ақлонӣ ва фарҳангӣ дар олами мусалмонӣ метавонад дар ҷилавгирӣ аз пахши идеологияе, ки он созмон паҳн мекунад, саҳм дошта бошад".

Ҷон Керрӣ, ки ба хотири ташкили эътилофи байнулмилалӣ алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба Ховари Миёна ва шимоли Африқо сафар кардааст, рӯзи шанбе вориди Қоҳира шуд.

Аз ин пеш ӯ мавзӯъи муборизаи муштарак бо ин гурӯҳро бо раҳбарони Ироқ, Урдун, Арабистони Саъудӣ ва Туркия баҳсу баррасӣ кард. Ҷон Керрӣ дар Қоҳира бо раисиҷумҳури Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ва раҳбари Лигаи кишварҳои араб Нобил ал-Арабӣ мулоқот мекунад.

Барак Обама, раиси ҷумҳури ИМА, қаблан гуфта буд, кишвараш омода аст, созмони “Давлати Исломи”-ро, ки бахше аз қаламрави Ироқ ва Сурияро ишғол кардааст, заъиф ва баъдан торумор кунад. Ҷон Керрӣ рӯзи ҷумъа дар Анқара изҳор намуд, ки Амрико мехоҳад барои мубориза бо ин созмон як эътилофи бузурги ҷаҳониро ташкил кунад.

XS
SM
MD
LG